Баргузории чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ дар ДДҲБСТ

18 марти соли 2023 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз доир гардид. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби ҳафт факултети донишгоҳ хаймаҳои наврӯзӣ ороста шуда, дар он хӯрокаву хуришҳои хоси ин ҷашни қадимаи мардуми куҳанбунёди тоҷик ба намоиш гузошта шуд. Дар даромадгоҳи донишгоҳ меҳмонон бо судои карнай пешвоз гирифта шуданд, ки ба тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар донишгоҳ шаҳомати хоса бахшид. Роҳбарияти донишгоҳ ҳамроҳи меҳмонон аз растаҳои оростаи факултетҳои донишгоҳ дидан намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиёнро ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ шодбош намуда, иброз дошт, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамзамон чанде аз меҳмонон-дотсенти Донишгохи миллии  ба номи Мирзо Улуғбек, Лола Султонова ва  мудири маркази таълимии Донишкадаи молиявии Тошканд Тошпулотова Насиба  баромад карда, перомуни ин ҷашни қадима ва расму оини он ибрози андеша карданд. 

Инчунин намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баромад карда, афзуд, ки ҷашни Наврўз таҳти сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб шудааст.

Дар саҳни чорабиниҳои наврӯзии донишгоҳӣ низ духтарону бонувони донишгоҳ бо аз бар намудани либосҳои миллӣ, оростани хони наврӯзӣ ва қироати шеъру гуфторҳои баҳориву наврӯзӣ ба ҳусни тантаҳои ҷашнӣ таровати дигар зам карданд. 

Дар доираи чорабинии мазкур байни факултетҳо озмун таҳти унвони “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст” баргузор гардид, ки аз ҳафт номинатсия иборат буд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамон дастаҳои ғолиб муайян гардиданд. Ҳамин тавр дастаи факултети  ҳуқуқшиносӣ сазовори ҷойи аввал, дастаи факултети инноватсия ва телекоммуникатсия мақоми дуюм ва дастаи факултети молия сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва туҳфаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд. Ҳамҳамон ба дастаҳои факултетҳои дигар барои иштироки фаъолона шаҳодатнома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и назди раёсати донишгоҳ бо барномаҳои рангини консертӣ хотири иштирокдоронро шод карданд ва зери суруду мусиқиҳои дилнишин  Наврӯзи ҷаҳонӣ хубу хотирмон таҷлил гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like