Нақши истиқлолият дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон
Тарбия намудани ҷавонон ва наврасон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, зебоипарастӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, худогоҳӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ вазифаи ҳар яки мо падару модар ва омўзгорону устодон мебошад.
Маълум аст, ки ҳоло ҷавонон дар Тоҷикистон аксарияти кулли аҳолиро ташкил медиҳанд. Муваффақияти Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати дохили ва байналмилли дар асри XXI аз бисёр бобат бо ҳалли мушкилоти насли наврас вобаста мебошад.
Масъалаи ҷавонон имрўз зери назорати махсуси давлати соҳибистиклол мебошад. Ба ин масъала Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомали Рахмон диққати доимӣ дода, дар суханрониҳояшон нақши созандагии ҷавононро борҳо қайд намудаанд. Аз ҷумла зимни вохурӣ бо ҷавонони лаёқатманд Сарвари давлат иброз намуданд: -«Имруз, ки раванди бебозгашти сулҳу созиш ва Ваҳдати миллиро пеш гирифтаем ва зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти Истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дарк намоянд, зеро ин мафхумҳое мебошанд, ки ҳар як ҷавон дер ё зуд барои фаҳмидани мазмуни онҳо мекӯшад».
Асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон «Бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол» (Душанбе, 1997), «Ҷавонон-ояндаи миллат» (Душанбе, 1998), «Ҷавонон – созандагони фардои ҷомеа» (Душанбе, 2009), барномаи стратегии сиёсати давлатии насли наврас мебошанд. Хусусан, вохурии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон бо чавонон 21 майи соли 2005 боиси амалан ба пояи стратегии давлати ва амнияти миллии кишвар гузошта шудани масъалаи чавонон гардид.
Тибқи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» торафт робитаи оила бо мактаб беҳтар шуда, дар сифати таълиму тарбия пешравиҳо дида мешаванд. Бояд қайд кард, ки сарфи назар аз мушкилот, мақоми ҷавонон дар арсаи байналмилали афзуда истодааст, вале кори тарбия, касбомузонии онҳо на дар ҳама ҷо хуб аст. Аз ин лиҳоз дар шароите, ки прогресси илму техника дар истеҳсолот ҷори шуда истодааст, ҷавонон кор карда наметавонанд ва маҷбуранд бекориро аз сар гузаронанд.
Бояд кайд кард, ки агар дар мамлакатҳои пешрафтаи дунё нисбати касбомузӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани ҷавонон тадбирҳои мушаххас андешида шаванд, дар мамлакатҳои сусттараққикарда ин масъала ҳалли худро наёфтааст. Бинобар ин дар нооромиҳои ҷамъият ҷавонон майл менамоянд.
Ҳамин тавр, проблемаи ҷавонон хусусиятхои байналмилали дошта, ҳалли мусбати он пеш аз ҳама тавассути тарбия дар оила, ба воситаи таҳсил ва ба даст овардани маълумоти муосир ба даст меояд ва ба пешрафти ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.
Тоҷикистонро мамлакати ҷавонон меноманд, чунки дар он аксари аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин аз тарбия, касбомузӣ, бо кор таъмин кардани ҷавонон ва дуруст ҷо ба ҷо намудани кадрҳои лаёқатнок ояндаи ҷумҳурии соҳибистиқлол муайян мешавад.
Шумораи умумии шаҳрвандони то 30-солаи кишвар беш аз 5 миллиону 800 нафар, яъне 70 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад.
Барои ҷомаи амал пушидани масоили ҷавонон дар ҷумҳури Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» (5 октябри соли 1998), «Консепсияи миллии тарбия» (3 марти соли 2006) қабул шудааст, ки дар он самтҳои асосии кор бо насли наврас муайян гардидаанд. Дар татбиқи ин барнома Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъба оид ба сиёсати ҷавонони назди Дастгоҳи ироияи Президенти Тоҷикистон бевосита машғуланд.
