Иттилоот ва таҳдиди он
Ба ҳар яки мо маълум аст, ки дар ҷаҳони муосир масъалаи ҷаҳонишудан мақоми махсус пайдо намудааст. Бештар ҷаҳонишудан се ҷиҳати муносибатҳоро барҷаста нишон медиҳад:
- Омехта гаштани сиёсати кабир бо сиёсати соҳавӣ;
- Дар ҳолати омехташавӣ амалӣ гаштани сиёсати хориҷию дохилии давлатҳо;
- Тадриҷан аҳамияти худро гум кардани фаъолият ва қарордодҳои субъектҳои дохилии сиёсат, бартарӣ пайдо намудани мақом ва нақши ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, ширкатҳои байналмилалӣ.
Давлати миллӣ, ки дар муайян намудани сиёсати дохилию хориҷии хеш мустақил буду тамоми фаъолияти худро барои манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлатӣ равона месохт, дар замони инкишофи равандҳои ҷаҳонишудан мақоми дигар пайдо менамояд.
То солҳои 70 – уми асри 20 давлатҳои миллӣ дар муқаррар ва амалӣ намудани ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷӣ ихтиёри комил доштанд. Онҳо масъалаҳои асосии рушди кишварро мустақилона ҳал мекарданд. Давлати миллӣ, ки субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ мебошад, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти давлатӣ бо давлатҳои дигар дар робитаи мутақобила қарор мегирифт. Дар замони муосир муносибатҳо ба куллӣ тағйир ёфтаанд. Ҷаҳон ҳамчун воҳиди ягона ташаккул меёбад. Дар назди ҷомеа масъалаҳое пайдо мешаванд, ки ҳукуматҳои давлатҳои алоҳида имкон ва қудрати қабули қарори саривақтӣ ва лозимиро надоранд. Дастгоҳи идоракунию бюрократии давлатҳои алоҳида аз нотавонии хеш гувоҳӣ дода, имконоти ҳалли беҳтари масъалаҳоро дарёфт карда наметавонанд. Заифии онҳо, алалхусус, ҳангоми ҳолатҳои буҳронӣ ва фавқулодаи рушди ҷомеа, ки қабулу воқеигардонии қарорҳои қатъӣ ва фавриро талаб доранд, намудор мегардад.
Дар раванди ҷаҳонишудан мақом ва нақши воситаҳои коммуникатсионӣ тадриҷан меафзояд. Суръати тағйироти технологӣ, махсусан дар соҳаи иттилоот ва телекоммуникатсия, ба раванди ҷаҳонишудан таъсири фаъол мерасонад. Иттилооти зиёду зарурӣ оид ба рушди иқтисодии олам истиқлоли иқтисоди миллиро зери шубҳа мегузорад. Технологияи иттилоотӣ ба васеъшавии соҳаи иттилоотии индустриявӣ, ба шакли конгломератҳои гуногунмиллӣ оварда мерасонад, ки назорати ҳукуматҳои миллӣ аз болои фаъолияти онҳо номумкин мегардад.
Дар зери таъсири истифодаи васеи технологияи коммуникатсионӣ фазои ягонаи глобалӣ, ҳолати ягонаи макониву замонии умумисайёравӣ ташаккул меёбад. Ин имкон медиҳад, ки маҳдудиятҳо ва зиддиятҳои гузаришӣ дар иттилоот аз байн бардошта шаванд, заминаҳои ташаккули тамаддуни ягона ва шаклҳои ҳамкории халқҳову кишварҳо дар ҳалли масъалаҳои мухталифу мураккаби ҳаёти ҷомеа, имкони таъсири мутақобили халқҳо ва давлатҳо дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва экологӣ фароҳам меояд. Инкишофи муносибатҳои мутақобила, ташаккули манфиатҳои умумиминтақавӣ ва умумисайёравӣ водор месозад, ки муносибатҳои байналмилалӣ бештар хосияти феълӣ дошта бошанд, гузориш ва рушди масъалаҳо бештар шаффоф гарданд.
Дар асри 21, ки асри иттилоот низ меноманд тамоми дунёро маълумотҳои электронӣ фаро гирифтааст, ки ин маълумотҳо аввал ва охир надоранд. Яъне ҳар як нафаре, ки мехоҳад, метавонад имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи кушодани шабакаҳои худ фикру ақидаи худро баён намояд. То андозае ин кор барои баъзе нафарон як манбаи даромад низ шудааст. Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нафароне ҳастанд, ки мардумро ба роҳи дуруст ва ё баръакс ба гумроҳӣ бурда истодаанд.
Таҳдиди иттилоотро бошад мо рӯз аз рӯз бештар ҳис менамоем ва ин моро водор месозад, ки дар ин самт бетараф набошем.
Барои мисол яке аз хатарҳои асосӣ дар соҳаи иттилоот ин паҳн гардидани маводҳои зидди ақидаҳои мардумӣ аз ҷониби гуруҳҳои террористӣ ва ба воситаи он гумроҳ гардидани сокинон мебошад.
Ба ҳамаи мо маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябр, 8 декабри соли 2014 ва 14 апрели соли 2015 фаъолияти чунин созмонҳои экстремистӣ мисли «Ал-Қоида», «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ ҳаракати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурӯҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот» ва «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан– Нусра», «Гурӯҳи-24», Ҳизби назҳати исломи Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст.
Вале, аъзоёни гурӯҳҳои ҳизби террористии наҳзати ислом, аз он ҷумла Кабирӣ, Муҳаммадиқболӣ Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва дигарон, ки барои хоинӣ ва анҷом додани фаъолияти террористӣ аз Тоҷикистон гуреза гашта, дар давлатҳои хориҷӣ паноҳ гирифтаанд ҳоло ҳам аз мақсадҳои ғарази худ даст накашида, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита, мардуми Тоҷикистонро ба гумроҳӣ бурда, ватанро ба доми ҷанг кашанд.
Дар умум, имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро тавассути сомонаҳои интернетӣ таблиғи ақидаҳои ифротгаронаи худро моҳирона истифода намуда, ба сафи худ одамонро ҷалб мекунанд, ки ин раванд барои амнияти кишвар хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз базъе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти ифротгароён, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба воситаи истифода аз дин ва эътиқоди динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ – ноором кардани вазъи сулҳу суботи кишвар амал менамоянд.
Мо бояд аз хотир набарорем, ки марҳилаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки халқи тоҷик миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонад бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеъан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.
Ватани маҳбуби мо бо боду ҳаво, иқлим, табиат ва мардуми фарҳангсолору сулҳофару меҳнатқаринаш нотакрор аст.
Мо ҳаргиз намегузорем, ки душманони Тоҷикистон чунин Ватани ободи моро бо суханҳои иғвоангезонаву бардурӯғ дубора ба ҷанги шаҳрвандӣ кашанд.
Ахмедов Ш. – мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