Баргузории маҷлиси ҷамъбастӣ дар ДДҲБСТ

Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани ҷаласаҳои ҷамъбастӣ дар муассисаҳои касбии олӣ имрӯз, 30-декабри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҷлиси ҷамъбастӣ доир шуд, ки дар он ректори донишгоҳ, муовинони ректор, роҳбарони сохтору шуъбаҳо, деканони факултету мудирони кафедраҳо ва кормандону устодони донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ, д.и.и., профессор Муъмин Шарифзода доир ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2023 маълумот дод. Иброз шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 январи 2023 ироа гардид, масъулини соҳаи илму маорифро вазифадор намуданд, ки ба таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Вобаста ба ин, ҷиҳати таъмини иҷрои вазифаҳои муҳиму мушаххасе, ки Ҳукумати мамлакат пешбинӣ менамояд, ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба хотири беш аз пеш беҳтар ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия тадбирҳои судманд меандешад.
Шарифзода М.М. илова кард, ки натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолият дар соли 2023, дастоварду комёбиҳо дар донишгоҳ маҳз аз дастгириву ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат нисбати соҳаи маориф, таваҷҷўҳу дастгирии ҳамешагии Вазорати маориф ва илми кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шаҳодат медиҳад.
Қайд гардид, ки соли 2023 барои дастоварди назаррас дар таълиму тарбияи ҷавонон аз ҳисоби устодони донишгоҳ 1нафар бо мукофоти давлатии Ордени Шараф дараҷаи 2 ва як нафар Медали барои Хизмати шоиста , 10 нафар бо Нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 20 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар бо Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти вилояти Суғд, 17 нафар бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва 75 нафар бо Ифтихорномаи донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд, ки боиси ифтихори аҳли донишгоҳ мебошад.
Давоми соли 2023 донишҷӯён донишгоҳ дар озмуну олимпидаҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ки боиси ифтихори ҳар яки мост.

Дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» Назира Ғаниева – асистенти кафедраи забони русӣ сазоври ҷойи дуюм, дар давраи вилоятии озмуни мазкур донишҷӯ Шамсия Мадалиева сазовори ҷойи якум ва Моҳҷабин Ҳасанова сазори ҷойи сеюм гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи технологияи иттилоотӣ Манучеҳр Ҳайдаров – донишҷўи курси 4-ми ихтисоси технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар Озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд-2023” Абдуҳафиз Шамсиев донишҷўи курси 4-уми ихтисоси технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт, сазовори ҷойи дуюм, Мирзошероз Рустамов -донишҷўи курси 3, ихтисоси веб—дизайн ва гарафики компютерӣ, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.Дар озмуни «Донишҷў ва пешрафти илмию техникӣ дар соли 2023» донишҷӯён Моҳпарӣ Дарвешова – донишҷўи курси 4-уми факултети сиёсатшиносӣ ва МБ ва Маҳфилоро Худоёрзода донишҷўи курси 2-юми факултети зикргардида сазовори дипломи дараҷаи 1, Самандар Нормуродов-донишҷўи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, Элмира Ҳалимова донишҷўи курси 2-юми факултети сиёсатшиносӣ ва МБ, Сабрина Юсуфӣ – донишҷўи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ, Дилноза Таникулова – донишҷўи курси 3-юми факултети сиёсатшиносӣ ва МБ сазовори дипломи дараҷаи 3 ва Саидахон Қосимова – донишҷўи курси 3-юми, факултети инноватсия ва телекоммуникатсия сазовори Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Пояи давлат намонад бе маориф устувор…” бахшида ба рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ Темурмалик Худойбердиев – донишҷўи курси 3, ихтисоси молия ва қарз сазовори ҷойи 1-ум аз фанни назарияи иқтисодӣ ва Амирҷон Ашўров – донишҷўйи курси 1, ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ сазовори ҷойи 2-юм аз фанни забони англисӣ гардиданд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ аз фанни забони русӣ аз рўйи номинатсияи “Санъати суханварӣ” Нозанин Умарова – донишҷўи курси 1-уми факултети ҳуқуқшиносӣ, сазовори дипломи дараҷаи 1 гардид.
Айни ҳол теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ: стипендияи Раиси вилояти Суғд-22 нафар, стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд-4 нафар, стипендияи раёсати донишгоҳ-42 нафар донишҷўёнро ташкил медиҳад.Дар соли 2023 1 нафар устодон рисолаи докторӣ, 21 нафар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд, илова шуд дар идомаи ҷаласа.
Дар идомаи маҷлиси ҷамъбастӣ ҳамкориҳои байналмилалӣ донишгоҳ мавриди таҳлил қарор гирифт.Гуфта шуд, ки робитаҳои самаранок бо муассисаҳои кишварҳои хориҷӣ ба таҳким бахшидани иқтидори илмию таълимии донишгоҳ равона гардида, ҳамкорӣ бо барномаҳои грантӣ, бо Донишгоҳҳои Русия, Амрико, Япония, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Белорус, Маркази Конфутсий ва дар доираи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шудааст.Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ миқдори созишномаҳо бо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии ватаниву хориҷӣ ба 105 адад расонида шудааст.Тибқи динамикаи миқдори созишномаҳо бо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии ватаниву хориҷӣ аз 86 адади соли 2022 ба 105 адад дар соли 2023 расонида шуд, ки нисбати соли гузашта 19 адад зиёд мебошад. Соли 2023 бо мақсади рушди ҳамкориҳои илмии байналмилалии донишгоҳ шартномаҳои ҳамкорӣ бо 19 донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи кишвар аз ҷумла бо донишгоҳҳои Ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Русия ва Қумҳурии мардумии Чин ба имзо расонида шуданд.
Дар соли таҳсили 2023 дар доираи барномаҳои табодул 23 нафар омӯзгорон ва 34 нафар донишҷӯёни донишгоҳамон ба Донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Федератсияи Русия, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар карда шуданд, ки нисбати соли гузашта қариб ду баробар зиёд мебошад.

Дар соли 2023 бо истифода аз имкониятҳои муосири таълим дар донишгоҳ табодули лексияҳои устодон бо тариқи онлайн бо устодони донишгоҳҳои олии кишварҳои хориҷа ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, дар ин давра устодони донишгоҳамон барои донишҷӯёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 13 лексия хонданд ва донишҷӯёни донишгоҳ дар 8 лексияи устодон – иқтисодшиносонӣ Россия иштирок намуданд, илова кард роҳбари донишгоҳ.
Раёсати донишгоҳ ҷиҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани донишҷўёни ниёзманд тадбирҳои амалӣ меандешад. Бахусус, 21 нафар донишҷўёни эҳтиёҷманд, ки дар шуъбаи рўзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод карда шуда, дар арафаи иду айём бо кўмаки яквақтаи пулӣ таъмин карда мешаванд. Инчунин донишҷўёни ятим имконият доранд тариқи ройгон дилхоҳ вақт омада аз ошхонаи донишгоҳ хӯрокҳои серғизоро истеъмол намояд.
Ректори донишгоҳ Шарифзода М.М. бо таҳлили самти таълиму тарбия, илму ҳамкориҳои байналмилалӣ роҳбарони баъзе сохтору факултаҳоро ҷиҳати дастовардҳои бештар вазифадор кард.
Роҳбари донишгоҳ илова кард, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ имрўз ҳар яки мо дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ сохтани таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ, назорати ҷиддӣ ва доимӣ дар самти донишазхудкунии донишҷўён, ҷалби ҷавонон ба китобхониву забономўзӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, тарбияи мутахассисон дар самти фанҳои таҷрибавӣ ва таҳқиқоти бунёдӣ, тарҳрезии дурнамои рушди илм ҷиҳати татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии кишвар, ҷорӣ намудани навоварию ихтироот дар истеҳсолот ва таҷрибаҳои инноватсионӣ, омўзонидани таърихи халқи тоҷик ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани маърифатнокӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии гаравиш ба расму ойинҳои бегона ва гурўҳҳои ҷудоихоҳ вазифадор ҳастем.
Дар анҷоми маҷлиси ҷамъбастӣ ба собиқадорон, устодону кормандоне, ки дар фаъолияташон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, ҳамзамон ба ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ Ифтихорномаву Сипоснома ва маблағҳои пуливу туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like