Мактаби байналмилалии илмии ҷавонон «Мушкилоти мубрами ҳамкории кишварҳои ҳамгироии авруосиё дар соҳаи иҷтимоӣ-гуманитарӣ

Аз 24 то 30 ноябр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон мактаби байналмилалии илмии ҷавонон “Мушкилоти мубрами ҳамкории кишварҳои ҳамгироии авруосиё дар соҳаи иҷтимоӣ-гуманитарӣ” баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи “Ташаккули фазои ягонаи илмӣ-таълимии кишварҳои ҳамгироии авруосие”амалӣ карда шуд.
Ҳадафи асосии чорабинии мазкур – бартараф кардани стереотипҳои манфӣ ва ташаккули замина барои ҳамгироии кишварҳои гуногун дар соҳаи иҷтимоӣ-гуманитарӣ тавассути муколамаи байни донишҷӯен ва олимони ҷавони кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошад.
Ташкилкунандагони мактаб донишгоҳи давлатии академии илмҳои гуманитарӣ (ДДАИГ) ва академияи минтақавии Русия (АМР) дар Арманистон бо дастгирии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Россия буданд.
Чорабинии мазкур аз конфронси илмӣ-амалӣ “Мушкилоти мубрами ҳамкории кишварҳои ҳамгироии авруосиё дар соҳаи иҷтимоӣ-гуманитарӣ “оғоз ефт.
Бо сухани ифтитоҳӣ: президенти ДДАИГ, академики АИР Александр Чубарян, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи ректори ДДАИГ Илья Соколщик ва ректори АМР Дар Арманистон Мгер Шахгелдян баромад карданд.
Дар конфронс намояндагони Донишгоҳи давлатии иқтисодии Белорус, Донишгоҳи Кокшетау ба номи Ш. Уалихонов (Ҷумҳурии Қазоқистон), Донишгоҳи давлатии Иссиқкӯл ба номи К. Тыныстанов (Ҷумҳурии Қирғизистон), Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиесати Тоҷикистон, алёнси байналмилалии таълимӣ ва тадқиқотӣ, Донишгоҳи давлатии педагогии Армавир, Институти шарқшиносии АИР, Пажуҳишгоҳи иттилооти илмӣ оид ба фанҳои ҷамъиятии АИР, донишгоҳи нақлиети Россия, ДИТ, “Мактаби олии иқтисод”.
Дар сессияи пленарии конфронси илмӣ-амалӣ муовини ректор оид робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ, д.и.и., профессор Даврон Бобоҷонов бо маърӯзаи “Рушди ҳамкории байналмилалӣ ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳҳо” баромад кард.
Аз 25 ноябр донишҷӯён-иштирокчиёни Мактаби байналмилалии илмӣ бо мураббиёни худ дар доираи трекҳо ба машғулиятҳо шурӯъ намуданд: Трек «Прогресс» – Абдуллоев Муҳаммадхон, донишҷӯи курси 1-уми факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ ДДҲБСТ; Трек «Интеграция»- Ҳамидов Амир, донишҷӯи курси 3 – юми факултети молия ва иқтисодиёти байналмилалии ДДҲБСТ; Трек «Память» – Раҳмонов Анушервон, донишҷӯи курси 3-юми факултети молия ва иқтисодиёти байналмилалии ДДҲБСТ; Трек «Медиа» – Бобоев Нурмуҳаммад, донишҷӯи курси 4 – уми факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ; Трек «Знание» Ғафарова Адиба, донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқии ТГУПБП.
29 ноябр дар ҷараёни мактаби байналмилалии илмии ҷавонон муовини ректор оид робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ, д.и.и., профессор Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович дар мавзӯи “Худтараққии донишҷӯ-ҷавонон ва бо кор таъмин намудани онҳо дар давраи таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” мастер-класс гузаронид. Дар нимаи дуюми ҳамин рӯз кори мактаб ҷамъбаст гардид ва донишҷӯ-иштирокчиён консепсияҳои лоиҳаҳои дастаро муаррифӣ карданд. Трек «Знание» лоиҳаи таъсири самтҳои фарҳангӣ-арзишии ҷамъиятҳои кишварҳои иттиҳоди иқтисодии аврупо ва Тоҷикистон ба соҳаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ. Трек «Память» лоиҳаи хотираи фарҳангии халқҳои Авруосие: таҳкими робитаҳо тавассути вақт. Трек «Медиа» лоиҳаи портали иттилоотии ЕВРАЗ. Трек «Интеграция» лоиҳаи таълим бе марз: интеграцияи иҷтимоӣ-гуманитарӣ ИИАО. Трек «Прогресс» лоиҳаи индекси резилентнокии иқтисодии кишварҳои узви ИИАО. Иштирокчиёни фаъоли мактаби байналмилалии илмии ҷавонон бо сипоснома ва сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд.

You might also like