БИЁЕД ДАР АТРОФИ ОБ МУТТАҲИД БОШЕМ
Бе об ҳаёт вуҷуд надорад. Об сарчашмаи зиндагӣ. Об моро муттаҳид мегардонад. Он ҳамчун омили асосии мавҷудияти ҳаёт яке аз захираҳои табиии бениҳоят муҳими сайёра ба шумор меравад.
Тавре, ки Сарвари давлат таъкид доштанд «Об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад. Қудрати бузурги об ин аст, ки қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад». Мутаасифона имрӯз яке аз муаммоҳои глобалии олам истифода ва ҳифзи захираҳои обӣ ва масъалаҳои марбут ба он мебошад, ки дар ин замина барои истифодаи сарфакоронаву оқилонаи об дар раванди баррасии муаммоҳои глобалӣ маҳз Тоҷикистон ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боназардошти манфиатҳои ҷомеа ва тағйирёбии иқлим кӯшиш намудааст на танҳо аҳолии кишвар, инчунин аҳли башарро имрӯз барои аз як гиребон сар баровардан муттаҳид намояд.
Хушбахтона Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда дар ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва берун аз он вобаста ба истифодаи захираҳои об, ки нақши калидиро дар рушди устувори кишвар мебозад, аҳамияти ҷиддӣ дода истодааст.
Бояд таъкид дошт, ки баъд аз солҳои 2000-ум дар асоси 4 ташаббуси аз тарафи роҳбарияти олии Тоҷикистон пешниҳодгардида Қатъномаҳои Маҷмааи СММ оид ба эълон гардидани «Соли 2003 – соли оби тоза», «Даҳсолаи байналмилалии амал», «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли 2013- соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» боиси баргузории чандин ҳамоишҳои байналмилалӣ, конфронсу симпозиум ва семинарҳои илмии аҳамияти ҷаҳонӣ дошта дар гӯшаю канори олам беш аз беш роҳандозӣ гардида истодаанд. Ин аст, ки бо пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 77-уми СММ, рӯзи 14 декабри соли 2022 Қатъномаро оид ба «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», Маҷмааи умумии СММ ва ширкаткунандагони иҷлосия «Рӯзи 21 март – рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро эълон намуда, таъсис додани Фонди бовари байналмилалӣ барои саҳмгузории ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 гузаронидани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар шаҳри Душанберо дастгирӣ намуданд. Дар Қатъномаи мазкур аҳамияти пиряхҳо, ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор зикр гардидааст. Яъне ин Қатънома қатъномаи оддӣ нест, балки эътирофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун роҳнамои аҳли сайёра буда, унвони пешвои беҳдошти ҳифзи табиат ва ғамхори аҳли сайёра дода шуд.
Пешниҳоди навбатии башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби роҳбарони давлатҳо хуш пазируфта шуд. Бори дигар оламиён аз бузургии миллати тоҷик, хиради воло ва хислатҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқиф гардиданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши таърихӣ бо ташаббуси навбатӣ вобаста ба ҳифзи пиряхҳо муроҷиат ба сарони давлатҳо, роҳбарони ҳайатҳо, дабири кулл, раиси маҷмааи СММ барои давлатҳои узв, созмонҳои муттаҳид ва гуруҳи дӯстдорони об барои талош дар ин самт изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар радифи пешниҳодҳои зикрёфта Тоҷикистон сиёсати муваффақонаро фаъолона пеш мебарад ва онро дар ҳаёти башарият татбиқ менамояд.
Ҷиҳати амали намудани Барнома бо мақсади омўзиши қонуниятҳои тақсимоти боришот ва қабати барф, шароитҳои ташаккули тармаҳо ва ҷараёни селҳо, реҷаи обуҳавосанҷии дарёҳо, кўлҳо, обанборҳо, пиряхҳо, зарурати таъсиси Маркази яхшиносӣ ва обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.
Самти афзалиятноки ҳаётан муҳим таъмини истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон азхудкунии захираҳои гидроэнергетикии аз ҷиҳати экологӣ тоза муайян карда шудааст. Мақсади асосии ин барнома азхуд намудани захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои хурд, афзоиш додани истеҳсоли нерўи барқ ва таъмини талаботи маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои дурдаст бо нерўи барқ мебошад.
