ДДҲБСТ: Ҷамъбасти конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ”
25 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалии ҳайати професорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон дар мавзӯи “Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ” ҷамъбаст гардид.
Дар оғоз таъкид шуд, ки бо назардошти ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд, яъне давраи саноатикунонии босуръати кишвар талаботи ҷомеа ба соҳаи илм, маориф ва инноватсия, махсусан ба робитаи илм бо истеҳсолот рўз ба рўз афзоиш меёбад. Ин марҳила донишҳои муосир, пайванди илму истеҳсолот ва муносибати навоваронаву инноватсиониро тақозо менамояд, ки роҳандозии он бар дўши олимону мутахассисон гузошта шудааст.
Дар робита ба ин, ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ифтихори пешвози 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи илми тоҷик ва 30-солагии ҷашни донишгоҳ конференсияи илмӣ – амалии ҳайати професорону омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавонро дар мавзуи “Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ” ташкилу баргузор намуд. ЕК
Қайд шуд, ки масъалаи рақамикунонии иқтисодиёт ба таъсиси модели нави идоракунии рақамӣ дар рушди иқтисодиёт, татбиқи навгониҳои рақамӣ дар истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ, таҳкими тамоюли содиротӣ, тақвияти маҳсулоти воридотивазкунанда ва дарёфти роҳҳои хизматрасонии рақамӣ нигаронида шудааст. Махсусан технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи маориф ва илм нақши муҳим дорад.
Дар бахшҳои конференсия мавзуъҳои мухталиф аз қабили
раҳоӣ аз камбизоатӣ, вобастагӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ ва саноатикунонӣ дар ҳалли чор ҳадафи стратегияи асосии иқтисодӣ барои рушди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мафҳуми “тиҷорати электронӣ” барои баҳодиҳии самаранокии “тиҷорати электронӣ” дар субъектҳои иқтисодӣ, мутобиқ намудани рушди инфрасохтори замонавии телекоммуникатсионӣ дар шароити муосир, технологияи алоқа ва рушди хизматрасониҳои шабакавӣ, тиҷорати электронӣ ва дастури таъминоти бозорӣ, азхудкунию татбиқи технологияҳои иттилоотии муосир, омоданамоии кадрҳо то ҷараёни оғози лоиҳаҳо ва ғайраҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад. Ҳадаф аз баргузории конференсия, пеш аз ҳама, робитаи илму истеҳсолот бо истифода аз технологияҳои муосир дар раванди ҷаҳонишавӣ, пиёда намудани барномаҳои марбута дар самти рақамикунонӣ, инчунин барои аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани мамлакат ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи ба талабот ҷавобгӯ мебошад.
Дар интиҳо ба маърӯзачиёни беҳтарин ва иштирокчиёни фаъоли Ҳафтаи илм Сипосномаву Ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа