Терроризм ва экстремизм – таҳдиди воқеӣ ба инсоният

Терроризм ва экстремизм дар солҳои охир ба хатари умумиҷаҳонӣ мубаддал гаштааст. Ин зуҳуротҳои номатлуб мутаасифона имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба нигаронӣ овардааст. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад.

Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Истилоҳи «терроризм» бошад, (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Мавриди зикр аст, ки дар яке аз паёмщои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хатарҳои терроризму экстремизм диққати махсус дода, аз ҷумла қайд намуданд, ки рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи  ҷаҳонӣ муосир табдил ёфтаанд.

Фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо – Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш  дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро  боз ҳам ноором месозад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар, аз ҷумла таъкид намуданд: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар  ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».

Дар доираи тақвияти мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар як қатор чорабиниҳоро амалӣ сохта истодаанд.

Имрӯз террористон барои амалисозии  ҳадафҳои нопоку сангин аз тамоми воситаҳо истифода мебаранд, ва ҷавонони  ноогоҳро ба гумроҳӣ мебаранд. Ҷавонони тоҷик дар ин вазъи  ҳассос бояд ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд, то  сайди содаю гумроҳи найрангҳои ифротгароён нашаванд.

Зеро имрӯз иштирок дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷ, яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок чораҳои судманд андешида истодаанд.

Амалҳои содирнамудаи террористон гувоҳӣ он аст, ки имрӯз ягон кишвари дунё аз хатарҳои террористӣ эмин нест. Терроризм, ки сарчашмаҳои идеологӣ ва сиёсӣ низ дорад, ҷинояти сангин зидди инсоният аст. Имрӯз террористон барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳама роҳу восита истифода мекунанд.

Барои ин ҳам мо бояд ҳушёрӣ, зиракии сиёсӣ ва фарҳангии худро аз даст надиҳем. Барои он ки амалҳои зишти террористӣ, экстремистӣ барои ҷаҳони имрўза таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд. Мо бояд ба вазъи  Афғонистони ҳамсоя, Сурия, Ироқ Либия, Яман ва мамлакатҳои дигар, ки аз шумили қадами ифротгароён ба харобазор  мубаддал гаштаанду мардумонаш зору гуреза шуданд  нигарем, бо шукрона аз сулҳу ваҳдату субот барои пойдории оромӣ ва шукуфоии Ватани азизи  худ Тоҷикистон талош варзем.

Қодирӣ А.Ҳ. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи ДДҲБСТ

You might also like