Дин ва терроризм

Дар замони муосир башарият ба як зумра мушкилоте рӯ ба рӯ шудааст, ки аз хавфу хатар ва таззодҳои он ҷомеаи муслимини кишварҳои олам низ истисно нест. Агар бигӯем, ки ҷаҳони ислом дар рӯзгори кунунӣ буҳрони азимеро аз сар мегузаронад, иштибоҳу муболиғае нахоҳад буд. Кӯшиши абарқудратҳои олам ба тақсими бозорҳо ва минтақаҳо, амалкарди онҳо танҳо ба нафъи геополитикии хеш, ба сари мардумони гуногундину мазҳаб ва гуногунтамаддун бор кардани арзишҳои мамолики тавоно, аз сӯи дигар – хавфи аз байн рафтани арзишҳои миллии кишварҳои хурд дар натиҷаи ҷаҳонгароӣ боиси он шуда, ки имрӯз ҷаҳони ислом пора-пораву ба ҳам мухолиф шудааст.

Дар харитаи олам пайдо шудани нуқтаи доғе бо ном «ДИИШ», дар ҳама манотиқи дунё, дар ҳама давлатҳо новобаста аз дину мазҳаб густариш ёфтани мафкураи зиддиинсонии ин гурӯҳи террористӣ ба дини мубини ислом бо ҳама шукӯҳу шаҳомати инсонпарвариаш зарбаи хеле қавӣ зад. Ҳоло дар аксар кишварҳои олам аз самараи бади фаъолияти ин гурӯҳи размҷӯву пурхатар аз вуҷуди мусулмонон ҳазар мекунанд, номи поки исломро бо падидаҳои нанговаре, чун тундгароиву терроризм пайванд медиҳанд.

Дар ҷаҳони имрӯза миқдори иттиҳодияҳо ва ҷунбишҳои ифротгароию террористиро аниқ муайян кардан хеле мушкил аст, аммо аксарияти ин ташкилотҳо ва ҳаракатҳо амалҳои даҳшатафкании худро бо шиорҳои динӣ ба анҷом мерасонанд. Имрӯз кишварҳои исломӣ ба хотири манфиатҳои минтақавии хеш байни ҳам муноқиша карда, худашон ба девори маҳками ислом рахна мезананд ва табиист, ки абарқудратҳо аз ин ҷудоиву мухолифати байниҳамдигарии мусулмонон истифода мекунанд. Як омили асосии зуҳури «ДИИШ» низ ҳамин носозгории байниҳамдигарии мусулмонҳост.

Маълум, ки ҳар кишвар манфиате дорад ва маҳз ҳамин ихтилофи манфиатҳо боиси сарсониву парокандагии ҳазорон-ҳазор мусулмонони бегуноҳ шудааст. Буҳронҳои азим дар ҷаҳони ислом то вақте боқӣ хоҳад монд, ки худи сарони кишварҳои исломӣ манфиатҳои хешро бо ҳамдигар созиш надиҳанд, ба истиқлоли кишварҳо, озодиҳои эътиқодии мардумони он кишварҳо, таҷрибаи давлатдории таърихии онҳо, урфу одат, расму ойини диндориашон арҷ ва эҳтиром нагузоранд.

Дини ислом яке аз динҳои ҷаҳонӣ башумор меравад. Ин дараҷаи баландро дини мубини ислом бо доштани арзишҳои баланди ахлоқию суннатӣ ва ҳуқуқӣ, ба монанди баробарии ҳамаи инсонҳо, некукорию дасти мадад дароз кардан ба муҳтоҷон, ятимон, ва дигар табақаҳои ниёзманд, эҳтиром ва эътирофи суннат ва оинҳои дигар халқу миллатҳо, дустию ваҳдат миёни инсонҳо, эҳтирому пос дории сулҳ ва рафъ намудани низоъҳо, таҳаммул ва бахшиши гуноҳҳо, шинохти ҳақи занон ва эҳтироми падару модар ва калонсолон соҳиб гардидааст.  Ҳар як шахс бояд донад, ки дини мубини ислом дини зулму ситам, куштору ваҳшоният набуда, балки дини раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, некиву накӯкорист. Ислом динест, ки мардумро ба сӯи иттифоқу ваҳдат даъват намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа, ифрот, тафрит ва иғвогарӣ бозмедорад ва он корҳое, ки дар Ироқу Сурия, Либиёву Яман ва дигар минтақаҳо аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешаванд, ба ислом заррае ҳам робита надорад.  Инсоният новобаста аз дину оину мазҳабу эътиқод, ирқу нажоду ранги пӯст, симои зоҳирӣ, макони зист ва ғайра бандаи Худованд аст ва дар назди Парвардигор амонатдор мебошад. Яъне, амонати тамоми ҳаёти рӯи замин бар дӯши ҳамаи инсонҳост, аммо имрӯз дар баъзе мамлакати дунё қатлу ғорат, хунрезӣ ва ҷангу ҷидол ҷой дошта, ҳатто вабои аср – экстремизм ва терроризм, рӯз то рӯз зиёдтар ба чашм мерасад.

Амалҳои даҳшатафкание, ки имрӯзҳо дар минтақаҳои гуногуни олам рӯй медиҳад ва дар онҳо на рақибони сиёсӣ ҷудо карда мешаванд, балки бештар одамони бегуноҳ ҳалок мегарданд. Аз ҷониби дигар ифротгароён ин кирдорҳои худро бо шиорҳои динӣ “асоснок” мегардонанд. Ин падида хилофи асосҳои маънавию ахлоқӣ ва ҳуқуқии дини мубини ислом буда кирдорҳои ифротгароён фақат бадном кардани ин дини шариф ва поку наҷиб мебошад. Моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳила ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва хоинони миллат огоҳ созем. Бигзор ҳамагон бидонанд, ки дини мубини ислом василаи қаринсозандае байни Худованду бандагонаш мебошад, на омиле баҳри вайронсозии ҷомеаи ҷаҳон.

Агар мо тавонем, ки ҳақиқатро ба ҳамагон расонем, ҷавонони тоҷик дигар ба доми ташкилоти ифротиву террористӣ намеафтанд ва дигар касе наметавонад мардуми моро бо шиорҳои дурӯғини худ фирефта намуда, дар ҷомеаи навини тоҷикон тафриқа эҷод намояд. Сулҳи тоҷикон ба арзонӣ ба даст наомадааст, аз ин рӯ мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем то ин, ки сулҳ ҷовидон ва пойдор бимонад ва мероси наслҳои ояндаи мо бигардад!

Ахмедов Н.И. – н.и.ҳ. дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like