Тағйирёбии иқлимро ҳамчун таҳдиди замони муосир ва дигаргун шудани экосистемаи экологии асосии миқёси глобалӣ дониста, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз соли 2009 зимни вохӯрии ҷашнии Созмони умумиҷахонии обуҳавосанҷӣ дар шаҳри Женева ва баъдан дар вохӯрии тарафҳои Протоколи Киото оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген, ҷиҳати таъсиси хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таклиф пешниҳод намуда буданд. Муҳимияти масъалаҳои мазкурро ба инобат гирифта, дар сатҳи миллӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми майи соли 2010, №209 «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2030» қабул карда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари СММ ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки санаи 21-уми марти соли 2023 баргузор гардид таъкид намуданд, ки: “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ дар неругоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мешавад. Ин дар ҳолатест, ки мо ҳамагӣ 5 фоизи зарфиятҳои гидроэнергетикаи кишварамонро аз худ кардаем. Бинобар ин мо тасмим гирифтаем, ки иқтидори НБО-и худро то соли 2050 ду баробар афзоиш дода дар рушди иқтисоди сабз саҳми муносиб гузорем. Қобили зикр аст, ки ҳоло Тоҷикистон аз рӯи ҳиссаи истеҳсоли неруи барқ аз захираҳои барқароршавандаи обӣ яъне тавлиди энергияи сабз дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорад”.
Мувофиқи маълумотҳои бойгонӣ, дар солҳои 60-уми асри гузашта дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 14500 пиряхҳо мавҷуд буда, ҳаҷми онҳо ба 845 км3 баробар ва масоҳаташон 6-8% ҳудуди кишварро ташкил медоданд.
Коҳиши пиряхҳо сабаби то 20-40% камшавии таъмини оби дарёҳо аз ҳисоби онҳо гардида, ҷоришавии умумии дарёҳои асосиро то 7% кам менамояд. Шиддати баланди обшавии пиряхҳо, дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим, то андозаи муайян ба хушкшавии баҳри Арал низ мусоидат намуд. Мувофиқи арзёбии коршиносон, як қисми намакҳои аз баҳри Арал паҳншуда ба пиряхҳои Помиру Тиён-Шон нишаста, обшавии онҳоро метезонад. Тағйирёбии масоҳатҳои яхбаста ва барфпӯши минтақаи ташаккулёбии ҷараён ба реҷаи гидрологӣ ва дар маҷмӯъ ба захираҳои об таъсири зиёд мерасонад. Пиряхҳо ва барфтӯдаҳо, ки 25-30% ҷараёни солонаи обро таъмин менамоянд, дар давраи нашъунамо то 50% манбаи асосии ташаккули ҷараёни оби дарёҳо дар Осиёи Марказӣ мебошанд. Ба ақидаи баъзе олимон, таҳқиқи пиряхҳои Помир, ки онҳо 60% масоҳати яхбастаи Осиёи Миёнаро ташкил медиҳанд, имконият медиҳад, ки тағйирёбии иқлим дар якчанд ҳазорсолаи охир муайян карда шавад. Натиҷаи ин таҳқиқот дар тараққиёти илми ҷаҳонӣ дар бораи иқлим нақши муҳим бозида метавонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии конфронси дуюми СММ оид ба масоили об, ки давоми се рӯз 21-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар СММ муддати 46 сол бори аввал доир гардид таъкид намуданд, ки “мо ба хотири баррасии якчанд масъалаҳои ҳаётан муҳим ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг, иқтисодиёти кишварҳоямон вобаста доштем. Татбиқи минбаъдаи ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба обро аз даст надиҳем. Даҳсолаи об оғози шоҳроҳи амалҳои мушаххаси мо мебошад. Рӯзномаи амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дар пеш истодаи СММ яъне Самити ҳадафҳои рушди устувор 2023, Самити оянда 2024, Самити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ 2025 ва тавассути формулаҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои СММ ва албатта равандҳои оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шуд”. Дар солҳои минбаъда се ташаббусҳои дигари Сарвари давлат вобаста ба ҳифзу гиромидошти неъмати бебаҳои табиат яъне обро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфтанд.
Бо боварӣ метавон изҳор намуд, ки конференсияи навбатӣ оид ба татбиқи даҳсолаи байналмилалии об, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ҳадафу мақсадҳои дилхоҳро хоҳад дод.
Пӯлотова М. А. – номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