Андешаи инсон ҳосили тафаккур ва тарзи зиндагии ӯст

Чӣ тавре, ба ҳамаи мо маълум аст, рӯҳи одамизод қувваи аслии ҳаракатдиҳандаи амал аст. Он омили пешравии инсон маҳсуб мегардад, агар рӯҳи солим бошад.

Шуури инсон бошад махзани муайянкунандаи ҳолати рӯҳии ӯ аст. Тавассути он эҳсосот, майлу рағбат ва аз ҳама ҷолиб, иродаи инсон шакл мегирад. Хусусияти моҳиятии характер ва ҳамчун натиҷа рафторҳои иҷтимоӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Бузургтарин воситаи ифодаи материалии шуур дар сухан инъикос меёбад. Рафторҳои инсонӣ ҳам таҷассумгари моҳияти шуури ӯ маҳсуб мегарданд.

Ин масъала садсолаҳо мавриди омӯзиши амиқ ва мавзӯи таҳқиқи гузаштагони бузурги мо буд. Қариб тамоми асарҳои ҷовидонаи онон, ки рӯйхаташон беохир хоҳад буд, далели ҳамин гуфтаҳост.

Вобаста ба ин, Муҳаммадиқболи Садириддин, ки пайваста ба паҳн кардани тӯҳмату иғво дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғул мебошад, гуфтан мумкин аст, ки ин андешаи ӯ ҳосили тафаккур ва тарзи зиндагии номбурда мебошад. Дар ягон баромадҳо ва навиштаҳои ӯ шахс аққалан майдатарин далели исбот ва сарчашмаи маводҳои ӯро дарёфт карда наетавонад.

Вобаста ба ин, моро мебояд бештар ба он назар кунем, ки барои чӣ М.Садриддин чунин хислат ва шуур дорад, ки танҳо ба тӯҳмату ғайбати бефоидаи дагарон равона шудааст.

Албатта номбурда, дар солҳои охир танҳо суханҳои бардурӯғ ва иғвоангезона нисбати Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар шабакаи террористии худ пахш мекунад.

Ҳангоми мушоҳида намудани баромадҳои номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мо шоҳиди он мешавем, ки ӯ танҳо суханҳои беасос, тӯҳмат, бардурӯғ  ва иғвоангез менамояд, ки ҳамаи ин гувоҳӣ аз номӯътадил кор кардани майнаи сари ӯ буда, номбурда гӯё хусусияти дарки дурусти воқеаҳои дар атроф худ шудаистодаро аз даст додааст. Ҳамаи ин бешубҳа нишонаи бемории Шизофрения мебошад.  

Бемории мазкур  бештар бо ихтилоли рӯҳ падид меоянд. Фаъолияти рӯҳии инсон, табиатан чи хеле ки набошад, дар натиҷаи ихтилоли кори мағзи сар хароб мегардад. Дар мавриди бемориҳои рӯҳӣ воқеият дуруст дарк карда намешавад, чунончӣ, шароити муқаррарӣ ба назар муҳити бегона менамояд, бемор атрофиёнро бадхоҳ ё душман мепиндорад, ӯ дар баробари дуруст дарк кардани олами воқеӣ зери таассуроти таваҳҳуми биноӣ ва шунавоӣ дар тарсу ваҳм мебошад.

Сабабҳои бемориҳои мазкур гуногунанд. Дар пайдоиши онҳо омилҳои ирсӣ мақоми хосса доранд. Дар батн иллат ёфтани насл метавонад боиси таъхири инкишофи рӯҳии кӯдак, бемории саръ ва ғайра гардад. Дар пайдоиши неврозҳо осебҳои рӯҳие, ки гоҳо тамоюли ирсиро ба хурӯҷи беморӣ табдил меди­ҳанд, мавқеи асосӣ доранд.

Барои М. Садриддин бошад сабаби бемории мазкур шояд аз хурди дидани манзараҳои ҷанг дар давлати Афғонистон ва рӯзҳои сахт дар онҷо шуда бошад.

