МОҲИЯТИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРҲОИ ОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 30 сол хусусан аз охири соли 1989 оғоз карда ба масъалаҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористӣ ва экстремистӣ таҷрибаи калон ба даст овардааст. Зеро даврони соҳибистиқлолиятро ба даст овардан ба мо собит сохт ки чи тавр бар зидди ҷинояткорӣ мубориза барем. Яъне, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта низ ба тафаккур ва идеологияи мо ҳамчун таассуроти манфӣ нақш бастааст. Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи базе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад. Ба моҳияти экстремизм аҳамият диҳем чунин қайд мешавад, ки:

экстремизм ин – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст;

фаъолияти экстремистӣ бошад ин – фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ, воситаҳои ахбори омма ё ташкилотҳои дигар, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр кардан ва иҷрои амалҳое, ки ба содир кардани фаъолияти экстремистӣ, ноустувор сохтани амнияти миллӣ ва қобилияти мудофиавии давлат, инчунин даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори конститутсионӣ ва ҳаракатҳое, ки ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ (мазҳабӣ) равона шудаанд;

– ташкилоти экстремистӣ – гурӯҳи муташаккили шахсон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё ташкилоти дигаре, ки нисбати онҳо қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ мавҷуд аст;

– маводи экстремистӣ – ҳуҷҷат ва иттилоот дар ҳама намуди ҳомилҳо, ки дорои мафкураи экстремизм ё даъваткунанда, сафедкунанда ё асосноккунандаи амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ мебошад, фаҳмида мешавад.

Агар ба моҳияти амали терроризм аҳамият диҳем ин амали – бевосита содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ дар шакли ба гаравгон гирифтан ва ё боздошт намудани гаравгонҳо, рабудани одамон, суиқасд ба ҳаёти арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони гурӯҳҳои миллӣ, динӣ, мазҳабӣ, нажодӣ, дигар гурӯҳҳои аҳолӣ, намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ғасб намудан, зарар расонидан ва нобуд кардани иншооти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ, амалӣ кардани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ, истифода намудан ва ё таҳдиди истифодаи таҷҳизоти тарканда, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, тарканда, кимиёвӣ ва дигар маводи заҳролудкунанда, ғасб намудан, ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёти заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, ташкили бетартибӣ ва иғвои он дар ҷойҳои серодам ва  ҷамъиятӣ, ҷойҳои маҳрум ва маҳдуд кардан аз озодӣ, ҷойҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, расонидани зарар ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, молу мулки шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ бо роҳи содир кардани садамаҳо, фоҷиаҳои техногенӣ, паҳн кардани таҳдид бо дилхоҳ восита ва тарзу усулҳо, инчунин, кирдорҳои дигари террористӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, муқаррар шудаанд, ба ҳисоб меравад.

Терроризм ин худ – мафкураи зӯроварӣ ва таъсиррасонӣ ба қабули қарори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё созмонҳои байналмилалӣ, ки бо тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар шаклҳои зӯроварии ғайриқонунӣ алоқаманд мебошад дониста мешавад.

Моҳият ва мақсадҳои амалҳоро таҳлил намуда, қазоват намудан мумкин аст, ки мақсадҳои ин ду амалҳои нангин нобут ё аз байн бурдани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ поймол кардани таъмини сулҳу субот ва амнияти байналмилалию минтақавӣ ба дунёи ваҳшоният табдил додани давлат ба ҳисоб меравад. Аммо ба ин муқобил шуда метавонанд шаҳрвандон, ташкилотҳо, ҳизбҳо, сохторҳои давлатӣ ва дигар намояндагони давлат дар якҷоягӣ. Ба воситаи такмилдиҳӣ ва мукаммалгардонии ҷанбаҳои ҳарбии ҳамкорӣ, муқовимати шадид бо терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, аз ҷумла алайҳи ҳизб ва ҳаракатҳои террористӣ ва дигар таҳдидҳо ба шумор мераванд.

 

Кабирзода Г.Қ. – омӯзгори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ

You might also like