ДДҲБСТ: Баргузории маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ба шарафи солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. Дар ин чорабинӣ роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат карданд. Маҷлиси тантанавӣ бо даровардани Парчами миллӣ ба маҷлисгоҳ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Нахуст, ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр дошт, ки дар воқеъ, Парчам рамзи озодӣ, шукуфоӣ, ояндаи дурахшон ва мояи ифтихори ҳар халқи соҳибдавлат буда, ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату ягонагӣ ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.
Таҷлили ин санаи фархунда дар замири ҳар фард эҳсоси ватандӯстиро афзун намуда, рамзи арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқию маънавии кишвар ба ҳисоб меравад. Илова шуд, ки маҳз бо шарофати Парчами давлатӣ имрўз номи давлати тоҷикон вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар қатори парчами давлатҳои соҳибихтиёри дунё, дар саҳни бинои Созмони Миллали Муттаҳид парафшон гардида, аз ҳастӣ, шаъну шараф ва обрўю эътибори давлати Тоҷикистон, миллати саодатманди тоҷик шаҳодат медиҳад.
Сипас, намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Муталлиб Маҳмудов иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ шодбош гуфт.
Зикр шуд, ки шинохти муқаддасоти миллӣ чун Парчам ҳар як фарди ҷомеаро ба сўи муттаҳидӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ раҳнамоӣ намуда, садоқату парастиши ҳар шаҳрвандро ба ин марзу бум меафзояд ва озими амалҳои нек мегардонад.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ як зумра ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ бо Диплому Ифтихорнома ва Сипосномаву маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Барномаи рангини адабию фарҳангӣ, ки аз шеъру сурудҳои ватандӯстона иборат буд, ба маҷлиси тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like