Пешвои миллат – бунёдгузори тафаккури илмӣ ва фарҳанги миллӣ

Рушди ҳар як кишвар ба низоми илму маориф ва сатҳи саводнокии ҷомеаи он робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз, сатҳи дониш ва саводнокии аҳли ҷомеа пойдории ҳар давлату миллатро дар саҳифаҳои таърихи инсоният ҳифз менамояд. Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои нахустини давлатдории миллӣ дар баробари таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамоянд.

Дар воқеъ, Пешвои миллат дар суханрониҳои худ борҳо зикр намудаанд: «Маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст». Ин суханҳои хирадмандона, маорифпарварона ва ватандӯстонаи Пешвои миллат гувоҳи рӯшани эътибору аҳамияти махсус зоҳир намудани Сарвари кишвар ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии ҷомеа, омода намудани мутахассисони баландихтисос, аз худ намудани техникаву технологияи муосир, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳӣ ва шинохти асолати милливу таърихи давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Маҳз бо ҳамин мақсад, тӯли чанд соли охир озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат»,  «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо ташаббуси бевосита ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдадти миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст. 

Ҳамзамон соли равон бо ибтикори наҷиби Пешвои муаззами миллат озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши корнамоиҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва шинохти нақши халқи тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир дар китоби пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров инъикос ёфтааст, баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки чунин иқдоми бисёр муҳим то ин вақт аз ҷониби ягон сарвари кишварҳои дигари ҷаҳон ба чашм нарасидааст, ки худ бевосита ҷиҳати рушди маънавиёти мардум озмунҳои сатҳи баландро ташкилу роҳандозӣ намуда, аз хурд то бузурги аҳли ҷомеаро ба донишомӯзӣ, мутолиаву омӯзиш ва боло бурдани сатҳи маънавиёти миллат иқдомҳои наҷиб анҷом дода бошад. Албатта, ин нишонае аз миллати тамаддунофар, фарҳангӣ ва қадима будани миллати мо ва аз хиради баланди Пешвои  миллат шаҳодат медиҳад. 

Дар ҳақиқат дурандешӣ ва ояндабинии Пешвои миллат аст, ки барои саводнокии ҷомеа ва мутобиқ намудани сатҳи дониши наврасон, ҷавонон ва калонсолон ба замони муосир бо мақсади ҳавасмандкунии моддиву маънавӣ озмунҳои болозикрро ташкил ва баргузории онро бароҳ мондаанд. Иштироки тамоми қишрҳои ҷомеа новобаста аз ихтисос ва фаъолияти корӣ, аз кӯдакони ҳафтсола то пиронсолон дар озмунҳои мазкур гувоҳӣ аз ҷалби саросарии аҳолӣ ба илму маърифат, навоварӣ, ихтироъоту истеҳсолот, мутолиаи китобҳо ва эҷодиёт мебошад.  

Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», ки мақсади он барои рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ нигаронида шудааст, талаботи замон ва иқдоми саривақтӣ мебошад, зеро, асри XXI давраи босуръати илму техника ва технология буда, марҳилаи таҳаввулоти ҷиддии илмиву техникӣ дониста мешавад. Рушди ҳар кишвар бошад, дар замони муосир бо воситаи мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, пешрафти илму техника ва ҷорӣ намудани ихтирооти нави илмӣ таъмин карда мешавад.  

Пешвои миллат пайваста дар баромадҳои хеш дар самти пурзӯр намудани азхудкунии донишҳои замонавӣ, ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намудани наврасону ҷавонон, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо ва ба таълими илмҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияи муосир боз ҳам бештар намудани корҳоро талаб менамоянд, ки ин даъватҳои Роҳбари давлат вобаста ба талаби замони муосир бисёр муҳим мебошад.

Таъкидҳои Пешвои миллат вобаста ба рушди илму техникаи муосир, болоравии маърифати мантиқӣ-математикии наврасону ҷавонон ва рушди босуръати саноатикунонии мамлакат ва дар робита ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” аҳамияти баландро соҳиб мебошад. Бе пешрафти илмҳои дақиқ дастовардҳои назарраси илмиву техникӣ имконнопазир аст. Рушди соҳаи илму техника ва технология дар кишварҳои пешрафта собит намуд, ки танҳо бо шарофати пешрафти илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиву техникӣ метавон ба натиҷаҳои баланди илмӣ соҳиб шуд. Аз ин рӯ, захираҳои бузурги зеризаминӣ ва гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ва татбиқи чор ҳадафҳои стратегии кишвар ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тақозо менамояд, ки илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ рушд намояд ва мутахассисони соҳибкасби ин соҳаҳо бо илму дониш ва дастовардҳои илмӣ дар пешрафти кишвар саҳмгузор гарданд.

