ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДОИР БА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Баъди сипарӣ гардидани соле чанд аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ташаббусу ибтикороти ободкорию созандагӣ ва бунёдгариҳою эҳёгариҳои беназири сиёсӣ, иҷтмоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, ҳуқуқиро аз таркиб дошт, мардуми мамлакат тадриҷан аз самараи он бархўрдор шуданд. Рўз то рўз тавассути тадбирҷўиҳои самарабахшу саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар аз вартаи фарқу бенавоӣ раҳо ёфта, бо шукру сипоси беҳад дар фазои сулҳу суботи ҳамгироӣ умр ба сар мебарем. Маҳз Истиқлолият, Ваҳдат, озодӣ, ҳусн ҳамчун вожаҳои дилписанди миллии мост.
Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва воли ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмиллалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарофату эътибори ҷаҳони миллат аст.
Давлатамон дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ роҳ паймуда истодааст, худшиносии миллӣ, таърихи ҷомеа воситаест барои зербинои маънавии истиқлолияти давлатӣ ва низоми нави иҷтимоиро фарҳам овардан. Пешрафти ҳар кишвар аз шинохти ҳуввияти миллӣ ва худшиносии таърихиву фарҳангии аҳли ҷомеа падидор мегардад.
Маҳз аз нишонаҳои миллӣ, ки сару либоси миллии давлати моро дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ба ҳаммаи мо маълум аст. Доир ба анъанаҳои миллии мо низ дар китоби нишондоди ҷуғрофӣ дар 22 ҷилд «Тоҷикистон» доир ба либосҳои миллии тоҷик пешбинӣ шудааст. Аммо гуногунпўшии бонувон моро ҷалб месозад, ки либос ба бар карданҳои духтарони тоҷик шахсро аз худшиносии миллии худ дур сохта тамоми фикру ақидаҳои ҷамъиятро ба хаёлоти олами дунёи дигар мебарад. Зеро кадом навъ мўд ё ба кадом қавму халқ тааллуқ доштани либосҳо ба мо фарқ надорад ва пўшидани либосҳои гуногун гўё шеваи мо шуда бошад. Либос низ махсусиятҳои хешро дошта, он дар рушду ишкишофи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори худшиносии миллии инсон нақши муҳим мебозад. Либос дар тинати одам эҳсоси зебоипарастӣ, озодагию хулқу рафтори ҳамидаро ҷой намуда, инсонро ҳушдор месозад то хушрафтор ва хушгуфтор бошанд. Либос инъикосгари намояндаи маданият, маърифат ва дараҷаи камолоти одам аст. Афсўз, ки дар замони муосир «либос» нишондиҳандаи мансабу мақом, мартабаю дараҷа ва ба кадом «гурўҳи иҷтимоӣ» нишон додани одамонро нишон медиҳад. Нақши асосии либос натанҳо муҳофизати инсон аз таъсири табиат (сардию гармӣ) мебошад, балки он бозгўкунандаи маданият ва одоби либоспўшии халқу миллатҳо низ мебошад. Сабаб чӣ бошад, ки чунин одатҳои занону духтарони мо оид ба либоспўшӣ дар донишгоҳҳои олӣ беҳ намешавад. Яке аз меъёрҳои интихоби либос мувофиқ ва шинам будани он буда, аз ин хотир либосҳои бо ном: корӣ, барои таҳлсил истироҳатӣ, хонагӣ ва монанди ҳаминҳо мавҷуданд.
Масъалаи дигари бамаврид барои ҷавонон чунин аст, ки таъкид ва таваҷҷӯҳ ба он бисёр муҳим буда, ба фарҳанги умумии ҷомеа, хусусан, ба фарҳанги насли ҷавони кишвар табдил додани андешаи сулҳу субот ва ваҳдат аст. Замони он расидааст, ки ваҳдат ва меҳнати созанда дар сатҳи зарурати ҷамъиятӣ ва фардии ҳар шаҳрванди кишвар фаҳмида шавад. Бояд ҳар тоҷикистонӣ, новобаста аз миллат, дин ва ақидаи сиёсӣ дарк намояд, ки рушди пайвастаи ҷомеа ва амалишавии орзую манфиатҳои шахсии ӯ танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат ва созандагӣ имконпазир мебошад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҷавонони имрўзаи мо бояд ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумўи кишвари азизамон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда, тамоми нерўи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи онро сарчашмаи муҳими ҳаёти худ донанд.
Кабирзода Г. Қ. – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