Фаъолияти факултети муштаркаи ДДҲБСТ бо ДМТ тақвият меёбад

Тибқи нақшаи таълимии факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи Тошканд донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 1-250104/60410400 дар Донишкадаи молияи Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсилро идома дода истодаанд.

Бори нахуст се нафар омӯзгорони ДДҲБСТ д.и.и., дотсент Хоҷаева Д.А., н.и.и., дотсент Каримова М.И. ва муаллимаи калон Валиева Н. М. барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба Донишкадаи молияи Тошканд сафарбар шуданд.

Дар раванди таълим бо донишҷӯён дарсҳои кушод ва интерактивӣ гузаронида шуданд, ки дар дарсҳо устодони кафедраи умумииқтисодии факултети зикршуда низ ширкат варзиданд.

Омӯзгорони ДДХБСТ, ки дар Донишкадаи молияи Тошканд кору фаъолият доштанд аз хобгоҳи донишҷӯён дидан карда, аз ҳолати зисту зиндагонии онҳо бохабар шуданд. Барои боз ҳам рангин ва хотирмон гардонидани ҳаёти донишҷӯён бо ташаббуси омӯзгорони ДДҲБСТ ҳамроҳи донишҷӯён ба музеи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Амир Темур ва Шаҳраки пиряхҳо дидан карданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон назаррас буда, то имрӯз бо 17 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тасвиб расидани шартномаи ҳамкорӣ ва фаъолияти бомароми факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молияи шаҳри Тошканд исботи гуфтаҳои боло мебошад.

You might also like