Тоҷикистон. Мубориза бо терроризм дар даврони истиқлол  

Терроризм дар замони ҳозира яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷиддии глобалӣ ба шумор меравад. Мавҷудияти терроризм аз паси худ қурбоншавии аҳолиро мебарад, инчунин арзишҳои моддӣ – фарҳангӣ, маданиятӣ вайрон мешаванд, ки азнавсозии онҳо асрҳо давом мекунанд. Терроризм байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ кина ва нобовариро пайдо месозад. Терроризм ба он намуди зӯрии ҷиноятӣ дохил мешавад, ки қурбони он мардуми бегуноҳ ё шахсе мешавад, кия гон хел муносибат ба низоъ надорад.Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони соҳиби истиқлолият шуданаш дар тадбирҳои муштараки мубориза зидди ҷинояткории трансмиллӣ ва муташаккилона фаъолона ширкат меварзад. Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷиноякории трансмиллӣ ва муташаккилона аст. Тоҷикистони имрўза  ба истиқрори сулх ва созгории миллӣ комёб шудааст, амалиёти террористӣ бошад ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад. Таҳлили сабабу шароити содир шудани амалиёти терроризм дар мамлакати мо нишон медиҳад, ки аксарияти онҳо дар заминаи экстремизми динӣ, ҳамчунин ба хотири расидан ба мақсадҳои муайяни сиёсӣ содир шудаанд. Терроризми ҳозира хусусияти байналхалқӣ касб кардааст. Ба ин баробар авҷ гирифтани амалиёти террористӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин шаҳодат медихад. Вақтҳои охир ҷаҳон шоҳиди он гардид, ки террористони байналхалқӣ зери ливои экстремизми сиёсӣ ва таассуби динӣ таҷовузкорона ва фаъолона амал мекунанд.

Тоҷикистон тарафдори чунин нуқтаи назар аст, ки мубориза зидди терроризм яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа мебошад. Хавфи авҷ гирифтани терроризми байналхалқиро на фақат ҳамсояҳои мо дар минтақа, балки амалан тамоми ҷомеаи ҷаҳон баробар дарк намудааст. Дар ин вазъият андешидани тадбирҳои қатъиро ба таъхир гузоштан мумкин нест. Зимни ин баробари тақвият бахшидани фаъолияти зиддитеррористӣ ҳамдастию ҳамкории тамоми давлатҳоро қавӣ гардондан ва ба низом даровардан лозим аст. Вобаста ба ин дар мубориза зидди  ин зухуроти манфии ҳаёти байналхалқӣ ҷидду ҷаҳди муштараки тамоми давлатҳо зарур аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризми байналмилалиро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Мубориза бар зидди терроризм ба ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллият, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар равона гардидааст.

Инчунин тибқи Созишномаҳои байналмилалӣ Ҷумҳу­рии Тоҷикистон вазифадор аст дар қаламрави худ ба фаъолияти террористӣ, ки муқобили манфиатҳои дигар давлатҳо ва шаҳрвандони онҳо нигаронида шудааст, роҳ надиҳад, ба тер­рористон паноҳгоҳ фароҳам наорад, низоми самарабахши муборизаро зидди маблағгузории терроризм таъсис диҳад ва таблиғоти террористиро пешгирӣ намояд.

Терроризми имрўза ба ман­фиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ташкил дода­ни низоми ягона ва муосири мубориза бар зидди терроризмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои хеш (ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам дар сатҳи байналмиллалӣ) доир ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм ақидаҳои худро иброз намудаанд. Аз ҷумла, дар Паёмҳои худ ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  суханронӣ дар мачлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014, суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рўзи милитсияи тоҷик соли 2018, суханронӣ дар конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оиди «Мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ» соли 2000 дар Вена, суханронӣ дар сессияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид соли 2008 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА, суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералӣ – иштирокдорони ҷаласаи 28 – уми Шўрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 16 – уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай соли 2018, Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» соли 2018 ва ғайра.

Дар конфронси Созмони Миллали Муттаҳид оиди «Мубориза бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ», ки 14 апрели соли 2000 дар Вена баргузор гардида буд,  чунин иброз намуданд: «Аз замоне, ки Тоҷикистон соҳиби истиқлолият шуд дар тадбирҳои муштараки мубориза алайҳи хавфи афзояндаи ҷинояткории трансмиллӣ оиди терроризм ва гардиши маводи мухаддир фаъолона ширкат меварзад. Тоҷикистон ҳамчун мамлакате, ки амалан ба масъалаи терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор рӯ ба рӯ омадааст ва ҷузъи ҷудонопазири ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ мебошад, барои ташаббусҳо ва иқдоми оқилона амал намуда, бар зидди терроризм мубориза бурда, алайҳи ин зуҳурот қатъиян талош меварзад ва саҳми худро гузошта истодааст. Терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояткории муташаккилона аст. Ҳоло, ки Тоҷикистон ба истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ комёб шудааст ва бо роҳи эъмори давлати демократии дорои иқтисодӣ, бозоргонӣ пеш меравад, амалиёти террористӣ содир намудани қувваҳои муайяни душман ба сулҳу оромии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, ки ин ҷараёни бонизоми ислоҳотро халалдор месозад».

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.

Дар самти пурзўр намудани мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи тадбирҳои пурзўр кардани мубориза бо терроризм» қабул карда шудааст. Аз ҷониби Маҷлиси Олӣ барои пешгирӣ ва мубориза намудан бо терроризм чунин қонунҳо қабул гардидааст: Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба терроризм»;  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории силоҳи қатли ом»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона».

Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни ҷиноятӣ амал мекунад, ки он ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгў буда, мубориза бар зидди терроризмро таъмин менамояд.

Дар тӯли солҳои 2006-2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ташкилотҳо ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардидаанд, ба монанди «Алҳ-Қоида”, «Ҳаракати Туркистони шарқӣ», «Ҳизби Исломии Туркистон» (собиқ харакати Исломии Узбекистон), «Ҳаракати Толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкари Тойиба», «Гурўҳи исломӣ», «Ҷамъияти Исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Равияи динии Салафия», «Гурўҳи 24», «Ҳизби наҳзати ислом», ки фаъолияти онҳо дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат  зидди терроризм дар кишвар маҷмӯъи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеъи марказиро Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишщол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1717 тасдиқ шудааст. Дар Консепсия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.

Мақсади мубориза бар зидди терроризм тибқи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) аз инҳо иборатанд:

  1. Таъмини ҳифзи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта аз таҳдиди терроризм.
  2. Барҳам додани таҳдиди терроризм дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба терроризм дар ҳама гуна шакл ва зуҳуроти он.
  4. Ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароите, ки боиси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм мегардад, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта.
  5. Баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориҳои муштараки мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати пешгирӣ, ошкор намудан, бартарафсозӣ ва таҳқиқи ҷиноятҳои дорои хусусияти террористидошта, ошкор ва пешгирии фаъолияти ташкилот ва шахсоне, ки дар иҷрои фаъолияти террористӣ иштирок намудаанд, инчунин муқовимат ба маблащгузории амали терро­ристӣ.
  6. Таҳияи муносибати умумии субъектҳое, ки бар зидди терроризм мубориза мебаранд.
  7. Тақвияти нақши давлат, чун кафили амнияти шахсӣ ва ҷомеа, дар шароите, ки таҳдиди терроризм беш аз пеш меафзояд.
  8. Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба маблащгузории амали террористӣ.
  9. Ташаккули заминаи зарурии меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ва такмили заминаи ҳуқуқӣ, рушд ва мутаносибии меъёрҳои ҳуқуқии байналми­лалӣ ва ҳамкориҳои миллӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амнияти ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Раҳимова Умедахон Ҷӯрабоевна-

доктори фалсафа (PhD), мудири кафедраи

технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ-

You might also like