Экстремизм ва тарбияи ҷавонон
«Ҳар касе ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, ки дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад»
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ, доир ба пурзӯр намудани роҳҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ишора намуда, оромиву суботи кишвари азизамонро дар мадди аввал гузошта, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро барои ҳар яки мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим арзёбӣ кард.
Инчунин ба Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбута, дар самти мубориза бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм супоришҳои мушаххас дода шуд, таъкид карда шуд, ки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.
Бояд қайд намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳим ва саривақтӣ мебошад. Дар ин ҷо метавон ибораи маъмулеро ёдовар шуд, ки «илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ » гуфтаанд.
Дар самти мубориза ба экстремизм ва терроризм ба роҳбарияти Прокуратураи генералӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм таҳия ва пешниҳод намоянд. Ва таъкид карда шуд, ки дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгўи шахсони бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад.
Ба ин хотир, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ вазифадор карда шуданд, ки муқаррароти Кодекси ҷинояти ва дигар қонунҳои дахлдорро вобаста ба ин масъалаҳо ҳамаҷониба таҳдиду баррасӣ карда, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ, онҳо ба Ҳукумат хулосаҳои мушаххас пешниҳод намоянд.
Дар идомаи гуфтаҳои боло қайд карда шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремисти ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генерали ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок манзур созанд.
Маҳз ба хотири таъмину амнияти суботи кишвар зикр гардид, ки «Роҳбарони сохтору мақомоти зикршуда вазифадоранд, ки дар баробари омодагии ҳаматарафаи ҳарби ва касбии ҳайати шахсӣ ва кормандону хизматчиёни харбӣ ба масъалаи тарбия ва обутоби ҷисмониву маънавии онҳо диққати доимӣ диҳанд.
Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бояд дар иҷрои вазифаву ӯҳдадориҳои хизматиашон доимо ҳушёру зирак бошанд, барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи субботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир – терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза баранд.
Ҳамзамон бояд бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мӯҳлати кутоҳтарин тавонистанд нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоянд.
Сарвари давлат терроризм ва экстремизмро вабои аср номида, зикр кард, ки террорист Ватан , миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таьдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм , ки аксаран таҳти шиораҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандози шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мерасонад.
Аз ҷониби Роҳбари давлат нисбат ба амали ғайриинсонии ҷанги Сурия гуруҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», ки дар назди омма модарашро ба қатл расонд, таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардида, зикр намуд, ки ҳамаи мову шумо аз ҳодисаҳое, ки дар Сурия ва дигар давлатҳо рух дода истодааст, огоҳ ҳастем. Ин ҳодисот бисёр ваҳшатангез аст. Вақте ки террорист модари худро ваҳшиёна қатл мекунад, модареро, ки фарзандашро аз чанд кишвар, бо чи гуна кофтукоб карда меёбад, ин ислом аст? Ин ваҳшоният аст! Ҳол он, ки Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон ҳама кишварҳои исломӣ ҳастанд. Инро ман ба мардуми Тоҷикистон таъкид карда мегӯям, зеро ки мову шумо дар солхои 90-уми асри гузашта ҳамаи ин бадбахтиҳоро аз сар гузаронидем».
Инчунин қайд карда шуд, ки руйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъият дар Шарқи наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳад, ки терроризм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.
Аз мардуми Тоҷикистон, хоса ҷавонон даъват када шуд, ки дар муқобили ин хатарҳо муттаҳид бошанд, ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба фиребу гумроҳсозиҳои ифротгароёни тундрав дода нашаванд.
Ҳамаи мо, халқи бо нангу номус вазифадор ҳастем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободии Ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Точикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем ва дар ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи амнияти давлату миллат ва баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.
Атоева М.М. – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони русии ДДҲБСТ