Баргузории дарси кушод дар мавзуи «Интернет-банкинг» дар факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ
10 октябри соли 2025 дар факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ аз ҷониби омӯзгори кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дарси кушод аз фанни Интернет-банкинг барои гуруҳи 1-40.01.02.02 (т) курси 3, дар мавзӯи «Интернет-банкинг дар соҳаи хизматрасонӣ», бо иштироки мутахассисони ҶСК Бонки Эсхата гузаронида шуд.
Дарси мазкурро омӯзгори кафедра Валиева Д.М. ҳусни ифтитоҳ бахшида қайд намуд, ки дар шароити кунунӣ тамоми ҷаҳон босуръат пеш рафта истодааст. Олами имрӯзаро равандҳои ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонӣ фаро гирифта, технологияҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо татбиқ шуда истодааст. Дар идомаи суханронӣ, ӯ иброз дошт, ки имрӯз ҷиҳати алоқамандии илм бо истеҳсолот ва татбиқи Консепсияи иқтисодӣ рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки мутахассисони ҶСК «Бонки Эсхата” ба чорабинӣ даъват карда шуда, доир ба татбиқи амалии технологияҳои рақамӣ дар бонки мазкур ба донишҷуён маълумот диҳанд. Ҳамчунин, номбурда ба таври махсус зикр намуд, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030-ро солҳои рушди инноватсия ва иқтисодӣ рақамӣ эълон доштанд ва баргузории дарси мазкур ҷиҳати амалишавӣ ва татбиқи ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба роҳ монда шудааст.
Тибқи қисматхои дарс мутахассисони ҶСК «Бонки Эсхата» баромад намуда, доир ба ҳамёни электронии «Эсхата Онлайн», амалиётҳо ва корҳое, ки тавассути технологияҳои рақами дар бонк иҷро мешавад, аз ҷумла, навбати электронӣ ба донишҷуён маълумоти муфассал доданд.
Декани факултет, д.и.и., профессор Хоҷаева Д.А. баромад намуда, ба ташкилкунандагони машғулият ва меҳмонон арзи сипоси раёсати донишгоҳ ва факултетро баён намуд.
Сипас, мудири кафедра, дотсент Лутфуллоев М.Д. сухан намуда, моҳияти технологияҳои рақамӣ ва татбиқи онҳоро дар соҳаҳои мухталифи ҳаёт ба таври мухтасар ба аҳли нишаст пешкаш намуд. Мавсуф зикр намуд, ки ҳамкории кафедра ва донишгоҳ бо ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати рушд ва тараққии хамаи соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф ва истеҳсолот мусоидат менамояд.
Дар анҷом, ба меҳмонон аз ҷониби садорати факултет ва кафедра тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа