ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШУКУФОИИ ДАВЛАТ АСТ
Ваҳдати миллӣ ба саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи иқтисоди кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Дар паёмҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки «Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад». Оре, Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳодҳо ва нерӯҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Ҳақиқатан ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат ба мисли гулҳои баҳори рӯз то рӯз шукуфта, иқтисодиёташ то рафт меафзояд.
Бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон — гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти иқтисодии кишвар ва рушди он оғоз намоем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад. Президенти мо ҳанӯз дар рӯзҳои душвор ва печидаи кишвар, дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, роҳандозии тамосу равобити дӯстона бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва муаррифии кишвару миллат дар ақсои олам нақши созанда ва беназир дорад. Даҳҳо кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз намуда, ҳамзамон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон – аз Осиё то Аврупо ва аз Африқо то Амрико намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷониба муваффақона фаъолият доранд.
Пас аз нисбатан ором шудани вазъ Пешвои миллат баҳри пешрафти иқтисодиёт ва ба ҳам пайванд кардани минтақаҳои Тоҷикистон сохтмони роҳҳои замонавӣ ва бунёд кардани нақбҳоро ба роҳ монданд. Сохтмони шоҳроҳи «Роҳи абрешим», бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, Душанбе – Хуҷанд – Чанак, Қулма-Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб аз иқдомҳои Пешвои миллат буданд, ки боиси пешрафту тараққиёт гашта, мардум аз азияти ағбаҳои хатарнок растанд ва имкон фароҳам омад, ки ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир бошад ва дар ин замина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар гардад.
Душвортарин муаммои мо масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Иқтисодиёти Тоҷикистон баланд шуда, мо ба кишвари содиркунанда табдил гардидем. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу кабел, истеҳсоли автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд.
Солҳои охир гулгашту хиёбонҳои пойтахти азизамон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ва ҷидду ҷаҳди бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ободтару зеботар гашта, маҳбуби дили сокинони пойтахту кишвари азизамон ва меҳмонони шаҳрамон гаштаанд. Бунёди пайкараи аввалин давлатдори тоҷикон Исмоили Сомонӣ, барафрохтани Парчами миллӣ, китобхонаи миллӣ, осорхона, театр, сохтмони садҳо биноҳои баландошёна давлати моро дар қатори кишварҳои пешрафта қарор дода, аз дастовардҳои истиқлолият маҳсуб меёбанд. Сокинону меҳмонон бо завқ дар пойтахти мамлакатамон сайру гашт намуда, сайёҳони хориҷӣ шаҳри Душанберо «Шаҳри гулҳо» ном гузоштаанд. Пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти шаҳрвандон боис гашт, ки ҳамасола ба Тоҷикистон ҳазорон сайёҳони хориҷӣ ташриф оранд.
Рӯзномаи бонуфузи байналмилалии «Financial Times» Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба хонандагони сершумори худ барои боздид аз Тоҷикистон тавсия медиҳад. Тоҷикистон дар ин ҳаштгона мавқеи шашумро ишғол мекунад. Тавсияи «Financial Times» ба хонандагонаш бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон воқеан бо табиати зебо ва мероси бою қадимаи таърихию фарҳангӣ ва мардуми некухисолу меҳмоннавозаш таваҷҷуҳи сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Инчунин, Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намудааст.
Имрӯзҳо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи 2030 роҳандози шудааст, ки марҳалаҳои аввали он амалӣ гашта истода, барои пешрафти некуаҳволии мардум равона карда шудааст. Яке аз ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи-2030, ин вусъатдиҳии шуѓли пурмаҳсул мебошад, ки бо сохтмони корхонаҳои хурду азим ва ба истифода додани онҳо дар мамлакат ин ҳадаф амалӣ карда шуда истодаанд. Воқеан ҳам халқи тоҷик бо ин ҳама маънавияти бузурги худ дар роҳи бунёди иқтисоди пойдори милливу давомдор мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ин ҷода талошҳои бе мисл анҷом медиҳанд.
Дар ҷараёни бунёди давлати навини соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон рисолати ваҳдати миллӣ олитарин арзише буд, ки бемайлон дар роҳи истеҳком ёфтан ва тараққӣ кардани он мусоидат намуда аст. Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади гаронбаҳои тақдирсоз хуш истиқбол кард, ки ҳар сол дар тамоми қаламрави мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.
Абдуллоева А. Т. – мудири бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти ДДҲБСТ