Шайхурраис Ибни Синои тоҷик–олими намоёнтарини сатҳи ҷаҳонӣ

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 2026, Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд. Ҳадафи он қадр шиносӣ ва эътирофи дастовардҳои барҷастаи олимону табибони ватанӣ ва хориҷӣ дар соҳаи тандурустӣ аст.

      Шайхурраис Абӯалӣ Ибни Сино аз симоёни намоёну бузурги садаҳои Χ –ΧΙ –илму адаби форсу тоҷик маҳсуб гардида, соли 980 дар хонаводаи асилзодагони тоҷик ба дунё омадааст, ки падараш Абдуллоҳ ном дошту аслаш аз тоҷиктаборони шаҳри Балх буд, мувофиқи нишондоди сарчашмаҳои илмӣ забони модариаш тоҷикӣ аст, модараш Ситорабону дар Афшана – деҳае дар наздикии шаҳри Бухоро ба дунё омада, тоҷикдухтарест аз авлоди сарватмандони ин мавзеъ ҳисоб меёбад. Падари Ибни Сино аслан аз деҳаҳои атрофи Балх буда, аввал ба деҳаи наздикии Бухоро – Ҳурметан, вале сонитар ба деҳаи дигари он – Афшана мекӯчад.
Замони зиндагии олим, табиб ва адиби намоёни сермаҳсули форсу тоҷик ба салтанати сулолаи Сомониён асосан рост омада, яъне ба замони эҳё намудани забони дар натиҷаи истиллои арабҳо хеле азият кашидаву махлут гардидани форсии тоҷикӣ мувофиқ меояд.
Чунон ки аз сарчашмаҳои илмиву адабию таърихӣ бармеояд, давлати Сомониён баробари ташаккулу пойдории худ ба эҳёи забони минбаъдаи давлатии худ заҳмати беандозае менамояд, ки дар ин амали хайр хизматҳои арзандаи адибони номвар амсоли устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Абӯалӣ ибни Сино ниҳоят бузург буд. Натиҷаи заҳматҳои пайвастаи  ин адибони намоён ҳамин қадар шуд, ки забони тоҷикӣ илму адаби забони арабии дар замони истило решарондаро танг карда баровард. Маҳз дар ҳамин раванд нахустин граматикаи забони форсию тоҷикӣ таълиф ёфт, забон аз тарафи ин устодони сухан ба меъёр дароварда шуд, ки дар натиҷаи чунин кӯшишҳо забони форсию тоҷикӣ дарӣ (яъне дарборӣ) номида шуда, нахустин бор мақоми давлатиро соҳиб гашт. Метавон зикр намуд, ки бо ин заҳмати пайвастаи хеш адибони асилзодаи тоҷик дар замони Сомониён забони арабии чун забони илм дар давоми истило маҷбуран боркардаи арабҳоро ба ҷояш забони дарӣ (яъне форсии тоҷикиро) ҳамчун забони илму давлатдорӣ ҷорӣ намуданд. Дар раванди ин амали бузургу тӯлонӣ саҳми Абӯалӣ ибни Сино низ хеле бузург аст, ки дар тӯли зиёдтар аз як аср забони форсию тоҷикӣ, яъне забони дарӣ ба ҳайси забони давлатӣ истифода гардидааст. Дар ин хусус таърихнигор Н.Ю. Якубовский зикр намудааст, ки авлодан Ибни Сино тоҷик буд ва ташаккули ҷаҳонбиниаш дар маркази Осиёи Миёна, дар пойтахти Сомониён – Бухоро ҷараён гирифт. Хусусияти бештар хоси ҳаёти фарҳангии замони Сомониён талоши эҳёи мероси гузаштаи тоҷикӣ дар ҳама соҳаҳои адабиёт, илму санъат, зинда кардани тамоми чизҳои нотакроре ҳисоб меёфт, ки дар шаҳру деҳоти Осиёи Миёна ва Хуросон то истилои араб офарида шуда буд, дар ин асос ҳиссаи олимони бузурги илмҳои дунявӣ, чун Сино намоён буд.
