НАҚШИ ҶАВНОН ДАР СУЛҲУ ОБОДИИ КИШВАР

Ватан муқаддастарин вожа, гиромитарин зодгоҳ ва азизтарин маскану макон буда, муҳаббати вай ҳамрадиф бо қимматии модар аст. Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас ва рисолати бузурги шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, ин масъулият ба дӯши фарзандони сарсупурда ва ҷавонони далеру шуҷои Ватан ввогузор шудааст.

Дар моддаи 43-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр мегардад, ки «Ҳифзи манфиатҳои давлат, таҳқими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шваҳрванд аст».

Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз мавзеъҳои нотакрори Тоҷикистони азизамон буда, бо обу ҳавои тоза, фарҳанги бостонӣ, қуллаҳои осмонбӯсаш муаллифгари ватани азизамон аст. Мардуми ин минтақа хеле меҳмондӯст мебошанд.

То ин дам яке аз амнтарин минтақа ва дорои мавзеъҳои таърихию сиёсӣ шинохта мешавад.

Мутаасифона бархе аз гумроҳгаштагон амнияти ин минтақаи нодирро бо ҳар роҳу восита халалдор намуда, барои ноором сохтани он камари ҳиммат бастаанд. Аммо боварии ҷомеа нисбати мақомоти давлатӣ ҳелоҳам зиёд буда, барои зудтар ором сохтани вазъ дар ин минтақа заҳматҳои шабонарузӣ кашида истодаанд.

Мо ҷавонон оромиву осудагии Тоҷикистони азизамонро мехоҳем. Таърих гуввоҳ аст, ки бесарусомоние, ки ба сари мардуми тоҷик омад барои халҷу давлат зарари ҳамаҷониба расонид. Пас чаро фиреби гапҳои пучи як нафар ё як гурӯҳ бовар карда, кишвари сарсабзу хуррами хешро бо дастони худ хароб созем? Шахсан ман ҷонибдори Сулҳу суботи ҷовидонӣ дар Ватанам ҳастам ва мехоҳам ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар ободонии кишввар бинам.

 

Камолидинова Шаҳнозахон – гирандаи стипендияи Раёсати донишгоҳи ДДҲБСТ

You might also like