ДДҲБСТ: Тоҷикистон–пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон

17 апрели соли 2023 дар толори китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи нақшаи ҳафтаи илм дар донишгоҳ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бахшида ба ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” таҳти унвони “Тоҷикистон–пешонҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон” дар ҳамҷоягӣ бо кафедраи маркетинг–агробизнес семинари илмӣ–назариявӣ баргузор гардид.
Дар семинари илмӣ–назариявӣ дотсенти кафедраи географияи табиии факултети геология ва туризм, роҳбари маркази пиряхшиносии МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Турдиев Турдибой, сардори раёсати корҳои илмӣ–тадқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ, дотсент Самадова Заррина, мудири кафедраи маркетинг-агробизнес, дотсент Хӯҷаназарова Махсуда, дотсенти кафедраи маркетинг-агробизнес Сангинова Матлюба ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Директори китобхонаи илмӣ Ҳайдарова Гулнора семинарро оғоз бахшида гуфт, ки пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ зиёд аст. Аммо раванди тағйирёбии иқлим имрӯз барои ҳифзи пиряхҳо монеа гардида, боиси аз меъёр зиёд об гардидани онҳо шудааст. Сипас Заррина Самадова иброз намуд, ки воқеан иқдоми нави Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи глобалӣ дар миқёси ҷаҳон мебошад. Аҳамияти пиряхҳо дар табиат ва ҳаёту фаъолияти хоҷагии одамон ниҳоят калон аст. Вобаста ба афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон, талабот ба оби ошомиданӣ низ зиёд гаштааст, вале на ҳамаи давлатҳо имкони таъмини аҳолиашонро бо оби тоза доранд.
Дотсенти кафедраи географияи табиии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Турдиев Турдибой дар мавзӯи “Тағйирёбии глобалӣ–регионалии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо” баромад намуда қайд намуд, ки Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор обанборҳои зиёд дорад. Тибқи маълумоти Созмони милали муттаҳид то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии мамлакатҳои ҷаҳон аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ хоҳанд кашид. Бинобар ин масъалаҳои марбут ба об дар тамоми ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ доир ба масъалаҳои рушди устувор мақоми махсус доранд.Тағйирёбии иқлим ва гармшавии атмосфераи кураи Замин, ки ҳамаи ин дар натиҷаи истифодаи бесобиқаи захираҳои табиӣ ба амал омадааст, боиси вайрон шудани мувозинати экологии сайёра мегардад. Инчунин дотсенти кафедраи маркетинг–агробизнес Матлуба Сангинова дар мавзӯи “Состояние ледников по всему миру”маърӯза намуда қайд кард, ки пиряхҳои сатҳи хушкиро вобаста ба андоза ва хусусияту мавқеи чойгиршавиашон ба ду гуруҳи калон ҷудо мекунанд: пиряхҳои кухӣ ва руизаминӣ. Пиряхҳои руизаминӣ дар минтақаҳои кутбӣ паҳн гардидаанд. Андозаи онҳо бузург буда, масоҳати хеле калонро ҳамчун сипар пушондаанд. Пиряхи рӯизаминӣ бошад қариб тамоми сатҳи Антарктидаро фаро гирифтааст.
Дар идома аъзои махфили “Китобхони беҳтарин” донишҷӯи курси дуюми факултети баҳисобгирӣ ва андоз Зафарҷон Ҳасанзода дар мавзӯи “Таваҷҷӯҳи Тоҷикистон ба ҳифзи пиряхҳо” маърӯза намуда иброз дошт, ки об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Тоҷикистони офтобии мо дорои захираҳои тамомнашавандаи об буда, ҳамасола қисми зиёди обҳои равон маҳз аз кӯҳҳои осмонбӯси кишвар ҳосил мешаванд.
Дар анҷоми семинар дотсенти кафедраи маркетинг–агробизнес Махсуда Хӯҷаназарова меҳмононро барои иштирокашон дар семинар арзи сипос намуда, қайд кард, ки дар ҳақиқат Тоҷикистон кишвари биҳиштосо буда, дорои ҳамаи захираҳои бойи табиӣ мебошад. Мо бояд ин захираҳоро қадр намоем ва баҳри ба амал баровардани иқдомҳои Сарвари давлатамон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошем.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like