Баргузории нишасти матбуотӣ дар ДДҲБСТ

06 феврали соли 2024 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нишасти матбуотии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳомид Ҳошимзода бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир шуд.
Нишасти матбуотӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардида, дар он намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд ва рӯзноманигорон аз расонаҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ширкат намуданд.
Нахуст, роҳбарияти донишгоҳ ҳамроҳи рӯзноманигорон аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардидаи таҳсил дар синфхонаву марказҳои омӯзишӣ ва лабораторияву Парки технологии донишгоҳ дидан карда, бо заминаҳои моддию техникии донишгоҳ аз наздик шинос гардиданд.
Ректори донишгоҳ аз фаъолияти самтҳои мухталифи донишгоҳ дар соли сипаригардида маълумот дода, иброз дошт, ки дар таърихи навини давлатдориамон, яъне зиёда аз 30 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи илму маорифи кишвар ҳамчун соҳаи калидӣ, захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эълон гардида, мақому манзалати шоиста касб намуд. Воқеан, даврони соҳибистиқлолӣ, ки марҳилаи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими сулҳу субот ва ноил шудан ба зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад, барои фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон илҳоми тоза бахшид.
Илова шуд, ки дар ин давра таҳким бахшидани заминаҳои моддию техникии раванди таълим ба ҷорӣ намудани ихтисосҳои наву замонавӣ мусоидат намуда, айни ҳол дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр аз рӯи 40 ихтисос, магистратура 12 ихтисос ва докторантура (PhD) 12 ихтисос таҳсил ба роҳ монда шудааст.
Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. иброз дошт, ки ба раванди таълиму тарбияи донишҷўён 303 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 18 нафар доктори илм, 141 нафар номзади илм ҷалб гардиданд. Давраи ҳисоботӣ 6 нафар мутахассисони соҳибунвон, аз ҷумла 1 нафар доктори илм ба кор қабул карда шуданд. Дар маҷмўъ, аз теъдоди умумии устодон 52,6% дорои дараҷаи илмӣ мебошанд.
Ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ машғулият дар 20 гурўҳи академӣ бо забони русӣ, 9 гурўҳи академӣ бо забони англисӣ гузаронида мешавад.
Дар мавриди дастоварди устодону донишҷӯён зикр шуд, ки дар соли 2023 барои дастоварди назаррас дар таълиму тарбияи ҷавонон аз ҳисоби устодони донишгоҳ 2 нафар бо мукофоти давлатии Ордени Шараф дараҷаи 2 ва унвони фахрии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 нафар бо Нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 20 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар бо Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти вилояти Суғд, 17 нафар бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва 75 нафар бо Ифтихорномаи донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Инчунин, донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпидаҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Бахусус, дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» Назира Ғаниева – асисстенти кафедраи забони русӣ сазовори ҷойи дуюм, дар давраи вилоятии озмуни мазкур донишҷӯён Шамсия Мадалиева сазовори ҷойи якум ва Моҳҷабин Ҳасанова сазори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи технологияи иттилоотӣ донишҷўи курси 4-ми ихтисоси технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт Манучеҳр Ҳайдаров сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар Озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд-2023”, донишҷўи курси 4-уми ихтисоси технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт Абдуҳафиз Шамсиев сазовори ҷойи дуюм, донишҷўи курси 3-юми ихтисоси WEB-дизайн ва гарафики компютерӣ Мирзошероз Рустамов сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар озмуни «Донишҷў ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2023» Моҳпарӣ Дарвешова-донишҷўи курси 4-ум ва Маҳфилоро Худоёрзода-донишҷўи курси 2-юми факултети сиёсатшиносӣ ва МБ сазовори дипломи дараҷаи 1, Самандар Нормуродов ва Сабрина Юсуфӣ – донишҷўёни курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, Элмира Ҳалимова-донишҷўи курси 2-юм ва Дилноза Таникулова-донишҷўи курси 3-юми факултети сиёсатшиносӣ ва МБ сазовори дипломи дараҷаи 3, Саидахон Қосимова – донишҷўи курси 3-юми факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ сазовори Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Пояи давлат намонад бе маориф устувор…” бахшида ба рушди таълими фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ-донишҷўи курси 3-юми ихтисоси молия ва қарз Темурмалик Худойбердиев аз фанни назарияи иқтисодӣ сазовори ҷойи 1-ум ва донишҷўи курси 1-уми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ Амирҷон Ашўров аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.
Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ аз фанни забони русӣ аз рўйи номинатсияи “Санъати суханварӣ”-донишҷўи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ Нозанин Умарова сазовори дипломи дараҷаи 1 гардид.
Айни ҳол теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ: стипендияи раиси вилояти Суғд-22 нафар, стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд-4 нафар, стипендияи раёсати донишгоҳ-42 нафарро ташкил медиҳад.
Соли ҳисоботӣ аз ҳисоби омӯзгорони донишгоҳ 1 нафар рисолаи докторӣ ва 21 нафар рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд.
Дар самти робитаҳои байналмилалӣ ректори донишгоҳ қайд намуд, ки дар муқоиса, миқдори созишномаҳо аз 86 адади соли 2022 ба 105 адад дар соли 2023 расонида шуд, ки нисбати соли гузашта 19 адад зиёд мебошад.
Раёсати донишгоҳ ҷиҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани донишҷўёни ниёзманд тадбирҳои амалӣ меандешад. Бахусус, 21 нафар донишҷўёни эҳтиёҷманд, ки дар шуъбаи рўзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод карда шуда, дар арафаи иду айём бо кўмаки яквақтаи пулӣ таъмин карда мешаванд. Инчунин ин донишҷўён имконият доранд аз ошхонаи донишгоҳ хӯрокҳои серғизоро дилхоҳ вақт, тариқи ройгон истеъмол намоянд.
Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бобати нақшаҳои минбаъда ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ сохтани таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ, назорати ҷиддӣ ва доимӣ дар самти донишазхудкунии донишҷўён, ҷалби ҷавонон ба китобхониву забономўзӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, тарбияи мутахассисон дар самти фанҳои таҷрибавӣ ва таҳқиқоти бунёдӣ, тарҳрезии дурнамои рушди илм ҷиҳати татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии кишвар, ҷорӣ намудани навоварию ихтироот дар истеҳсолот ва таҷрибаҳои инноватсионӣ, омўзонидани таърихи халқи тоҷик ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани маърифатнокӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии гаравиш ба расму ойинҳои бегона саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like