ДДҲБСТ: Меҳргон ва нақши он дар рушди худшиносии миллии ҷавонон
Бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, бахшида ба ҷашни бостонии Меҳргон, як қатор чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ баргузор гардиданд.
Дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ чорабинӣ таҳти унвони «Меҳргон ва нақши он дар рушди худшиносии миллии ҷавонон» доир гардид. Дар он муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Норматова Ш.М., декани факултет, дотсент Саидзода Ш.Ш., мудири кафедра дотсент Якубов Ҷ.К., дотсентон ва омӯзгорон, инчунин донишҷӯёни ихтисосҳои мухталиф иштирок намуданд.
Дар чорабиниҳо устодону донишҷӯён оид ба таърихи ҷашни Меҳргон ва нақши он дар таҳкими ваҳдату дӯстӣ ва худогоҳии миллӣ суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои ориёинажод буда, рамзи фаровонӣ, шодиву нишот, ва дӯстиву меҳрубонӣ мебошад.
Дар ҷараёни чорабинҳо донишҷӯён баромадҳои илмию адабӣ, қироати шеър, рақсҳои миллӣ ва наворҳо дар бораи таъриху арзишҳои иди Меҳргонро манзур карданд. Ҳамчунин дастархони идона бо таомҳои миллӣ ва намоиши ҳосили кишоварзон, ки рӯҳи ҷашнро таҷассум менамуд, ташкил гардид.
Мавриди зикр аст, ки на танҳо дар факултети сиёсатшиносӣ ва МБ, балки дар дигар факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ низ бо ташаббуси устодон ва донишҷӯён чорабиниҳои идона бахшида ба Меҳргон баргузор шуданд. Ин чорабиниҳо бо намоишҳои фарҳангӣ, гӯшаҳои хосаи миллӣ, маърӯзаҳо ва озмунҳо доир гардиданд, ки ҳадафи асосии онҳо эҳёи суннатҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии ҷавонон мебошад.














