НОМАИ ТАБРИКОТИИ ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба муносибати Рўзи дониш ва Дарси сулҳ
Устодони арҷманд ва шогирдони азиз!
Басо рамзист, ки имсол дар фазои бошукўҳи идона, ифтихор аз музаффариятҳои паёпай, рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, омодагиҳои рўҳафзо ва фараҳмандӣ аз корҳои созандагию бунёдкорӣ ба хотири истиқболи солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, соли нави таҳсили 2023-2024 оғоз меёбад.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо-устодону кормандон ва донишҷӯёнро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва 30-юмин солгарди таъсисёбии донишгоҳамон
табрику муборакбод намуда, ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва таълимиву тарбиявиатон барору комёбӣ таманно менамоям.
Ҳамасола, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шудани Рӯзи дониш рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш маҳсуб ёфта, ин падидаи нек ба сӯи омилҳои тақдирсози давлату миллат – хираду маърифатпарварӣ ҳидоят менамояд.
Дастуру ҳидоятҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат боиси дарёфт ва эҷоди муносибатҳои сифатан нав дар зинаҳои таҳсилот гардида, илҳомбахши фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Ҳозирини гиромӣ!
Соли равон ба ташкили донишгоҳамон 30 сол пур гардида, дар ин муддати начандон тӯлонӣ бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва сарҷамъиву тифоқии кулли устодону омӯзгорон донишгоҳамон ба дастовардҳои наззар мушарраф гардид.
Бахусус, бо ташрифи бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтани корҳои сохтмонӣ дар соли 2008, дар вазъияти тантанавӣ ба истифода супоридани бинои нави таълимӣ дар соли 2011, дар раванди корҳои созандагӣ ва таҷлили ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани бинои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ бо тамоми шароитҳои зарурии муосир, дар мустаҳкам гардидани заминаҳои моддиву техникии донишгоҳ мусоидат намуд.
Бори нахуст байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидани ихтисосҳои донишгоҳ, таъсиси Марказҳои омӯзиши Аврупо ва забонҳо, маркази тестӣ, лабораторияи инноватсионӣ, Парки технологӣ, таъсис ёфтани Шўрои диссертатсионӣ дар назди донишгоҳ, ба фаъолият шурӯъ кардани факултети муштараки Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, сохта ба истифода додани Маҷмааи варзишӣ, шомил шудани донишгоҳ ба узви донишгоҳҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Лигаи донишгоҳии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз дастоварди назарраси солҳои охир маҳсуб меёбад.
Ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани сифати таҳсилот, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, ворид шудани донишгоҳ дар радифи даҳгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат аз саъю талоши устодону донишҷӯён ба даст омаданд.
Дар кўтоҳтарин фурсат бунёди бинои нави таълимии дорои пойгоҳи мустаҳкаму муосири моддиву таълимӣ ва таҳқиқотиву инноватсионӣ, парки технологӣ, марказу озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани мутахассисони баландихтисос, омӯхтани забон ва таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати муҳассилин ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ мусоидат менамояд.
Соли таҳсили 2022-2023 низ барои ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли пурбарор ва хотирмон ба ҳисоб меравад.
Дар ин давра бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор додани бинои Маркази таҳсилоти рақамӣ бо шароити муосири таълим, узви ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё гардидани донишгоҳ, ҳимояи рисолаҳои илмӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ, ғолибияти донишҷӯён дар даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ, баргузории ҳамоишу конфронсҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ аз руйдод ва дастоварҳои назаррас ба ҳисоб меравад.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади дастгирии моддӣ ва маънавии донишҷӯён бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ 3 нафар довталабоне, ки
тариқи имтиҳоноти маркази миллии тестӣ дар марҳилаи аввали қабул бо холҳои баланд сазовори номи донишҷӯи донишгоҳ гардидаанд, аз пардохти маблағи хониш пурра озод шуда, 20 нафари дигари онҳо барандаи Стипендияи Раёсати донишгоҳ гардиданд.
Изҳори боварӣ менамоям, ки ҷомеаи меҳнатӣ ва муҳассилини донишгоҳ бо истифода аз имконоти созгори таълиму тарбия минбаъд низ ба хотири боз ҳам баланд бардоштани нуфузи маъвои саодати маънавиамон саъю талош меварзанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб кормандон ва омӯзгорону донишҷӯёнро бори дигар ба муносибати оғози соли таҳсил – Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаатон муваффақияту бурдбориҳо таманно дорам. Бигузор соли нави таҳсил низ барои аҳли донишгоҳ соли комёбиҳои тоза ва дастовардҳои наҷиб гардад.