ТАРБИЯИ ШУУРИ СИЁСИИ ҶАВОНОН

Дар ҳама давру замон масъалаи донишомўзӣ, илмомўзӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷавонону наврасон мавзўи муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро, насли дорои донишу фаҳмиши баланд захираи муҳими ҷомеа ба шумор рафта, барои рушди давлату миллат саҳми бисёр назаррас хоҳанд гузошт. Аз ҳамин лиҳоз падару модар, ҷомеа ва давлат кўшиш ба харҷ медиҳанд, то насли ҷавон аз донишҳои гуногун бархўрдор гардида, пайваста ба илмомўзӣ, аз бар намудани касбҳои муфид, машѓул гарданд. Ҳатто дар садсолаҳои пеш падару модарон дар ивази молу дороии бузурги худ, розӣ буданд, то фарзанди хешро ба ягон мадрасае фиристанд ва ё ба назди ягон устоде рафта сабақ бигирад. Дар давраҳои гузашта мардуми омма на ҳамеша имконияти дастрасӣ ба иттилоот, гирифтани маълумот ва роҳ ба сўи китобхонаи дарбор ё ягон мадрасае доштанд. Ҳатто Ибни Сино баъди табобат кардани яке аз подшоҳони сулолаи Сомониён имконияти ба китобхонаи дарбор ворид шуданро пайдо намуд. Ва бо ин тариқ ў бо китобҳои гуногун ошноӣ пайдо намуда, дониши худро сайқал дод ва бо талошу кўшишҳои зиёд асарҳои гаронбаҳоеро барои насли замон худ ва ояндагон ҳамчун мерос боқӣ гузошт.

Дар воқеъ натанҳо Ибни Сино, балки тамоми гузаштагони мардуми форсу тоҷик дар як шароити нисбатан вазнин ва душвор рў ба илмомўзӣ оварда, ба дастовардҳои назарраси илмиву фарҳангӣ ноил гардиданд, ки тамоми башарият аз онҳо истифода мебарад ва мо дар навбати худ имрўзҳо аз онҳо ифтихор менамоем. Дар ин росто ба назари мо яке аз вазифаҳои муҳим, ин бавоя расонидан ва тарбия намудани ҷавонони худшинос, худогоҳ ва соҳибмаърифат мебошад, ки то онҳо низ тавонанд чун гузаштагони худ ба дастовардҳои илмӣ шарафёб бишаванд ва обрўву эътибори давлату миллати худро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои охир баҳри тадбиқи ҳадафи зикршуда, корҳои зиёд анҷом ёфтанд, ки ҳамаи мо аз он шоҳид ҳастем. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам заҳмату талош менамоянд, то сифати маориф ва донишомўзӣ дар кишвар баланд бардошта шавад, зеро бидуни рушди илму маърифат ва фарҳанг расидан ба ҳадафҳои баланди милливу давлатӣ имконпазир нест. Ҳамчунин дар шароити гаравиши ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротгароии динӣ зарурати донишомўзӣ ва илмомўзии насли ҷавон дучанд мегардад.

Ба назари мо, яке аз масъалаи муҳим дар самти илмомўзӣ ин тарбияи фикрӣ мебошад. Зеро, тафаккур яке аз муҳимтарин сарчашмаи офараниши идея, тавлидкунандаи илми нав ва кашфиётҳои нави илмиву технологӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳар давру замон масъалаи тарбия аҳамияти махсус дорад, вале имрўзҳо дар баробари дигар навъҳои тарбия, тарбияи тафаккури сиёсии ҷавонон ва умуман аҳли ҷомеа яке аз мавзўҳои муҳими сиёсиву амниятии ҳар як кишварҳои алоҳида ва ҷомеаҳои ҷудогона мубаддал гардидааст. Дар замони пеш давлати Шўравӣ ва ҳукумати онвақта комилан зидди баланд шудани фарҳанги сиёсӣ ва маърифати сиёсии мардум буд. Гарчанде ки соли 1948 аз ҷониби ЮНЕСКО минбаъд дар донишгоҳҳои кишварҳои ҷаҳон таълим додани фанни сиёсатшиносӣ қарор қабул гардид, вале то пош хўрдани давлати Шўравӣ фанни мазкур дар Тоҷикистон ва дар дигар давлатҳои дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ қарор дошта, таълим дода намешуд. Сабабҳои манъ будани таълими фанни сиёсатшиносӣ гуногун буданд. Ба андешаи мо далели асосии он шароити сиёсӣ ва геополитикии он давра (1) ва режими сиёсии давлати Шўравӣ (2) ба ҳисоб мерафт.

  Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона боис гардид, ки масъалаи тафаккури сиёсӣ, маърифати сиёсӣ ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсии шаҳрвандон ва умуман мардуми тоҷик аҳамияти ҷиддӣ пайдо намуд. Зеро, барои давлате, ки рў ба сўи ҷомеаи демократӣ намудааст, фаъолнокии ҳар як шаҳрванд ва аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Ва барои фаъолона иштирок намудан дар давлатдорӣ аз шаҳрванд талаб мешавад, ки ў аз лиҳози сиёсӣ огоҳ, ҳушёр, бомаърифат ва фарҳанги баланди сиёсӣ дошта бошад.

Бо кадом роҳҳо метавон шуури сиёсии ҷавононро баланд бардошт?

  1. Мутолиаи рўзномаву маҷалла ва китобҳо;
  2. Омўзиши илмҳои сиёсӣ (махсусан Сиёсатшиносӣ);
  3. Тамошои барномаҳо оиди ҳаёти сиёсӣ;
  4. Ҳамарўза бохабар будан аз ҳодисаву воқеаҳои сиёсии дохили давлатӣ ва ҷаҳонӣ;
  5. Иштирок намудан дар маъракаҳои сиёсӣ, маҳфилҳои сиёсӣ.

 

Бояд қайд намуд, ки тарбияи тафаккури сиёсӣ ва баланд бардоштани шуури сиёсии ҷавонон бо худшиносии сиёсӣ ва худогоҳии сиёсӣ алоқамандии зич дорад. Барои баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии мардум пеш аз ҳама бомаърифат ва соҳибфарҳанг будани онҳо лозим аст. Яъне, ҷавонон бояд таърихи миллати худ, дини худ, фарҳангу анъанаҳои миллати хешро дониста бошанд. Барои ҳамаи ин баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёна ва олӣ зарур буда, иштироки фаъоли падару модар, муаллим ва аҳли ҷомеа ва ѓамхориву таваҷҷуҳи доимии давлат муҳим мебошад.

Шуури сиёсӣ бо навъҳои гуногуни шуур ба монанди шуури ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва динӣ алоқамандии зич дорад. Ин навъҳои шуур дар ҳамбастагӣ ва дар алоқамандӣ инкишоф меёбанд. Мисол, то шахс шуури иқтисодиву иҷтимоии муайян надошта бошад, баланд шудани шуур сиёсии ў имконпазир нест.  Яъне, барои рушди шуури сиёсӣ як қатор донишҳое лозиманд, ки то маърифати сиёсии шахс ба таври лозима боло равад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар шароити рушди иттилоот агар аз як ҷониб омилҳои рушди тафаккури сиёсӣ зиёд бошад, аз тарафи дигар мавҷуд будани сарчашмаҳои зиёди иттилоот ва идома ёфтани ҷанги иттилоотӣ байни тамаддунҳо ва кишварҳои ҷаҳон маводҳои фиребандаву ѓайривоқеиро зиёд намудааст, ки онҳо тафаккури сиёсии мардумро носолим ва заҳролуд менамояд. Аз ҳамин лиҳоз пуриқтидор ва баланд бардоштани тавоноии сарчашмаҳои иттилоърасонии дохилидавлатии худии тоҷикӣ ва ҳимоя намудани фазои иттилоотии Тоҷикистон ва ҳифзи амнияти иттилоотии давлат ниҳоят муҳим ва зарурист.

Шуури сиёсӣ бо чигунагии раванди сотсиализатсияи сиёсии шахс вобастагӣ дошта, дур будан ва дур шудани як шахс аз равандҳои сиёсиву иҷтимоии ҷомеа бевосита ба тафаккури сиёсии ў таъсир мерасонад. Дар ин робита бегонашавии шахс аз ҷомеа ва аз равандҳои иҷтимоиву сиёсии ҷомеа ба вуҷуд омада, баъзан заминаи хуб барои гаравиши ҷавонону наврасон ба созмонҳои ифротгароии динӣ мегардад. Яъне, вақте шахс дар ҷомеа ҷойгоҳ, мавқеи муайян надорад, худро дар дохили ҷомеа пайдо карда наметавонад, ў ҳатман кўшиш менамояд худро дар ҷомеаи бегона пайдо намояд. Ва аксар вақт чунин шахс на танҳо нафъе ба ҷомеа намеорад, балки ба як омили хатарзо ба суботу амният ва оромии ҷомеа мегардад.

Хулоса, баланд бардоштани шуури сиёсии ҷавонон – ин раванди мақсадноки ба вуҷуд овардани донишҳои сиёсӣ дар ҷавонон бо роҳи омўзиши моҳияти падидаву ҳодисаҳои сиёсӣ, дарку шинохти сиёсат, олами сиёсат, худшиносии сиёсӣ, худогоҳии сиёсӣ пеш аз ҳама аз тарафи ҷавонон, падару модар, устодон, ҷомеа ва давлат мебошад.

 

Саидзода Ш.Ш.раиси шўрои олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

You might also like