Ҷавонон – неруи бунёдкор ва созанда

Дар ҳар асру замон масъалаи насли наврас ва ҷавонон дар мадди аввал буд, ҳаст ва мебошад.
Оила барои ояндаи насли наврас ва ҷавонон хишти аввали бунёди касри маънавиёт ҳисобида мешавад.
Маълум аст, дар таърихи тамаддун ва фарҳанги башар ҳар як миллат рисолати азалияшро анҷом дода, дар мисири рушди он ҷойгаҳи хешро муайян месозад. Намунаи барҷастаи ин миллати тоҷик аст, ки зуҳури он пуршукуҳи илму маърифатро  рафъат бахшида, ҳамчун борони файзбахш ба рушду нумуи маорифу маданияти олам оби ҳаёт додааст. Дар гаҳвораи  тамаддуни тоҷик фарзонагоне тарбия ёфтаанд, ки натанҳо сарзамини тоҷиконро ибодатгоҳи хирадмандон сохтанд, балки донишро ҷавшани хеш намуда, башариятро ба дунболи илму маърифат кашидаанд. Дар байни ин абармардон, бузургони гузашта ва муосир ба монанди Абуабдулло Рудакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Имоми Аъзам, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Аҳмади Дониш, Унсурмаолии Кайковус, Лоиқ, Фарзона мақоми хоса касб намуда, асокаши ҳаводорони илму маърифат гашта, дар осору асарҳои худ масъалаҳои гуногуни ахлоқу одоб, расму оин, оиладорӣ, тарбияи фарзанд, таҳсили илм, омузиши касбу ҳунар, санъату варзиш, идораи мамлакат, насиҳат ва роҳнамоӣ ба ҷавонон ҳаллу фасл намудаанд.
Асарҳои машҳури Унсурмаолии Кайковус «Қобуснома» ва «Насиҳатнома» барои хурду калон, хусусан ҷавонон дар гузашта, имрузу фардо дастурамали ҳар як фарди равшанзамир ва инсони ботадбир хоҳад буд.
Нависанда дар бобҳои гуногуни асари худ ҷоҳилӣ, фиреб, худписандӣ, бадгуӣ, кинаву бахилӣ, риёву ситам барин хислатҳои зиштро маҳкум намуда, дустиву рафоқат, накукориву ростӣ, ҷавонмардию, саховатмандӣ, фурутанию беозорӣ ва дигар фазилатҳои хамидаи инсониро ситоиш ва талқин мекунад. Дар яке аз ҳикоёти худ ба ҷавонон муроҷиат намуда, мегуяд;
«Эй писар, ҳарчанд ҷавони, пирақл бош. Нагӯям, ки ҷавонӣ макун. Валекин ҷавони хештандор бош ва аз ҷавонони паҷмурда мабош, ки ҷавони шотир (чолок) некӯ бувад. Ва низ аз ҷавонони ҷоҳил мабош, ки аз шотирӣ бало нахезаду аз ҷоҳилӣ бало бошад.
Эй писар, ҳушёр бош ва ба ҷавонӣ ғарра машав. Ва нишастухез ҳам бо ҷавонон макун. Бо пирон низ муҷолисат кун ва рафиқону надимони пиру ҷавон омехта дор, ки агар ҷавоне дар мастии ҷавонӣ муҳол куна два гӯяд, пир монеи он муҳол бошад. Аз он ки пирон чизҳо донанд, ки ҷавонон надонанд.
Агарчи одати ҷавонон чунон бувад, ки бар пирон тамохара кунанд, аз он ки пиронро мӯҳтоҷи ҷавонӣ донанд ва бад-ин сабаб ҷавононро нарасанд, ки бар пирон бешӣ ҷӯянд ва беҳурматӣ кунанд. Зеро ки агар пирон дар орзуи ҷавонӣ бошанд, ҷавонон низ бешак дар орзуи пири бошанд.
Ва пир ин орзу ёфтааст ва самараи он бардошта. Ҷавонро батар, ки ин орзу бошад, ки биёбад ва бошад, ки наёбад.
Чун нек бингарӣ, ҳар ду пиру ҷавон ҳасуди якдигар бошанд, агарчӣ ҷавон хештанро донистатаини ҳама кас донад. Ту аз ҷамъи чунин ҷавонон мабош ва пиронро ҳурмат дор ва сухан бо пирон ба газоф магӯй, ки ҷавоби пирон мускит (хомӯшкунанда….) бошад.
Ва пири раъно мабош, ки гуфтаанд, ки пири раъно батар бувад ва бипарҳез аз пирони нопок….
Аммо, эй писар, ҷаҳд кун, то ба пирӣ ба як ҷо мақом кунӣ, ки ба пирӣ сафар кардан аз хирад нест».
Имруз ҷавонони мо руй ба чунин раҳнамову пандномаҳо оваранд, аз манфиат холӣ нест.
Тарбияи солими насли наврас ва ҷавонон, парвариши рӯҳиёти нек ва ахлоқӣ дар онҳо беш аз ҳама ба фазои маънавӣ – ахлоқии хонавода, муҳити солими иҷтимоӣ ва барномаи комили фарҳангӣ ва ё таълимӣ, ки ҳамсоз бо фарҳанги инсонӣ бошад, ниёз дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки имруз дар мамлакати соҳибистиқлоли мо масъалаи ҷавонон ва сиёсати  давлатии ҷавонон аз пештара дида, дар қатори масъалаҳои стратегии давлатй ва амниятии миллӣ кишвар мақоми хоса пайдо намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 апрели соли 2013) вобаста ба ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрузаи рушди давлатдориамон ибрози ақида намуда, яке аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати кунуниро «ҳалли масоили ҷавонон» номид.
