Пешвои миллат ва Ваҳдати миллӣ
Хидматҳои шоистаи Пешвои миллат дар таърихи навини Тоҷикистон эҳёи тозаи давлат ва шакли нави давлатдорӣ дар минтақа буда, Конститутсияи Тоҷикистон аз беҳтарин ва пурмуҳтавотарин қонун дар байни кишварҳои дунё шинохта шудааст. Бо саъю кӯшиш ва сиёсати бохирадонаи ин шахси наҷиб Тоҷикистон ба сӯи сулҳу субот ва рушду нумуи устувор қадам гузошта, дар байни қариб 200 кишвари дунё амнтарин ва ободтарин минтақа шинохта шудааст.
Барои мо, яъне тоҷику тоҷикистониён, барои ҳар як фарде, ки халқ, миллат ва Ватани азизи хешро дӯст медорад, мояи ифтихору сарфарозист, ки дар чунин фазои ором зиндагӣ дорад ва қадр намудани сулҳу субот ва амни ин сарзамин моро водор месозад, ки дучандон фаъолият намоем ва баҳри пешрафти меҳани азизи худ меҳнати софдилона намоем. Бо шарофати роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил, сулҳҷӯ ва пешрафта дар арсаи ҷаҳонӣ бо эъломияҳои бузург чун “Об-барои рушди устувор”, “Соли 2026-ҳифзи пиряхҳо”, “Ҳамзистии осоишта-эъломияи сулҳ” ва дигар пешниҳодҳои беназираш мавқеи устувори стратегиро дорост. Сулҳи тоҷикон дар дунё назир надорад ва барои кишварҳои ҷангзада омӯхтани ин таҷрибаи нодири халқи тоҷик муҳимму саривақтӣ арзёбӣ гардидааст.
Пешвои миллат баъди барқарор шудани сулҳ низ барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлат тадбирҳои судбахшу саривақтӣ андешида, барқарорсозии инфрасохтор, эҳёи иқтисод, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум солҳои охир аз ҷумлаи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ гардидаанд. Ҳамзамон, ба тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, қадршиносии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва эҳтироми хоса гузоштан ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар як давлат арзиши олӣ ба шумор меравад. Бе ваҳдат рушду густариши ҷомеа имконнопазир аст. Тоҷикистон солҳои 90–уми асри гузашта давраи душвор — ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида як давраи бисёр мудҳишу хатарзо барои тамоми сокинони кишвар буд. Маҳз талошу кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат буд, ки сулҳ барқарор гардида, мардуми тоҷик ба зиндагии осоишта баргаштанд.
Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ сиёсати оқилона ва дурбинона пеш бурда, пайваста мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстӣ даъват менамоянд. Бо роҳбарии он кас Тоҷикистон ба як кишвари сулҳпарвар ва рӯ ба инкишоф табдил ёфта, имрӯзҳо дар кишвар фазои оромӣ, тинҷиву осудагии хаёти бофароғати мардум ва ваҳдати комил ҳукмфармост. Ин ягонагӣ на танҳо ваҳдати ҳамзистӣ, балки Ваҳдати тамоми сокинони кишвар аст, ки ба як дастоварди сиёсӣ, арзиши маънавии ҷомеа табдил ёфтааст. Ин фазо мардумро муттаҳиду сарҷамъ намуда, барои сохтани ояндаи дурахшон замина фароҳам меорад. Ҳифз ва пойдории ваҳдат вазифаи ҳар як шаҳрванд, ҳар як сокини кишвар аст.
Ваҳдат пешрафтии ҷомеа аст ва бе ваҳдат наметавон сулҳро нигоҳ дошт, иқтисодро рушд дод ва зиндагии шоистаро таъмин намуд. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ихтилофу парокандагӣ ҷомеаро ба буҳрон меорад, аммо бо ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии миллату давлат метавон онро аз чунин мушкилоти сангин раҳо кунад, наҷот диҳад.
Яке аз омилҳои муҳимми пойдории ваҳдати миллӣ эҳтиром ба гуногунандешӣ, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари сермиллату гуногунфарҳанг тавонистааст дар асоси сиёсати таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта намунаи хуберо ба ҷаҳониён пешниҳод намояд. Ин ҳама самараи сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат аст. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари судҳҷӯ, ташаббускор ва устувор шинохта шуда, барои аксари кишварҳои ҷангзада сулҳи тоҷикон намунаи хуби омӯзиш қарор гирифтааст. Осоиши халқ, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, обрӯи байналхалқии мо, пеш аз ҳама ба таъмини волоияти қонун дар саросари мамлакат вобаста мебошад.
Раҳматова Д. А., дотсенти
кафедраи забон ва адабиёти тоҷик