Роҳпаймоӣ ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройпаймоии осоишта доир намуданд.
Устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ дар саҳни бинои таълимии №2и донишгоҳ сарҷамъ гардида, дар даст бо Парчамҳои миллӣ то бинои асосии донишгоҳ роҳпаймоӣ карданд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти Тоҷикистон, хосатан Парчами миллӣ арзёбӣ гардид.
Иштирокчиён пас аз роҳпаймоӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ, ки дар маҷлисгоҳи донишгоҳ доир шуд, ширкат варзиданд.

You might also like