Баргузории маҳфилҳо дар кафедраҳои донишгоҳ
Дар назди ҳамаи кафедраҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вобаста ба ихтисос маҳфилҳои гуногуни илмиву адабӣ ва маърифатии доимоамалкунанда фаъолият доранд.
Бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷӣ бахшида соли нави чинӣ маҳфил бо номи «Ҳар рўз ба забони хитоӣ ҳарф мезанем» баргузор гардид.
Дар кори маҳфил директори Донишкадаи Конфутсияи назди Донишгоҳи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон, дотсент Валиева М.Н., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, дотсент Шарипов К.К., мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Бобоева П.Н., сармутахассиси шуъбаи тарбия, муаллими калон Шарипова Ш, ҷонишини декан оид тарбияи факултети сиёсатшиносӣ ва МБ, муаллими калон Мамадқулов Ҷ.А. устодон ва донишҷўён ширкат варзиданд.
Дар оғози чорабинӣ муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ Рустамзода З.Р. меҳмонон ва иштирочиёнро хайрамақдам гуфта, доир ба соли нави чинӣ ва анъанаҳои мардумӣ маълумоти муфассал дод. Мавсуф зикр намуд, ки ин ҷашн дар Хитой оғози сол ба ҳисоб меравад ва табиат бедор мешавад. Мардуми Хитой ин ҷашнро дар давраи оила бо оростани дастархони идона, мушакпарронӣ ва пўшидани либоси нав пешвоз мегиранд. Барномаи хуби фарҳангӣ, ки аз қироати шеърҳо, гуфторҳои Конфутсий, рақсу сурудхонӣ иборат буд, ба маҳфил ҳусни дигар зам кард.
Дар охири чорабинӣ дотсенти кафедраи забонҳои хориҷӣ, Ма Чи ба иштирокдорон омода намудани яке аз таомҳои солинавӣ – тушбераи хитоиро нишон дод.
Ҳамчунин, маҳфили илмии донишҷӯёни кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалӣ бо номи «Ҳуқуқшиноси байналмилалӣ» баргузор шуд.
Дар маҳфил намояндаи раёсати донишгоҳ Самадова З, мудири кафедраи мазкур Самадов Б.О. ва донишҷӯён иштирок карданд.
Дар маҳфили «Ҳуқуқшиноси байналмилалӣ» донишҷӯ Шукрона Каримова дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқӣ дар таъмини самтҳои рушди соҳибкорӣ дар асоси Паёми Пешвои миллат” ва Фирдавс Акбархонов таҳти унвони “Ташкилоти бонкӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи иқтисодӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.
Баргузории маҳфилҳои илмӣ дар дигар кафедраҳо идома меёбанд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа