ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА БАҲРИ РУШДИ УСТУВОР
Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақом ва мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз пеш мустаҳкам намуда, ба сифати субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ баромад мекунад. Албатта дар баланд рафтани нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст. Маҳз иродаи мустаҳкам, дарки воқеии мушкилоти миллату давлат ва хиради азалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поягузории дурусти сиёсати хориҷӣ ва муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ замина гаштааст. Саҳми Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, махсусан дар ҷодаи ҳалли муаммоҳои вобаста ба об ва ивазшавии иқлим мавриди зикр мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшад. Аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асамблеяи генералии СММ 7 қарордод вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд. Эълон намудани солт 2003 Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об соли 2013, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028 аз зумраи ташаббусҳои байналмилалие мебошад, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида ва ҷомеаи ҷаҳонӣ онро дастгирӣ намудааст.
Ташаббусҳои мазкур дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмуъ рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳамчунин ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби созмони бонуфузи ҷаҳонӣ СММ ҷонибдорӣ гардид, ки ин муваффақияти навбатӣ дар самти боло бурдани обрую нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Зимни суханронҳои хеш дар чорабиниҳои сатҳҳои гуногун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Ивазшавии иқлим ба обшавии босуръати пиряхҳо оварда расонида, мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, рӯзи 21-уми март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Боиси ифтихор аст, ки пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт ва ташаббуси мазкур муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардид. Ифтихор аз он дорем, ки Тоҷикистон саҳми арзандаи худро дар ҳалли масоили муҳимми глобалӣ гузошта истодааст ва ба ин васила мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор мегардонад.
Ҳошимова Н.А. – муаллимаи калони кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