Ба гуфтаҳои Сарвари кишвар, маҳз «ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқадманд, дорои нангу номуси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ» метавонанд бо ташаббускориҳои худ дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаётан муҳими кишвари соҳибихтиёри худ нақши бунёдиву созанда дошта бошанд.
Бояд қайд кард, ки Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва  сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи масъулияти падару модарон дартаълиму тарбияи фарзанд» ва ғайра ба рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон равона карда шуда, имтиёзҳои зиёдеро ба ҷавонон пешбини намуда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар ва принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи истифодаи пурсамари неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷочеа равона мешаванд, муайян мекунанд.
Ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки Асосгузори сулху вахдат, Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту машваратҳо зимни маърӯзаву суханрониҳо ба масъалаи ҷавонон махсус дахл менамоянд. Ин бесабаб нест. Зеро Сарвари кишвар дар симои насли ҷавони мамлакат ояндаи Ватанро мебинанд. Эълон намудани 23 май ҳамчун Рузи ҷавонон дар Тоҷикистон, ки аз соли 1998 инҷониб дар саросари давлатамон таҷлил мегардад ва дар Паёми навбатӣ ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 22 декабри соли 2016 эълон намудани соли 2017-Соли ҷавонон, намунае аз дасгириву ғамхории Президенти кишвар, роҳбарияту ҳукумат нисбат ба ҷавонон аст.
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо ироаи як паём ҷавонони кишварро ба Рӯзи ҷавонон табрик карда, арз доштанд, ки «рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст».
Сарвари кишвар дар паёмашон таъкид мекунад, ки «Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд .
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи паёми худ мегуянд, ки «барои ҳавасманд гардонидани ҷавонону наврасони соҳибистеъдод як қатор имтиёзҳо муқаррар намуда, ҷалби онҳоро ба корҳои идоракунии давлатӣ муҳим мешуморем.
Бо ин мақсад пешбарии ҷавононро ба вазифаҳои роҳбарикунанда чун падидаи ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома медиҳем.
Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем».
Дар идома Президент аз он изҳори таассуф мекунад, ки «вақтҳои охир баъзе ҷавонон ба ҷойи сайъу тадлши фаъолона дар роҳи илму донишандӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунар ва иштирок дар корҳои ободониву созандагӣ ба амалҳои номатлубе даст зада истодаанд, ки гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хатарнок ва ба роҳи двуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон на танҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру огоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор мебошад».
Имруз, ки давлати мо яке аз ҷавонтарин, яъне хамаги 35 сол дорад, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онхо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд.
Ҷавонон точик аз имкониятхои замони худ истифода бурда сохиби илму фарханг ва донишу тахассуси баланд гардиданд ва баъзе аз онхо дар донишгоҳҳои кишвархои Аврупову Амрико, Олмону Русия тахсил намуда истодаанд.
Умуман, кисми зиёди чавонон дар пешрафти сохахои мухталиф; варзиш, илму фарханг, маориф, технологияи коммуникатсиони, хукуку сиёсат, андозу гумрук саҳми назарраси худро гузошта истодаанд.
Бояд кайд кард, ки дар шароити кунунии ичтимоию иктисод, дастгирии маънавӣ ва муносибати содиконаи давлат, аҳли чомеа, волидайн ба ҷавонон руҳбаландӣ меоварад ва онҳо дучанд ҳаракат ба қуллаҳои мақсад менамоянд.
Ҷавонон нерӯи бузурги бунёдкору созанда мебошанд, моён метавонем ҳамеша ҷавононро барои оянда омода созем.

Атоева Мамлакат Мухторова

устоди кафедраи  забони русии ДДҲБСТ

You might also like