Албатта, бо дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат доир ба омода намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосир чораҳои зиёд ба монанди таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо ихтисосҳои нави технологӣ, физикӣ, табиӣ, риёзӣ, таъсиси стипендияҳои алоҳида, сафарбар намудани донишҷӯён ба хориҷи кишвар барои идомаи таҳсил, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо техникаву лавозимотҳои муосир ва монанди инҳо андешида шудаанд. Бо баробари ин, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» имкон медиҳад, ки дар як низоми муайян ва бо роҳҳои ҳавасмандгардонӣ сокинони мамлакат аз синни хурдсолӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ ҷалб шуда, донишҳои аввалияи онҳо дар самти мазкур мустаҳкам ва дар оянда барои кашфиёту ихтироот ва татбиқи он дар истеҳсолоту хадамоти рақобатпазир ва ба ин васила таҳким бахшидан ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ имкониятҳо фароҳам орад.

Ҳамзамон, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки вазифаи ҳар яки мо ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг ва арҷ гузоштан ба таърихи бисёрҳазорсолаи халқамон мебошад, баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо фарогирии намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа мувофиқи мақсад аст, зеро, аз рӯи номинатсияҳои озмуни мазкур омўзиши асарҳои гаронарзиши адибону шоирон, ҷонфидоиҳои чеҳраҳои мондагор, қаҳрамониҳои шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва осори чеҳраҳои дурахшони адабиёти ҷаҳон ба насли ҷавони кишвар на танҳо роњи зиндагии хушбахтонаро боз менамояд, ҳамчунин ба таҳкими сулҳу субот, амнияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва таҳкими эътибору мақоми кишвар дар арсаи минтақа ва ҷаҳон мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги миллиамон тарбия ёфта, дар таблиғ ва рушди ҷаҳони маънавии кишварамон саҳми муносиб гузоранд. 

Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав ва муаррифии санъату фарҳанги волои миллати тоҷик роҳандозӣ гаштааст, албатта ҷиҳати тарғиби санъати асил ва боз ҳам ғанитар гардонидани фазои маънавии ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Боиси қаноатмандист, ки сол аз сол таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд ва бо ҷалби доираи васеи аҳолӣ баргузор намудани озмунҳои мазкур зиёд гардида истодааст. Аз ҷумла, аз санаи 2 феврали соли 2023 Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии болозикр бо мукаммал намудани механизми баргузории онҳо қабул гардида, аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидааст, барои баргузории ин озмунҳо 11730000 сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 3800000 сомонӣ зиёд мебошад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки равона намудани чунин маблағи зиёд ба озмунҳои мазкур дар ояндаи наздик натиҷаҳои нек ба бор меорад ва ба омода гардидани мутахассисони соҳибмаърифату соҳибкасб ва рӯи кор омадани ихтирооту навгониҳои тоза дар самти илму истеҳсолот, рушди минбаъдаи кишвар, ҳимоя ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ таъмин хоҳад шуд.

Аз дигар ҷониб, баргузории озмунҳои мазкур барои дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат намуда, дар тарбия ва дастгирии моддиву маънавии онҳо ҷиҳати амалӣ намудани нақшаҳои ояндаашон бо имконияту имтиёзҳои пешбинӣ гардида мусоидат менамояд. 

Маврид ба зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ ҳамасола даври донишгоҳии озмунҳои мазкур дар сатҳи баланд ташкилу  баргузор карда шуда, ба он доираи васеи устодону донишҷӯёни донишгоҳ фаро гирифта мешаванд. Дар натиҷа ғолибон бо мукофотҳои пуливу молӣ сарфароз гардонида шуда, истеъдодҳои нав дарёфт мегарданд.

Ҷавобан ба ин ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро мебояд, ки рисолати таърихии хешро дар назди ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯву малака, донишу маҳорат ва ҳастии худро ба хотири ҳифзи истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва рушду пешрафти минбаъдаи Ватани азизамон сафарбар намоем. 

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир

You might also like