Сухани табрикотии ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба муносибати Рўзи омўзгорон

Устодон ва омӯзгорони азиз!
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба гиромидошти шахсиятҳои сарнавиштсози миллат таваҷҷўҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамасола дар сатҳи шоиста таҷлили Рўзи омўзгорон ифодагари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишони садоқату арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони зиндагии пурсаодат ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн иди онҳоест, ки тамоми талошҳои пайгиронаашонро ба кори наҷибу пуршараф – тарбияи наслҳои ояндасози халқу миллат бахшида, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас соҳиб шудаанд.
Дар воқеъ, омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Мақому манзалати омӯзгор дар ташаккули фарҳанги ниёгони мо ҳамеша бузургарзёбӣ гардида, ӯро тарбиятгари инсон, чароғи роҳнамо ба сӯйи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа, ҳидоятгари роҳи ростӣ, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсонӣ номидаанд.
Имрӯз низ ин гуфтаи бузургони илму хирад пойбарҷо буда, ҳамеша ба бузургии омӯзгор арҷ гузошта мешавад. Сарвари давлат ба рисолати омӯзгор – афрӯзандаи чароғи илму ирфон баҳои баланд дода, таъкид намудаанд: «Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар инросто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд». Ин баҳои баланди Пешвои миллат ба фаъолияти вусъатбори Шумо – устодону кормандони донишгоҳ иртиботи қавӣ дорад.
Сазовори эҳтироми самимӣ ва ифтихору сарбаланди ҷомеа гардидани омўзгор ин самараи заҳмати рўзафзун, ҳисси баланди масъулият дар назди ҷомеа ва ниҳоят шарафи баланди инсонии ўст.
Як зумра дастовардҳоеро, ки тайи солҳои охир ҷомеаи маъвои маърифатамон ба онҳо соҳиб гардид, метавон самараи ҷидду ҷаҳди устодони кори таълиму тарбия арзёбӣ кард. Натиҷаизаҳмати садоқатмандонаи омўзгорони маъвои хирадамон буд, ки дар тўли мавҷудияташ ин боргоҳи саодати маънавӣ ба яке аз муассисаҳои бонуфузи соҳаи маориф ва илми кишвар табдил ёфта, имрўз бо умеди тоза ҷониби оянда қадамҳои боэътимод мегузорад.
Мо омӯзгорон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки дар тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст нақши муҳим дорем ва калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлоли фикрӣ маҳз муаллим ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад.
Дар арафаи ҷашни мубораки омўзгорон барои меҳнати бобаракат ва софдилонаатон дар татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм сипосгузории раёсати донишгоҳро изҳор менамоям.
Итминони комил дорам, ки зери таассуроти наҷибу босаодат аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишварамон минбаъд низ азму талоши созандаатон ба паёмадҳои боз ҳам беҳтарин роҳ хоҳад кушод.
Бо фаро расидани иди касбӣ, яъне Рўзи омўзгорон Шумо – устодону профессорон ва кормандони донишгоҳ, дар шахси Шумо тамоми тарбиятгарони насли наврасро сидқан табрику муборакбод гуфта, бароятон дар иҷрои рисолати наҷиб – тарбияи наслҳои созандаю бунёдкор равнақу барорҳо таманно менамоям.

Ҷашн муборак, устодони гиромӣ!

You might also like