Ба андешаи мо ба турк нисбат додани шахсиятҳои муътабар ва олимону фозилон чун Абӯалӣ Ибни Сино решааш аз он оғоз меёбад, ки сипоҳсолори давлати Сомониён Оли Сабуктегин, яъне падари Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз табақаи туркон ҳисоб меёфту дар дарбор ба мансаби хеле масъул, сипоҳсолорӣ  ҷойгир шуда буд. Ӯ дар замонҳои охири ҳукмронии Сомониён ҷиҳати муноқишаҳои дохиливу авлодӣ рӯй ба таназзул овардани ин давлатро мушохида мекунад. Аз чунин сустии соҳибмансабон истифода бурда, бо истифодаи қувваи бузурги лашкараш табоддулотро дар дохили давлат ба вуҷуд меорад, дар натиҷа давлати Сомониён аз байн рафта , ба ҷояш давлатҳои хурди туркӣ амсоли Ғазнавиён, Қарохониён, Ғуриён ба миён меоянду забони давлатии худро онҳо забони коркардашудаву озмудашудаи кайҳо дарборишудаи форсии тоҷикиро забони давлатии хеш қарор медиҳанд. Ҳамин табаддулот ҳам асос нагардидааст, ки дар чунин давлатҳои хурди туркӣ дар давлат забони туркӣ ҷори гардида бошаду мардумони мо, аз ҷумла аҳли илм туркзабон ё ба тамаддуни туркӣ гаравида бошанд. Аз рӯи маъхазҳои асоснок метавон ёдоварӣ кард, ки ин давлатҳо танҳо ба ном туркӣ буданду халос, корҳои давлатӣ ба забони форсии – тоҷикӣ пеш бурда мешуд, аҳли илму маданият пурра бо ин забон эҷод менамуданд, яъне забони коргузории онҳо ҳисоб мешуд. Ба чунин минвол забони форсӣ – тоҷикӣ аз асри ΧΙ оғоз карда, то охири барҳам хӯрдани империяи Темур ба ҳайси забони давлатӣ дар ҳудуди ҳамаи давлатҳои туркӣ истифода бурда шудааст.
Чунин раванд кифоя аст метавон иқрор шуд, ки туркҳо пурра аз забони машҳури форсӣ – тоҷикӣ истифода бурда, ба тоҷикиву маданият ва анъанаҳои хуби он гаравида буданд, на тоҷикон ба туркӣ, аз ин ҷода Ибни Сино ҳам чун тоҷики асил дар сафи пеши ҳамин гуна амалҳо қарор дошт.
Ривоятҳои дар хусуси Абӯалӣ ибни Сино мавҷуд буда, собит менамоянд, ки олим аз асилзодагони тоҷик ҳисоб ёфта, ба подоши заҳмати худ пас аз табобати шоҳу амалдорони турк фақат аз китобҳои китобхонаи дарбор иҷозати истифода бурданро талаб мекунаду онро кифоя мешуморад, умуман дар дарбори туркҳо хизмат карданро написандидааст ва қабул накардааст.
Ибни Сино аз зумраи мутафаккир, шоир, табиб ва олимони сермаοсултарину гуногунҷабҳа маҳсуб гардида, асарҳои илмӣ, тиббӣ ва адабиаш дар тамаддуни ҷаҳонӣ шуҳрат пайдо кардааст, ӯ 23 асари хешро ба забони тоҷикӣ таълиф намудааст.

