Назаре ба масъалаҳои хурофот ва таассуб

Ҳайфи умре, ки ҳама дар пайи ғафлат гузарад,
Ба гирифтории дунёву ба кулфат гузарад.
Саъдии Шерозӣ
Қабл аз он ки мо дар хусуси хурофот ва таассубу таассубпарастӣ ҳарф занем, бояд чӣ маъно доштани онро донем. “Хурофот” – ақида ва фикрҳои пучу беасос, “хурофотпарастӣ” – пайравӣ ва боварӣ ба ақидаҳои хурофӣ ва мавҳумот. “Таассуб”- 1. тарафдорӣ ё душмании бисёр нисбат ба шахс; 2. ҳимоят ва ҷонибдорӣ, орият; 3. тарафдорӣ аз ақоиди динӣ ва маросими кўҳнаи миллӣ, фанатизм, кинаҷўӣ…
Хурофот ва таассуб ҳанўз аз давраи қадим дар шаклҳои гуногун дар байни халқ роиҷ гардида буд, азбаски ба он бовар доштанд, дар ҳамин замина  мақсаду манфиати ниҳонии як гурўҳи одамон амалӣ мегардид.
Тадриҷан хурофот ва таассуб ба афкори сиёсӣ маҳлут гардида, тавонистааст халқу миллатҳоро аз байн барад.
Саъдии бузургвор мефармояд:

                          Миллатеро рафт чун оин зи даст,
                          Мисли хок аъзои ў аз ҳам шикаст.

Яъне, қавме  ки таассубпарастанд, рўзе  мерасад, ки ба ҷуз қабули расму оин ва анъанаи бегона дигар чорае надоранд. Зеро ин қавму миллат шахси шикаставу забунро мемонанд. Имрўз ин падидаи номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари зиёде эҷод карда истодааст. Ва метавонад на танҳо ба як миллату халқият, балки ба нестии аксари миллатҳову давлатҳо оварда расонад. Масалан, натиҷаи хурофатпарастӣ ва таассуб ба он оварда расонд, ки мардуми мусалмони мамлакати тараққикардаи Сурия, Ироқ ва дигар мамлакатҳо ба андешаҳои ифротии гурўҳе дода шуда, аз ҳам пош хурад ва терроризм хатари бузургеро барои мардуми ҷаҳон эҷод карда истодааст. Дар ҳамин хусус Саъдии Шерозӣ мефармояд:

                          Бани одам аъзои якдигаранд,
                          Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
                          Чу узве ба дард оварад рўзгор,
                          Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ин дарде, ки  ҷомеаи ҷаҳонӣ имрўз дучор гардидааст ба тамоми халқҳои сайёраи замин таъсир расонида истодааст, аз ҷумла ба мардуми кишвари мо, ки бархе аз ҷавонон ба қатори гумроҳгаштагонанд, ки асл ва моҳияти ақидаҳои ифротиро дуруст дарк накарда, кўр-кўрона аз паси ин нафарон мераванд. Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ мефармояд:

                          Халқро тақлидашон барбод дод,
                          Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.

Андешаҳои ноҷо ва ботил, ки тақлидкорона садо медиҳанд, боиси аз байн рафтан ё гаравидан ба оинҳои бегона мегардад. Ҳанўз устодони сухан ин маризи ҷомеаро пешгўӣ намуда, дар асарҳои хеш бегонапарастӣ ва тақлидкориро сахт маҳкум менамоянд.  Ва ин  андешаҳо имрўз ба вуҷуд наомадаанд, ин дарахт решаи куҳан ва мустаҳкам дорад, ки то имрўз бо он афкори ҷомеаро вайрон ва нафарони гумроҳгардидаро хонасаллоту хонавайрон намуда, радди маърака мегардонад. Чи хеле зикр намудем, инро мо дар мисоли бисёр давлатҳои пешрафтаву тараққӣ кардаи дунё дида метавонем, ки бар зидди ин падидаи номатлуб мубориза бурда натавониста, гумроҳ гардидаанд ва афкори ифротиро пеша намуда, барои мардуми сайёра хатари бузургеро эҷод карда истодаанд.
Дар ин маврид Иқболи Лоҳурӣ чунин мефармояд:

                          Шабе пеши Худо бигристам зор,
                          Мусалмонон чаро хоранду зоранд.
                          Нидо омад: «намедонӣ, ки ин қавм.
                          Диле доранду маҳбубе надоранд»

Ба андешаи ин ҷониб ин байт чунин маъноро тақозо менамояд, ки мусалмонӣ на дар зоҳир, яъне худнамоӣ, балки дар дилу нияти тоза, андешаи солим, виҷдони  пок ва оғози амале, ки аз муҳаббат маншаъ мегирад, аст. Бо ибораи халқ забону дил бояд ҳамоҳанг бошанд. Дар ҷои дигар Иқболи Лоҳурӣ ба чунин хулоса меояд:

                          Худо он миллатеро сарварӣ дод,
                          Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
                          Ба он миллат сару коре надорад,
                          Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Шоир набзи сайёраамонро эҳсос намуда, мегўяд, ки тақдири миллате дар дасти худи ўст, ки расму оин ва одатҳову анъанаҳои хешро гиромӣ медорад ва ҳеҷ гоҳ тақлиду тақлидкориро пеша нахоҳад кард. Мехоҳам ин байтҳо барои ҳама миллату қавмҳои сайёра бошад ва тақдири худро бо дастони худ бинвисанд, зеро оромии ҷомеа аз сулҳу дўстӣ, ёриву бародарист, на аз хурофотпарастиву таассуб аст, ки оқибат ба ҷангу хунрезӣ ва аз байн рафтани давлату миллат оварда мерасонад.

Раҳматова Д.А., Охуҷонова Н.Р.

н.и.ф., дотсентони

 кафедраи забони тоҷикӣ

You might also like