Баргузории чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Модар дар ДДҲБСТ

07 марти соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор шуд. Дар оғози чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баромад карда, занону бонувонро ба ифтихори Рӯзи Модар шодбош намуд. Иброз шуд, ки дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат — ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад, ки беҳуда нест. Зеро шукуфоии ҳаёту зиндагӣ аз қалби поку беғубори Модар аст.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, онҳо дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созанда дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми назаррас доранд. Ин аст, ки сол аз сол сафи занону бонувони роҳбарикунанда дар мақомоту идораҳои давлатӣ афзун мегардад, ки аз таваҷҷӯҳу дастгирии роҳбари давлат ба ин қишри асосии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад. Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд: «Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад. Вай ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд. Яъне дар шуури насли наврас ташаккул додани эҳсоси муҳаббат ба донишу маърифат, одобу ахлоқ, нангу номус ва ватандӯстиву заҳматкашӣ, қабл аз ҳама, хизмати модар мебошад».
Воқеан, модар олиҳаи зиндагӣ, офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, ҳидоятгари некиву накӯкорӣ, сарчашмаи сулҳу оромӣ, озодӣ ва суботи ҷовидона буда, ба ин ҳама хираду бузургии модарону хоҳарон самимона арҷ мегузорам. Дар ин лаҳзаҳо бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки баҳри мусоидат ба раванди шукуфоии Ватан дар радифи мардуми шарифи кишвар Шумо – бонувони донишгоҳ низ ҳиссаи босазо мегузоред. Маҳз, туфайли меҳнати софдилона, эҷодкорию бунёдкорӣ, шуҷоату иродаи мустаҳками Шумо – бонувони саодатманд донишгоҳамон дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хоричи кишвар беш аз пеш мавқеи сазоворро соҳиб мегардад. Сифати таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ шуда, донишгоҳ ба сафи даҳгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шомил шуд.
Пазируфта шудани донишгоҳ ба аъзогии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё пайки шодиафзо буда, дар ин дастоварди донишгоҳӣ саҳми Шумо – бонувони меҳрубон назаррас аст. Дар донишгоҳ ҳоло 268 нафар занону бонувон фаъолият мебаранд, аз ин теъдод 73 нафарашон дорои унвони илмӣ мебошанд, ки 45 фоизро ташкил медиҳад. Давоми соли қаблӣ 13 нафар бонувон рисолаҳои номзадиву доктории худро сарбаландона ҳимоя намуда, сазовори дараҷаву унвонҳои илмӣ гардидаанд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 2 ҳазору 471 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Дар баробари ҷавонписарон духтарони донишгоҳ дар озмуну олимпиада ва мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявиву байналмилалӣ иштирок намуда, парчами кишвари азизамонро парафшон намудаанд, ки боиси ифтихори мо мебошанд, илова кард роҳбари донишгоҳ Шарифзода М.М.
Сипас, намояндагони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Раёсати маорифи вилояти Суғд иштирокчиёнро ба ифтихори Рӯзи Модар табрик намуданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба занону бонувони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуда, барномаи рангини фарҳангӣ, ки бузургиву мақоми Зан-Модарро ифода мекард ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like