Консепсияи миллии тарбия – омили ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва тарбияи насли созанда
Таълиму тарбия равандест, ки бояд дар якҷоягӣ ба роҳ монда шуда, он пайваста зина ба зина амалӣ карда шавад. Воқеаҳои замони муосир бори дигар собит мекунад, ки сари вақт таълиму тарбияи дуруст надодан ба фарзандон, инкишоф надодани тафаккур ва ҷаҳонбинии онҳо оқибати ногуворро ба бор меоварад.
Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ барои рушду ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, тадбирҳои зиёде ба тасвиб расид, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Старатегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020», Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ғайра. Ҳамаи ин санаду барномаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба ин қишри иҷтимоии ҷомеа ҷиддист. Зеро тарбияи насли наврас, махсусан, ҷавонон яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ба шумор рафта, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии тамоми давлатҳои дунё ба он вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, тарбияи наврасону ҷавонон, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон нақш ва мақоми ҷавононро дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг муҳим арзёбӣ намуда, чунин таъкид намуданд: “Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд”.
Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад.
“Консепсияи миллии тарбия” сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар самти тарбияи миллӣ ва инчунин, таълиму тарбияи фарзанд муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад. Мақсади асосии он тарбияи шахсияти комил, худогоҳ, ватандӯст ва дорои фарҳанги баланди шаҳрвандӣ мебошад.
Самтҳои муҳимми “Консепсияи миллии тарбия” тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ; тарбияи ахлоқию маънавӣ; тарбияи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ; тарбияи зебоипарастӣ ва фарҳангӣ; тарбияи меҳнатӣ ва иқтисодӣ; рушди тафаккури илмӣ ва инноватсионӣ мебошанд. Татбиқи самараноки ин самтҳо барои ташаккули насли рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи муосир мусоидат менамояд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки “!Консепсияи миллии тарбия” тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши фазои иттилоотӣ нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии миллат аҳаммияти махсус пайдо кардааст. Аз ин рӯ, “Консепсияи миллии тарбия” ташаккули эҳсоси ифтихор аз давлатдорӣ, забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллиро ҳамчун вазифаи муҳимми низоми тарбия муайян менамояд.
Хештаншиносӣ низ ҳамчун раванди дарки шахсият аз мансубияти миллӣ, фарҳангӣ ва таърихии худ маънидод гардида, ба ташаккули мавқеи устувори шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Шахсе, ки таърихи миллат, арзишҳои фарҳангӣ ва дастовардҳои гузаштагони худро медонад, дар ҳифз ва рушди онҳо масъулияти бештар эҳсос менамояд. Аз ҳамин ҷиҳат, омӯзиши таърихи давлатдорӣ, осори илмиву адабӣ ва мероси фарҳангии ниёгон яке аз воситаҳои муҳими баланд бардоштани худогоҳии миллӣ ба шумор меравад.
Худогоҳии миллӣ дар “Консепсияи миллии тарбия” ҳамчун омили таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа арзёбӣ шудааст. Ин мафҳум дар худ эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, садоқат ба Ватан, масъулиятшиносӣ нисбат ба сарнавишти давлат ва омодагӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатиро таҷассум менамояд. Ҷавонони дорои худогоҳии баланди миллӣ метавонанд дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Дар ин замина, баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон низ аҳамияти калон дорад. Консепсия пешбинӣ менамояд, ки ҷавонон бояд аз ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандии худ огоҳ бошанд, қонунҳоро эҳтиром намоянд ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кунанд. Чунин тарбия барои пешгирии таъсири ғояҳои бегона, ифротгароӣ ва дигар падидаҳои номатлуб мусоидат менамояд.
Тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, инчунин тавассути эҳтиром ба забони давлатӣ амалӣ мегардад. Забон низ ҳамчун рукни асосии ҳастии миллат дар ташаккули тафаккур, фарҳанг ва ҷаҳонбинии ҷавонон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, рушди фарҳанги суханварӣ, омӯзиши амиқи забони давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавии миллат аз вазифаҳои муҳими низоми тарбия маҳсуб меёбанд. Хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ ҳамчун ҷузъи таркибии “Консепсияи миллии тарбия” барои ташаккули шахсияти соҳибватан, масъулиятшинос, фарҳангдӯст ва ҳомии манфиатҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа нақши муассир мегузоранд.
Ҳамзамон дар ин раванд, таҳкурсии ҳуқуқии таҳкими санадҳои меъёрӣ оид ба тарбияи насли созандаю бунёдкор, иттилоотикунонии ҷомеа ва самтҳои идоракунии таъсири он баҳри тарбияи солими насли ҷавон, амалишавии “Консепсияи миллии тарбия” дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо, нақши озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст…” ва “Илм – фурӯғи маърифат” дар тарбияи ғоявӣ, миллӣ, ахлоқию маънавӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, гуманистӣ, зебоипарастӣ, инчунин, асосҳои иқтисодии тайёр намудани сармояи инсонӣ дар низоми тарбияи насли наврас ва ҷавонон аз мавзуъҳои мубрами “Консепсияи миллии тарбия” буда, баҳри рушди фарҳангу маданияти миллӣ, таърих, забон, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти давлат ва ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона гардидааст.
Ҳамин тавр, дар шароити таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷаҳони муосир масъалаи тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳаммияти стратегӣ дорад. “Консепсияи миллии тарбия” ҳамчун санади муҳими давлатӣ барои ташаккули шахсияти соҳибмаърифат, худшинос ва ватандӯст заминаи устувор фароҳам меорад.
Охунҷонова Н.Р.,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент,
мудири шуъбаи табъу нашри нашриёти “Дабир