Оғози соли таҳсил бо қадамҳои устувор дар масири ҳамкориҳои байналмилалӣ
Соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими сатҳи байналмилалӣ оғоз ёфт. Раёсати донишгоҳ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оғози соли таҳсили 2025–2026, як қатор табодули академии донишҷӯёнро бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ амалӣ намуд, ки ин бозгӯи қадами устувори донишгоҳ дар роҳи ҷаҳонишавии таълим ва таҳсилоти босифат мебошад.
1-уми сентябри соли 2025 12 нафар донишҷӯён барои иштирок дар барномаи табодули академӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 6 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шуданд. Ин табодулҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва шиносоии онҳо бо таҷрибаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Дар таърихи 18 сентябри соли 2025, ду нафар донишҷӯ – Назаров Илҳом Рустамович ва Одиназода Рустамҷон Мирзозафар, донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси “Таъмини забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (иқтисоди берунӣ)” ба Донишгоҳи забонҳои хориҷии Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин барои нимсолаи аввали соли таҳсили 2025–2026 сафарбар гардиданд.
Қадами таърихие, ки бори аввал амалӣ шуд, сафарбар гардидани 7 нафар донишҷӯ ба яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Аврупо – Донишгоҳи давлатии Гдански Ҷумҳурии Полша мебошад. Ин иқдом бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот сурат гирифта, ДДҲБСТ-ро дар масири расидан ба қатори 1000 донишгоҳи беҳтарини ҷаҳон як қадам наздиктар сохт.
Ҳамзамон, донишҷӯёни дигар низ ба донишгоҳҳои бонуфузи Қазоқистон ва Ӯзбекистон барои таҳсил дар доираи барномаҳои табодули академӣ сафарбар гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯён ба Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд роҳ ёфтанд.
Ин рӯйдодҳои фараҳбахш на танҳо имкониятҳои нави таълимӣ ва илмиро барои донишҷӯён мекушоянд, балки нишонгари устувории сиёсати байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар самти рушди кадрҳои рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои илмӣ-омӯзгорӣ бо кишварҳои хориҷӣ мебошанд.
Ба ҳамаи донишҷӯёни сафарбаршуда комёбиҳо орзу мекунем ва умед дорем, ки бо дониш, масъулият ва рафтори намунавӣ, симои донишҷӯи тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ сазовор муаррифӣ хоҳанд кард.
Раванди табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон донишгоҳ ба муасисаҳои бонуфузи илмиву таълимӣ идома хоҳад ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа