Муқовимат ба коррупсия ҳамчун омили муҳимми рушди устувори иқтисоди миллӣ

Дар шароити рушди иқтисодиёти муосир масъалаи муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Коррупсия ба сифати падидаи манфии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Тибқи назарияи рушди институтсионалӣ, сифати институтҳои давлатӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мубориза бар зидди коррупсия ба яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Бо ин мақсад як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 татбиқ карда мешавад.
Коррупсия ба рушди иқтисодӣ аз чанд ҷиҳат таъсири манфӣ мерасонад. Пеш аз ҳама, он боиси афзоиши хароҷоти соҳибкорон ва коҳиши самаранокии истифодаи захираҳои иқтисодӣ мегардад. Дар натиҷа рақобати солим халалдор шуда, имкониятҳои рушди соҳибкории хурду миёна маҳдуд мешаванд.
Яке аз паёмадҳои асосии коррупсия паст шудани ҷолибияти сармоягузории кишвар мебошад. Сармоягузорони хориҷӣ бештар ба кишварҳое таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ки дар онҳо принсипҳои волоияти қонун, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ риоя мегарданд. Аз ин рӯ, паст намудани сатҳи коррупсия барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти калон дорад. Коррупсия инчунин ба даромади буҷети давлатӣ таъсири манфӣ расонида, имкониятҳои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро маҳдуд менамояд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки муборизаи самаранок бо коррупсия бояд хусусияти маҷмӯӣ дошта бошад. Дар ин раванд истифодаи механизмҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти махсус дорад.
Яке аз самтҳои муҳим такмили заминаи ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия мебошад. Қонунгузории миллӣ бояд ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардида, ҷавобгариро барои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ тақвият диҳад.
Самти дигари муҳим рушди ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ мебошад. Истифодаи технологияҳои рақамӣ сатҳи шаффофиятро баланд бардошта, омилҳои коррупсиониро коҳиш медиҳад. Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими арзёбии сатҳи коррупсия дар ҷаҳон Индекси дарки коррупсия (Corruption Perceptions Index – CPI) мебошад, ки аз ҷониби ташкилоти зиддикоррупсионӣ таҳия мегардад. Тибқи маълумоти солҳои охир, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои шаффофият ва муқовимат ба коррупсия тадбирҳои мушаххас амалӣ намуда истодааст
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст гардидани сатҳи коррупсия метавонад ба афзоиши сармоягузории хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат намояд. Тибқи баҳодиҳии коршиносон, ҳатто 1–2 банди беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои шаффофият метавонад ба афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ ва фаъолияти иқтисодӣ таъсири мусбат расонад.
Ҳамин тариқ, натиҷаҳои таҳлил нишон медиҳанд, ки сиёсати самараноки зиддикоррупсионӣ метавонад ҳамчун омили муҳими рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ хизмат намояд.
Ҳамзамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа аҳамияти муҳим дорад. Ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои маърифатӣ метавонад барои ташаккули муносибати оштинопазир нисбат ба коррупсия мусоидат намояд.
Муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар ташаккули арзишҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии ҷавонон нақши калидӣ доранд. Дар раванди таълим ва тарбия донишҷӯён бояд дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, адолат ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия карда шаванд.
Ташкили конференсияҳои илмӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва озмунҳои донишҷӯён оид ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия ба баланд гардидани сатҳи огоҳии ҷавонон мусоидат менамояд. Илова бар ин, таъмини шаффофият дар раванди таълим ва баҳогузорӣ яке аз омилҳои муҳими пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар муҳити донишгоҳӣ мебошад.
Барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас зарур аст, ки чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва маърифатӣ дар ҳамбастагӣ амалӣ гарданд. Дар ин раванд саҳми муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон низ хеле муҳим мебошад.
Ҳамин тавр, муқовимат ба коррупсия яке аз шартҳои асосии рушди устувори иқтисоди миллӣ ба шумор меравад. Паст намудани сатҳи коррупсия ба беҳтар гардидани муҳити соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ ва рушди рақобати солим мусоидат мекунад.

Абдуллоева Адолатҷон Толибҷоновна
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент,
мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ

You might also like