ТЭТ ҲНИ – ТАҲДИД БА ШУУРИ СОЛИМИ ҶАМЪИЯТӢ
«На шуури ҷамъиятӣ – ҳастии ҷамъиятиро, балки ҳастии ҷамъиятӣ – шуури ҷамъиятиро муайян мекунад».
К. Маркс
Марксизм ташаккулёбии шуури ҷамъиятиро ба ҳастии ҷамъиятӣ, ба давлат нисбат медиҳад, ки танҳо дар асоси давлат, сохтор ва қонуниятҳои амалкунандаи он, шуури инфиродӣ ва дар заминаи он шуури ҷамъиятӣ ташаккул меёбад. Бинобар ин маҳз давлат, ҳамчун базис самти асосии инкишофи шуури ҷамъиятиро муайян мекунад. Надстройкаи давлат, ки дар асоси он иделогия ва сиёсати давлат бавуҷуд меояд роли асосӣ дар ташаккулёбии шуури фардиву ҷамъиятӣ мебозад. Чи тавре, ки Г.В. Гегел дар «Фалсафаи таърих» таъкид мекунад: «Ҳама арзишҳои инсонӣ, ҳама ҳастии маънавиёти ӯ, танҳо ба шарофати давлат вуҷуд дошта метавонад».
Лекин дар замони муосир таъсири иделогияи давлатҳои хориҷӣ, равияҳои экстримистиву мазҳабӣ дар ҷамъияти мо торафт вусъат гирифта, ба ташаккули шуури фард таъсир расонида, онро тағйир медиҳад. Ба ҳаракатҳои экстримистиву терористӣ ҳамроҳ шудани нафароне аз ҷомеа, ки бештар манфиатҳои моливу пулӣ доранд, аз паст будани сатҳи маърифат ва арзишҳои миллии онон шаҳодат медиҳад. Ҳоло арзишҳои динӣ аз арзишҳои миллӣ боло меистад. Мутассифона, байни омма саволе бисёр вомехӯрад, ба монанди: «Ту мусулмонӣ?» на ин, ки «Ту тоҷикӣ?». Яке арзишҳои диниро ифода кунанд, ҳамчун умумияте, ки ба ҳама халкиятҳои гуногун мансубаст, ки зери як дин онҳо муттаҳид мешаванд ва амалиётҳои ғаразноки худро содир мекунанд. Яъне онҳо динро ҳамчун ниқоб истифода бурда, манфиати худро ҳимоя мекунанд. Дигаре арзишҳои миллиро ифода мекунад, ки ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва масъулиятшиносии онҳо нисбат ба халқу миллат мавҷуд аст, ки онҳо фарзандони бо нангу номи миллатанд.
ТЭТ ҲНИ – бо ҳар роҳ, бо идеологияи ифротгароёнаи хеш ба шуури шахсони алоҳида таъсир расонида онҳоро ба пайраҳои пурталотуми террористиву экстримистӣ, ба сӯи марг роҳсипор карданд. Ин ҳолат аз паст будани маърифати ашхосон шаҳодат медиҳад, ки ононро ба доми ҲНИ бе ҳеҷ мушкилӣ, бо пулу чиз ва ваъдаҳои бардурӯғ, фиреб дода, гирифтор кардан мумкин аст. Наҳзатиён исломро ҳамчун восита барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ғаразноки худ истифода карда, нопок гардониданд. Шуури ҷамъиятӣ бе шуури динӣ мавҷуд буда наметавонад, ки яке аз қисматҳои асосии шуури ҷамъиятиро дар бар мегирад. Наҳзатиён маҳз ба шуури динии одамон такъя карда, онҳоро ба доми худ гирифтор мекунанд.
Барои бедор кардани ҳисси милливу ватанпарастӣ ва ба шуури инфиродиву ҷамъиятӣ таъсир расонида, онро солим нигоҳ доштан, яъне аз ақидаҳои экстримиству мазҳабӣ озод намудан, корҳои ташвиқотиву тарғиботиро дуруст ба роҳ мондан лозим аст. Шуури инфироди тарбиятшаванда аст. Дар ҳама муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ васеъ ҷорӣ намудани фанҳои ҷамъиятиву гуманитарӣ ва фалсафӣ, аз овони наврасиву ҷавонии толибилмону донишҷӯён тарбият кардани онон дар рӯҳияи хештаншиносии миллӣ, ин аст ҳадаф ва мақсади асосии ҳама сохторҳои сиёсиву ичтимоии давлатӣ .
Темиров К. О. – муаллими калони кафедраи молия ва қарзи ДДҲБСТ