Забон рукни соҳибистиқлолӣ

Забон низ яке аз муқаддасоти миллат буда, онро баробари Ватану Модар бояд эҳтиром намоем. Вобаста ба ин, Истиқлолияти давлатӣ, забон, Модар, Ватан, фарҳанг тамаддуни кўҳанбунёд мебошанд, ки моро ба сўи ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат раҳнамоӣ месозанд. Аз ин рў, ҳар кадоми онҳо барои мо аз муқаддасоти инсонӣ ва имонӣ ба шумор мераванд.             Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар афканем, мебинем, ки бар сари он чӣ мусибатҳое оварда ва зарбаҳои муҳлик ба пайкараш зада шуд. Борҳо хостанд аз реша нобуд кунанд ва бо ҳамин ният сад теша бар решапайвандаш задаанд, то фарру шукуҳи худро аз даст диҳад, вале аз ин захмҳо, чун дарахтеро, ки шохаҳояшро мезананд, ҷавонтару равонтар шуд. Аз таъсире, ки забонҳои бегона ба воситаҳои мухталиф ба забони тоҷикӣ расониданд, натанҳо асолати он коста гардида, ба таҳаввулоти сохториву маъноӣ дучор нагардид, балки таркиби луғавии он аз ҳисоби вожаву таркибҳои иқтибосӣ бою рангин шуд, ки ин далели устувориву пойдории ин рукни ҳастӣ ба шумор меравад.                                                                                                                                                                    Имрўз ба мисли забони тоҷикӣ кам забонеро метавон пайдо намуд, ки осори хаттии ҳазорсолааш ин сон равон ва шево бошад. Зеро ин гуна тақдир на ба ҳамаи забонҳо насиб гардидааст. Аз ҷумла, забони англисӣ, ки имрўз дар арсаи байналмилалӣ фазои озод дорад.                                                                 Забони тоҷикӣ хеле қадиму пурғановат ва аҳамияти оламшумул дорад. Тавассути ин забон чӣ дар гузашта ва чӣ дар замони муосир ҳазорон олимону адибони бузург асарҳои ҷовидонии худро эҷод карда, дар саҳифаҳои таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ нақши худро гузоштаанд. Хусусан, дар замони давлати бузурги тоҷикон–давлати Сомониён забони тоҷикӣ мақоми хоса дошт. Дар замони ҳукмронии сулолаҳои гуногуни давлатдорон тамоми муомилаву муносибати дохиливу хориҷии давлат, дипломатия, ҳуҷҷатнигоҳдорӣ тавассути забони тоҷикӣ сурат мегирифт.

Хуллас, ҳар фарде, ки шири модар хўрда, онро муқаддас медонад ва ба ин шири пок гоҳе савганд ёд мекунад, бояд ба забони модарии худ эҳтиром ба ҷо оварад, пуштибони он бошад ва поку беолоиш нигаҳ дорад. Бидуни донистану муқаддас бишмурдани забони модарӣ, ҳеҷ кас ба пояи мақсуди ниҳоӣ, озодӣ, соҳибихтиёрӣ, соҳибватанӣ нахоҳад расид.

 Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

 Донистани сад забон-ш осон гардад.

Мӯҳсинов Ёдгор Мирзоевич

You might also like