Ҷавонон – пояи устувори фардои миллат
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳамасола аз санаи 01 май то санаи 31 май дар кишвари азизамон моҳи ҷавонон аст ва доир ба ин моҳвораи ҷавонон як қатор чорабиниҳои сатҳи баланд дар кишвари азизу маҳбубамон Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ҷавонон дар сиёсати давлатӣ ва иҷтимоии ҳар як кишвар мавқеи калидӣ доранд. Дар таҷрибаи давлатдории муосир собит гардидааст, ки ояндаи устувори давлат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии насли наврасу ҷавон вобастагии мустақим дорад. Маҳз ҳамин маънӣ дар суханрониҳо ва сиёсати пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок таъкид мегардад. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар марҳилаи муҳимми таърихӣ қарор дорад. Ин марҳила аз ҳар як шаҳрванд, махсусан аз ҷавонон, масъулияти баланд, донишандӯзӣ ва саҳми фаъолро талаб мекунад. Зеро давлат танҳо бо захираҳои табиӣ ё инфрасохтор рушд намекунад он пеш аз ҳама бо инсон, бо тафаккури инсон ва бо нерӯи зеҳнии ҷавонон низ пеш меравад.
Ҷавонон қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи ҷомеа мебошанд. Онҳо қодиранд бо андешаи тоза, нерӯи созанда ва рӯҳияи ҷустуҷӯгарона самтҳои нави рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро муайян намоянд. Аммо ин нерӯ худ аз худ ба самар намеояд он бояд бо дониш, тарбия ва муҳити солим ташаккул ёбад. Дар ҳамин замина давлат сиёсати ҷавононро ҳамчун самти стратегии рушди кишвар муайян намудааст. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳамеша таъкид мегардад, ин донишандӯзии ҷавонон аст. Дониш пояи асосии пешрафт мебошад ва ҷомеае, ки ба илм ва маърифат такя мекунад, ҳатман ба тараққӣ мерасад. Мо ҷавонон бояд дарк намоем, ки дар ҷаҳони муосир танҳо он нафар муваффақ мегардад, ки бо дониш, забондон будан, ва малакаҳои касбии муосир мусаллаҳ бошад. Бинобар ин, таҳсил бояд на ҳамчун вазифа, балки ҳамчун ниёз ва рисолати ҳаётӣ дарк гардад.
Дар баробари дониш, масъалаи муҳимми дигар тарбияи ватандӯстӣ мебошад. Ватандӯстӣ танҳо дар сухан ифода намеёбад, балки дар амал, дар рафтор ва дар хизмат ба ҷомеа таҷассум меёбад, ҷавони ватандӯст ҳамеша манфиати давлат ва ҷомеаро аз манфиати шахсӣ болотар мегузорад, қонунро эҳтиром мекунад, арзишҳои миллиро ҳифз менамояд ва дар ободии кишвар саҳм мегузорад. Дар сиёсати давлатдорӣ ҳамеша таъкид мегардад, ки насли ҷавон бояд дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ифтихор аз таъриху фарҳанги аҷдодӣ тарбия ёбад. Зеро миллате, ки таърихи худро мешиносад, ояндаи худро бо эътимод месозад. Ҳифзи забони давлатӣ, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи унсурҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб мераванд. Ҷавонон инчунин дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим доранд. Иштироки фаъол дар ҳаёти иҷтимоӣ, ташаббусҳои созанда, корҳои ободонӣ ва фаъолияти волонтёрӣ на танҳо ба ҷомеа фоида меоранд, балки худи ҷавононро низ ҳамчун шахсиятҳои комил ташаккул медиҳанд. Ҷомеаи солим ҳамон ҷомеаест, ки ҷавонони он бетафовут нестанд, балки фаъолона иштирок мекунанд ва масъулият эҳсос менамоянд. Ҳамзамон, бояд эътироф кард, ки ҷаҳони муосир бо худ як қатор таҳдидҳо ва мушкилот низ дорад. Таъсири равандҳои манфии ҷаҳонишавӣ, паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, истифодаи нодурусти интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ба тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, ҳушёрии сиёсӣ, зиракии иҷтимоӣ ва устувории фикрӣ барои ҷавонон имрӯз аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Давлат дар баробари ин, барои дастгирии ҷавонон шароити мусоид фароҳам овардааст аз ҷумлаи сохтмони муассисаҳои таълимӣ, таъсиси марказҳои омӯзишӣ, дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ, фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар. Ҳамаи ин ба он равона шудааст, ки насли ҷавон босавод, соҳибкасб ва рақобатпазир гардад. Аммо ҳамаи ин имкониятҳо танҳо дар сурате натиҷа медиҳанд, ки худи ҷавонон масъулият эҳсос намоянд. Дар баробари ин, масъалаи ахлоқ ва маънавият низ аҳамияти калон дорад, ҷавони комил на танҳо соҳибдониш, балки соҳибахлоқ низ мебошад. Эҳтироми калонсолон, садоқат ба волидайн, риояи арзишҳои инсонӣ ва масъулиятшиносӣ унсурҳое мебошанд, ки шахсияти ҷавонро ташаккул медиҳанд.
Мо ҷавонон инчунин бояд дарк намоем, ки ҳар як қадами мо ба ояндаи миллат таъсир мерасонад. Бинобар ин, бетафовутӣ ба сарнавишти ҷомеа ҷой надорад. Ҳар як ташаббуси созанда, ҳар як кори неку ҳар як амал дар роҳи ободии кишвар саҳм дар бунёди фардои устувор мебошад. Хулоса, ҷавонон қувваи бузург ва такягоҳи асосии давлат мебошанд. Аз сатҳи дониш, масъулият ва худшиносии онҳо ояндаи миллат вобаста аст. Агар ҷавонон бо иродаи қавӣ, меҳнати содиқона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ фаъолият намоянд, давлат ба сӯи пешрафт ва шукуфоӣ бозҳам устуворонатар қадам мегузорад. Ҷавонон натанҳо оянда, балки имрӯз ва фардои миллатанд ва маҳз дар дасти онҳо фардои дурахшони Тоҷикистон бунёд мегардад.
Аҳлиддин Умаров, донишҷӯи курси якуми
факултети ҳуқуқшиносӣ, аъзои маҳфили
“Пайравони Пешвои миллат” – и назди ДДҲБСТ