Баргузории маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 феврали соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 30 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Маҷлиси тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Дар чорабинӣ роҳбарият ва намояндагони  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, комиссарияти ҳарбии шаҳри Хуҷанд, қисмҳои низомӣ ширкат варзида, устодону донишҷӯёни донишгоҳро табрик намуданд. 

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиёнро ба муносибати 30 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки мо дар арафаи таҷлили Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. 23 феврали соли 2023 ба таъсисёбии ин сохтори муҳими кишвари азизамон 30 сол сипарӣ мегардад. Ба ифтихори ин санаи муҳиму муқаддас Шумо – устодони арҷманд ва донишҷӯёни гиромӣ ва дар симои Шумо сарбозону афсарони далеру шуҷои Ватан ва мардуми сарбаланди кишварро табрику муборакбод менамоям. Маврид ба ёдоварист, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон бо роҳнамоӣ ва матонату мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, ҳамчун сохтори боэътимод, кафили амнияту оромии давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Роҳбари донишгоҳ, илова кард, ки ҳамасола аз ҳисоби хатмкунандагони донишгоҳи мо ҷавонони бо нангу номус барои адои вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии худ ба ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азизамон сафарбар мегарданд. Аз он ҷумла, дар соли хониши 2021-2022 189 нафар хатмкунандагонамон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардиданд, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ зиёд мебошад. Танҳо бо садоқат ба Ватан ҳар як шахс метавонад дар  ҳифзи манфиатҳои давлату миллат камари ҳиммат бандад. Аз ин рӯ, насли ҷавони моро мебояд, ки ҷиҳати ҳимоя ва нигоҳдошти сарзамини аҷдодиамон ҳамеша омода бошанд.

Сипас, ғолибони як зумра мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ, ки ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардида буданд, бо Диплом ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд. Ҳамзамон ба кормандону устодоне, ки баҳри ҳифзи Ватан-Модар дар сафи Артиши миллӣ хизмат намудаанд, туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ, ки муҳтавояш ватандӯстӣ ва хизмат ба он буд, ба чорабинии тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like