Дар амалӣ гардонидани барномаи ҷавонон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои сершумори насли наврас кӯшиш менамоянд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ иттиҳодияҳои зерин фаъолият мекунанд: Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, Фонди тарбияи эстетикӣ ва маънавии наврасон ва ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷавонӣ», Шӯрои ҷумҳуриявии олимон ва мутахассисони ҷавон, Ассотсиатсияи ҳуқуқдонҳои ҷавони Тоҷикистон, Ассотсиатсияи донишҷуёни тибби Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатии «Нидои дустон», «Фидокор», «Парастор», Маркази экологии ҷавонон, Хазинаи хайрияи «Сарпараст», Иттиҳодияи «Ҷомеа ва ҳуқуқи кудакон» ва ғайра баҳри татбиқи Созишномаи сулҳ, ризояти миллӣ, инчунин, ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат фаъолият карда, саҳми худро дар бартараф кардани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодию – иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳанги мегузоранд.
Дар Тоҷикистон барои баланд бардоштани савияи фарҳанги техникии ҷавонон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар ин бора таъсиси стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умуми, литсейҳо, гимназияҳо, омузишгоҳҳои касби-техникӣ, техникумҳо ва коллечҳо шаҳодат медиҳад.
Аз соли 2013 ба ҳамаи кудакону наврасон ва донишҷуёне, ки аз падар ва ҳам модар ятим мондаанд, кумаки модди расонда мешавад.
Яке аз самтҳои татбиқи Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» самаранок истифода бурдани таҷрибаи муфиди кори тарбиявии насли наврас мебошад. Бо ин мақсад Шурои куҳансолони Ҷамъияти мутобиқати «Пайрав» дар назди Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, мунтазам масъалаҳои назарияви ва амалии ватандустии насли наврасро барраси мекунад, тавсияҳои муфид пешниҳод карда, дар татбқи онҳо кӯмак мерасонад.
Азбаски асри XXI асри прогресси техника ва технологияи пешқадам мебошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомали Раҳмон аз 20-уми марти соли 1998 чоизаи ба номи Исмоили Сомони барои олимони чавоне, ки дар сохаи илм ва техника корхои намоёнро анҷом медиҳанд, таъсис ёфт.
Аммо кори тарбиявии байни ҷавонон нишон медиҳад, ки ҳануз ҳам фоизи авбоши, дузди ва нашъамандии насли наврас кам нашудааст. Хусусан, бекори ва сатҳи пасти фарҳанги сиёсии ҷавонон ташвишовар мебошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки камолоти ақлонии фарзанд ва сифатҳои хуби инсонӣ дар зеҳну шуури ӯ танҳо тавассути тарбия ташаккул меёбад, ки барои ноил шудан ба он волидайн бояд бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ, ки фарзандашон таҳсил мекунад, ҳамкории хуб дошта бошанд.
Барномаи ҷумҳури доир ба кори байни ҷавонон ҳамон вақт ҷомаи амал мепушад, ки агар ҳамаи шаҳрвандон, ҳизбу созмонҳо насли наврасро дар руҳияи ифтихори милли ва ахлоқи ҳамида тарбия намоянд.
Ҳадафи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф, пеш аз ҳама, гузоштани заминаи устувор барои эъмори ҷомеаи пешрафта ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон мебошад. Зеро бунёди ҷомеаи муосир ва давлати пешрафта бидуни насли соҳибмаърифат, хушахлоқ ва дорои беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ғайриимкон буда масъалаи мазкур пеш аз ҳама ба души устодону омӯзгорон вогузор шудааст.
Аз ин лиҳоз вазифаи муҳимми ҳар як шахси масъули соҳаи маориф аз он иборат аст, ки барои таълиму тарбияи насли босаводу бомаърифат ва хештаншиносу ватандӯст саҳми фаъол гузошта, рисолати устод ва омӯзгорро софдилона ва аз сидқи дил анҷом диҳад.
Ачилова Дилором Исмоиловна,
мудири шуъбаи забономӯзӣ ва курсҳои тайёрӣ