Барномаи фардосози даврони истиқлол

«Агар ҳадафи мо бунёд намудани давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бошад, бояд бо дастҷамъӣ рӯ ба ҷониби мактабу маориф оварем». Эмомалӣ Раҳмон.

….эълон кардани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аввали солҳои соҳибихтиёрӣ қайд карда буданд, ки: «агар ҳадафи мо бунёд намудани давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бошад, бояд бо дастҷамъӣ рӯ ба ҷониби мактабу маориф оварем».
Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбариву роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус зоҳир менамоянд.
Агар эълон намудани соли 2010-ум «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» заминаи  рушди ин соҳа бошад, эълон кардани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас мебошад.
Ин иқдоми дурнигаронаи Пешвои миллат барои ҳамқадам шудани насли наврасу ҷавони фардосози кишвар бо рушду пешрафти илму техникаи муосир нигаронида шудааст. Бунёди мактабҳои замонавӣ,  компютеркунонӣ  ва муҷаҳҳаз намудани утоқҳои лабораторӣ, ҳар як омӯзгор ва корманди соҳаро водор месозад, ки дар роҳи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, бедор намудани шавқу завқи онҳо нисбат ба омӯзиши фанҳои дақиқ кӯшиш намоянд.
Имрӯз, ки шашум соли омӯзиш сипарӣ шуда истодааст, масъулини соҳаи маориф ва роҳбарони ҳар як муассисаи таълимӣ бояд хулосабарорӣ намоянд, ки ба чӣ натиҷаҳо ноил гардиданд ва дар солҳои боқимонда чӣ бояд кард?
Мо устодони донишгоҳ тасмим гирифтаем, ки Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, онро дар амал татбиқ карда, хусусан, таълиму тарбияро аз фанҳои дақиқ ба донишҷӯён бо масъулияти ҷиддӣ омӯзонем, то ин ки дар оянда барои пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Мадина Муродова,

устоди ДДҲБСТ

You might also like