ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАИ ҶАҲОНИИ ОБУ ИҚЛИМ
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳибистиқлолии давлатӣ барои муаррифӣ ва рушди ҳамаҷонибаи худ муносибатҳои дипломатиро бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро амалӣ менамояд.
Аъзо шудани Тоҷикистон дар чанде аз созмонҳо имкон фароҳам овард, ки кишвар дар доираҳои гуногуни давлатҳо эътироф ва пазируфта бишавад. Гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ боиси ба таври манфӣ шинохта шудани Тоҷикистон аз ҷониби субъектони дигари муносибатҳои байналмилалӣ гардид, он минбаъд имкон фароҳам овард, ки бо роҳбарии Президенти кишвар мактаби бузурги дипломатияи тоҷик инкишоф ёбад. Сарвари давлат аз рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон, баробари ба масъалаҳои дохилӣ машѓул шудан, дар самти сиёсати берунӣ қадамҳои назаррас гузошта, бо давлатҳои дуру наздик ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкориҳои гуногунсамтро ба роҳ монданд.
Марҳилаи нави рушди сиёсати хориҷӣ, ки боиси баланд шудани эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мегардад, маҳз бо пешниҳоди Президенти кишвар дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ (1 октябри 1999) алоқамандии бевосита дорад. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Ҳамчунин пешниҳодҳои дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз тарафи СММ эълон шудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» ва Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид.
Ҳамаи ин ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пештибонии аксарияти кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид амалӣ гардида истодаанд, ки он нишонаи аҳамияти умумисайёравӣ ва мубрам будани масъалаҳои ба миёнгузоштаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Воқеан, ҳамаи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон на танҳо ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии кишвар, ҳамчунин, он барои кулли давлатҳои ҷаҳон аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин иқдомҳои худ тавонист, таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои ҳалталаби оби тоза ҷалб намуда, онҳоро ба мавзӯи баррасӣ ва ҷустуҷӯҳои ҷиддии кишварҳои ҷаҳон табдил бидиҳад.
Боиси ифтихору сарфарозии ҳар яки мост, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конференсияи дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба рӯзҳои 22-24 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид ва дар таърихи рушди дипломатияи тоҷик як саҳифаи наверо боз намуд.
Умедворем, ки таклифу пешниҳодҳои Пешвои миллат оид ба ҳаллу фасли масъалаи обу иқлим дар сайёра, ки дар рӯзҳои баргузории Конференсияи дуюми Созмони Милали Муттаҳид садо доданд, бо пуштибонии давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳон натиҷаҳои нек ба бор меорад ва бо ин восита Тоҷикистон саҳми муносиби худро дар ҳаллу фасли муаммоҳои ҷаҳонии обу иқлим мегузорад. Гузашта аз ин, дар солҳои минбаъда баргузор шудани конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳо вобаста ба об дар Тоҷикистон ва таҳқиқу пешниҳодҳои муфиди олимон метавонад, барои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилот марбут ба об ба муаррифии боз ҳам шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши назаррас хоҳад дошт.
Тамоми талошу заҳмат ва кӯшишҳое, ки Роҳбари давлат дар самти сиёсати хориҷии кишвар ба анҷом расониданд, барои рушди сиёсати дарҳои кушодаи мамлакат, боло бурдани обрӯву мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат намуд. Боварӣ дорем, ки дарки дуруст ва шинохти амиқи хизматҳои Пешвои миллат ва комёбиҳои кишварамон дар самти сиёсати хориҷӣ барои шаҳрвандон, махсусан ҷавонони соҳибмаърифати кишварамон омили ифтихори миллӣ ва боз ҳам боло рафтани ҳисси Ватандӯстии онҳо мегардад.
Шӯҳрат Саидзода – н.и.с., дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