Шанбегӣ ва корҳои поксозӣ дар ҳудуди ДДҲБСТ

11 октябри соли 2025 бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯён шанбегӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади ободу тоза нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати санитарии ҳудуди донишгоҳ, инчунин ҷалби донишҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ ва тарбияи меҳнатдӯстӣ роҳандозӣ карда шуд.
Дар ҷараёни шанбегӣ корҳои гуногуни поккорӣ, аз қабили рӯбучин ва ҷамъоварии партовҳо, тоза кардани гулгашту майдончаҳо, буридани алафҳои худрӯй ва обёрии ниҳолҳо анҷом дода шуданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ бо рӯҳияи баланд ва масъулияти иҷтимоӣ ба корҳои ободонӣ ҷалб гардиданд. Роҳбарияти донишгоҳ баргузории чунин шанбегиҳоро як навъ омӯзиши тарбиявӣ ва ватандӯстона арзёбӣ намуда, онро идома хоҳад дод.

   Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like