Дар хусуси муайян кардани ҷои зист, таҳсил ва идомаи фаъолияти Абӯалӣ ибни Сино устод Садриддин Айнӣ ба сафари Бухоро мебароянд, ки ӯро Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромӣ ҳамроҳӣ кардаанд. Устод Айнӣ ба далелу санадҳои сарчашмаву нишондодҳо такя намуда, мавзеи зист ва маҳаллаи сукунати олимро муайян менамояд, он макон аввал Ақшана ва сонитар Афшана номида шуда будааст.
Сино дар дарбори далатҳои туркӣ хизмат накарда, ё ягон асари худро бо забони туркӣ таълиф накарда бошад ҳам, дар Туркияи усмонӣ  ду асари танҳо бо ном илмӣ доир ба фаъолияти Ибни Сино ба табъ мерасад, аввалин китоб бо номи “Ганҷи ҳикмат” (соли 1878) дар Истанбул аз тарафи Зиёуддини Саидяҳё таълиф ёфта, ривояту ҳикоят ва афсонаҳои дар бораи Сино дар музофоти Туркия мавҷуд бударо гирд овардааст, ки ба илми синошиносӣ таъсири манфӣ расонида, ба фикри мо, турк гуфтану турк кардани Ибни Сино аз ҳамин китоби беасос сар шудааст.
Дар давлати Туркия китоби дигар бо унвони “Ибни Сино” (соли 1937) навишта мешавад, ки дар он ҳам ҳикояту ривоятҳои дар китоби аввал мавҷуд буда, такрор шуда, масъалаи танҳо ба ҳам туркгардонии Синоро баргашта мебардорад. Баъзе аҳли илму адаби Озарбойҷон, аз он ҷумла А.К.Закуев ба он ҳикояву ривоятҳо оҳангҳои бардурӯғу беасос илова карда бошанд ҳам, бо ҳамин оташи туркгардонии ин олими тоҷик хомӯш мегардад.
Минбаъд олимони намоёни тоҷик аз ҷумла адабиётшинос Абдуғанӣ Мирзоев бо асари “Ҳикояҳо оид ба Ибни Сино ва шахсияти ӯ” ва файласуф Мӯсо Диноршоев тавассути асари “Натурфилософия Ибн Сины” ба муаллифони асарҳои туркӣ зарба зада, масъалаи баъди чанд асри зиндагӣ, турк  гардонидани Синоро раъд намудаанд.
Ҷои зикр аст ва боиси дастгирист, ки олимони арманӣ, мисли В.К.Чалоян дар асари “Восток – Запад” ва М.Т.Степанянс дар мақолаи “К вопросу об изучении философии народов зарубежного Востока” мутафаккири намоёни тоҷик Ибни Синоро турк эълон кардани муаллифони асарҳои дар Туркия чопшударо беасос ва андешаҳои пантуркистона номидаанд.
Шайхурраис дар бунёди илми забоншиносӣ ҳам хизмати бузургеро анҷом додааст, дар асари илмии хеш “Махориҷ – ул – ҳуруф”, ки ба қисмати савтшиносӣ мутааллиқ аст, як силсилаи зиёди истилоҳоти илмиро ба забон ворид намудааст. Мутафаккир бо эҷодиёти худ дар эҳёи забони форсӣ – тоҷикӣ пас аз истилои арабҳо саҳми арзандае дорад. Адибони тоҷик, аз ҷумла аз устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда, анъанаи ҳар чӣ бештар дар эҷодиёти хеш истифода накардан ё хеле кам мавриди корбаст қарор додани воҳидҳои луғавии арабиро пеш гирифтаанд, ки минбаъд ҳамасронашон ин иқдомро бо мақсади рушду такомули забони форсӣ – тоҷикӣ идома додаанд.
Масалан, устод Рӯдакӣ дар рубоии зерин қариб, ки ягон аносири луғавии бегона, минҷумла арабиро корбаст накардааст:
Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад,
Не бад-он чашм к-андар ӯ нигарӣ,
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз бад-он гузарӣ.
Анъанаи  бидуни калимаҳои ғайр, ё дар мавриди  пеш омадани зарурият рӯй овардан ба ин гуна мафҳумҳо минбаъд аз тарафи Абулқосим Фирдавсӣ давом дода шудааст. Ӯ дар эҷодиёти “Шоҳнома”-и машҳураш аз имконияту захираҳои луғавии бои забони форсӣ – тоҷикӣ истифода намуда, танҳо дар ҳолати мавҷуд набудани гунаҳои тоҷикии баъзе миқдори ниҳоят ками калимаҳои арабӣ, онҳоро истифода бурдааст. Боиси хушнудӣ,  сарфарозӣ ва истиќболи гарму  ҷўшон аст, ки аз тарафи Асососгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалӣ ба унвони олим, табиб, файласуф ва шоири намоёни сатҳи ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино таъсис дода шуд. Ин иқдоми нек аҳли илму маърифатро хеле рӯҳбаланд гардонид.
Чунин анъанаи хуби адибони қарнҳои IX – X-ро Абӯалӣ ибни Сино ҳам ба хубӣ дастгирӣ намуда, дар эҷодиёти бою гуногунсоҳаи худ ҳар чӣ бештар вожаву мафҳумҳои тоҷикиро корбаст намудааст.
Силсилаи рубоиёти Ибни Сино гувоҳи онанд,и ки дар давраи тӯфонвар сироят кардани калимаву мафҳумҳои арабӣ ба таркиби луғавии забони форсӣ – тоҷикӣ аз истифодаи лафзи бегона, хусусан арабӣ худдорӣ намуда, ягон калимаи туркиро таҷриба накардааст:
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.
Дар рубоии машҳури худ шоир анъанаи мазкурро давом дода бошад ҳам, ғайриихтиёр калимаҳои арабии қаър, Зуҳал, мушкил, макр, ҳиял, аҷалро дохил намудааст:
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал,
Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Дар натиҷаи таҳлилҳои чуқури лингвистӣ маълум гардид, ки мутафаккири бузург Абӯалӣ ибни Сино дар тамоми силсилаи рубоиёташ калимаҳои арабиро ба миқдори хеле кам аз рӯи идомаи талаботи анъанаи шуарои замони зиндагиаш, калимаи юнониро танҳо як ҷой (тарёк) ва калимаву ибораҳои туркиро умуман истифода набурдааст:
Ӯ дар эҳё намудани забони форсӣ – тоҷикӣ баъд аз истилои араб саҳми ниҳоят бузург дошта, дар ташаккули забони модарии хеш, ба меъёр даровардани он, ба вуҷуд омадани шакли адабии ин забон, аз як тараф чун олим, шоир, нависанда ва табиби ҳозиқ, аз тарафи дигар чун тоҷики асил хизмати шоиста намудааст.     

Кенҷаев Юсуф – дотсенти

кафедраи забон ва адабиёти тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like