БАҲРИ ФАЗОИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР КИШВАР

Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад. Нақшаву барномаҳои қабулгардидаи маҳбуби мо доир ба рушди миллӣ, ки имрӯзу фардои миллату давлатро ба ҳам пайванд медиҳанд, бо заҳмати аҳлонаву созандаи мардуми Тоҷикистон пайгирона амалӣ шуда истодаанд. Қобили зикр аст, ки сокинони мамлакат, хусусан ба хотири истиқболи арзандаи Ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон-сисолагии Истиқлоли давлатӣ, содиқонаву софдилона заҳмат кашиданд ва ба натиҷаҳои назаррас мушарраф гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

Ҳастанд афроди гумроҳзада, ки дастовардҳои кишварро нодида мегиранд.Худбохтагону нохудогоҳон, лошахӯрони хориҷиҳо ва душманони миллату меҳани тоҷик, ки бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч ҳамеша бар сари мардуми мо, тоҷикони тоҷдор санги маломат мезананду бо ҳар роҳу воситаҳои шум иттилооти бардурӯғ ва сафасатаҳо номуайян паҳн карда, худро мӯсичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Лекин онҳо худ намедонанд, ки шағоле ҳастану лошахурӣ хориҷиҳо мебошанд. Онҳо ҳамон душманоне ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Онҳо ба монанди ҷуғзе ҳастанд, ки аз пайи вайронакориҳо ҳастанд ва мақсади онҳо танҳо ғорат ва нест кардани давлату миллат аст. Имрӯз наҳзатиҳо шаъну шарафи дар арсаи байналхалқӣ ба даст овардаи мамлакатро бо андешаҳои хиёнаткорона ва фосиқонаашон паст мезананд, вале боз нашармида худро канор мегиранду бегуноҳ меҳисобанд. Он чуноне, ки гузаштагони мо гуфтаанд, Пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад.

Дар фазои сулҳу суботи кишвар дигар афроде ҳастанд, ки мехоҳанд раванди муназзами рушди кишварро халалдор созанд.Чунончӣ Маҳмадбоқиров  аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар дастгир карда шуд. Зимнан, бояд зикр намуд, ки он ашхосе, ки ба амнияти кишвар таҳдид эҷод мекунад  фавран аз ҷониби мақомоти қудратӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Бояд гуфт, ки имрӯз дар Тоҷикистон имконият ва захираҳои бузург баҳри таъмини амну субот арзи вуҷуд доранд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки фазои сулҳу субот ва оромии кишвар халалдор гардад.

Мардуми Бадахшон мардуми ватандӯсту меҳнатдӯстанд. Саҳми сокинони ин вилоят дар ором нигоҳ доштани сулҳу суботи Ватанамон назаррас мебошад. Пас, биёед барои пойдор мондани сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ сарҷамъ бошем.

Бояд аз як гиребон сар барорем, ба фитнаву дурӯғи бегонагон дода нашуда, дар пайи ободиву осудагии кишварамон камари ҳиммат бандем. Бояд донист, ки барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар, пеш аз ҳама, зарур аст, ки оромию осоиштагиро риоя намоем. Иттиҳоду сарҷамъиро пеш бигирему барои наслҳоямон чун созандаву бунёдкор шинохта шавем.Нобасомониҳо хоси мардуми тоҷик, алалхусус мардуми Бадахшон набуду намебошад. Боварӣ дорем, ки сокинони донишманду баору номуси Бадахшон бо мардонагӣ ва ғурури кӯҳистонӣ намегузоред, ки душманон бар сари мардуми тоҷик санг партоянд. Якдилӣ ва ҳамрайъии мардуми тоҷик, аз ҷумла мардонагии ҷавонмардони бадахшонӣ қувваи бузургест, ки ободию озодӣ ва ягонагии миллати тоҷикро ҳифз мекунад.

Алимов Б.Ҳ. – мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии, ДДҲБСТ

 

You might also like