Мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо хатмкунандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд

02 марти соли 2023 дар қасри Суғдиёни шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна умумии шаҳри Хуҷанд доир шуд. Муовини ректори оид ба таълими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳаким Ғаюров баромад карда, ба иштирокчиён доир ба шароиту имкониятҳои ДДҲБСТ маълумот дод.
Иброз шуд, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самараи неки даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар равнақу шукуфоии низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат, ҳамчун боргоҳи маърифат ва маскани тарбияи наслҳои созандаву мутахассисони ҷавобгўи талаботи замон, мавқеи устувор ва шоистаи худро касб намудааст. Имрўз дар донишгоҳ зиёда аз 7 ҳазор нафар донишҷӯён аз дохил ва хориҷи кишвар аз рӯи 43 ихтисос бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, хитойӣ ва немисӣ таҳсил намуда, ба таълиму тарбияи онҳо 350 нафар профессорону омўзгорон, ки бештар аз 50 фоизи онҳо соҳиби унвонҳои илмӣ мебошанд, машѓуланд.
ДДҲБСТ дар тўли 30 соли фаъолияташ зиёда аз 18 ҳазор нафар мутахассисони соҳибтахассус ва ҷавобгўй ба талаботи бозори меҳнатро омода намудааст. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он ба ҳайси роҳбарону мутахассисон дар тамоми вазорату кумитаҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони муваффақ фаъолияти босамар доранд.
Боиси ифтихор аст, ки аз рӯи рейтинги Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар қатори 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии беҳтарини кишварамон ҷой гирифтааст.
Имрӯз донишгоҳ аъзои фаъоли Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай, Донишгоҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Лигаи донишгоҳҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё ба ҳисоб рафта, бо зиёда аз 80 муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, марказҳои илмӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Темпус, Эразмус Мундус, Эразмус+ ва дигар барномаҳои грантӣ ҳамкориҳоро дар самти табодули устодони варзида, ҷалби магистрҳо, докторантон ва унвонҷӯён ба таҳсил ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот ба роҳ мондааст.
Бо мақсади ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ДДҲБСТ аввалин байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ба гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ ноил гардид, ки ин як қадами устувор дар роҳи ворид шудан ба рейтинги байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад, илова кард Ҳаким Ғаюров.
Дар қисмати дуюми мулоқот саволу ҷавоб байни хатмкунандагон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ДДҲБСТ таҳти рақами 110 қарор дорад.

You might also like