Маврид ба зикр аст, ки рафтору кирдор ва пиндори хоинонаи марди наҳзатӣ Қаландар Садриддинов, ки дар чоҳи кандаи ӯ фарзандаш Муҳаммадиқбол афтидааст, басо нанговар буда, ба шаъни миллати фарҳангсолори тоҷик созгор нест! Чуноне аз гуфтаҳои шоҳидон бармеояд, падари М.Садриддин бо пули дуздӣ фарзанд ба воя расонидаасту писари 12-13 солаашро ба мулло Шарифи афғон бовар карда супоридааст. Вақте қумандон – Ғулом писари ӯ Муҳаммадиқболи 12-соларо маъқул карда, аз Мулло Шариф бо пули калон харид, чаро падар шуда, саривақт писарро аз чунин бешарафӣ нигоҳ надошт! Ҳамагон аз маъхазҳои таърихӣ бохабаранд, ки дар байни мардуми афғон “бачабозӣ” барин хислати ғайриахлоқӣ дида мешавад. Муҳаммадиқболи Садриддин ба доми қумондонҳои ифротии афғон афтодаву ӯро ба ҷойи зан истифодаи шаҳватронӣ мекардаанд. Аз ваҷоҳати ин ноҷинси мубаллиғ дар сомонаҳои интернетӣ ҳувайдост, ки кирдори бади ҳамҷинсгароӣ ба ӯ часпидаасту алҳол дар Аврупо, ки ҳамтоифаашон озодона ба амалҳои ғайриахлоқона даст мезананд, макони хубе барои касофатҳояш дарёфтааст.

Чун аз нақли шоҳидони зиндагиномаи ин хонавода Раҳим Каримов – қумандони тоҷик, Саидҷалол Сиёҳаков, Ҳаким Қаландаров ва ҳамсинфону ҳамсоягон бармеояд, ки роҳи хатои падар ва бетафовут буданаш нисбати фарзанд дар охир ӯро шармандаю шармсор ва фирорӣ аз Ватан кард.

Муҳаммадиқболи Садриддин ки Ватанро таҳқир менамояд, хоини халқу миллат, оқшудаи Ватан аст ва ҳуқуқи ин сарзанишу маломатро надорад.

Ҳамаи мо хуб эҳсос ва дарк бояд кунем, ки бузургтарин натиҷае, ки миллатҳои пешқадами дунё ба он кӯшиданд, ноил гаштанд ва ифтихор доранд, расидан ба истиқлолияти давлатӣ аст.

Аммо эълони истиқлолият, пеш аз ҳама, моҳияти ҳуқуқӣ, ҷанбаи расмӣ дорад. Яъне эълони истиқлолияти давлатӣ ҳамагӣ як ҷузъиёти моҳият − қисмати сиёсӣ-ҳуқуқии масъаларо дар бар мегирад. Барои истиқлолияти комил фақат ҳамчун пойдевор хизмат мекунад.
Ҳамин тариқ, баъд аз истиқлолияти сиёсӣ муҳимтарин шарти ҳимоя ва рушди истиқлолияти давлатӣ − истиқлолияти идеявӣ, зеҳнӣ ба шумор меравад. Асоси сулҳу субот, рушд ва пояндагии давлати миллӣ ба даст овардани истиқлолияти маънавӣ ва ҷаҳонбинӣ аст. Миллате, ки ба хотири ҳамин забон, фарҳанг, анъана, урфу одат мустақилият пайдо кардааст, номи давлати миллиро соҳиб гаштааст.

Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки ватани худ – Тоҷикистони азизро аз сидқи дил дӯст дорем ва ба ҳимояи он ҳамеша омода бошем. Ва нагузорем, ки як хоини ватанфурӯш М.Садриддин ва ҳамфикрони ӯ, ки монанди як гирифторшудаи бемории рӯҳӣ мебошанд ватани моро боз ба ҷанг кашанду истиқлолияти моро аз байн баранд.

Ахмедов Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ

You might also like