ТАБРИКОТИ ректор, профессор  Шарифзода Муъмин Машокир ба муносибати Рўзи Модар

Бонувони арҷманд, модарону хоҳарони гиромӣ!

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созанда дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд. Ба ин маънӣ Сарвари давлат  таъкид доштанд: “Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем”

Воқеан, имрӯз нақши занону бонувони кишварамон дар таъмини пешрафти давлат, сулҳу субот, ободии Ватан,  тарбияи насли солим, соҳиби касбу ҳунар ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, муқовимат бар зидди ифротгароиву хурофотпарастӣ басо назаррас буда, ин рисолати бузургро бо камоли масъулият иҷро мекунанд, ки боиси ифтихору арҷгузорист.

Ҳукумати мамлакат ба сарнавишти занону духтарон, фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ, соҳиби касбу ҳунар гардидан ва  баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занону бонувон таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд. Ин иқдоми шоиста илҳомбахши кору пайкори занону бонувон гардида, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат  баробари мардон саъю талош меварзанд.  Мисоли барҷастаи инро дар симои занону бонувони маъвои саодати маънавиамон қиёс мекунем. Зикр кардан ҷоиз аст, ки дар оғози таъсиси донишгоҳ 8 нафар занону бонувон фаъолият доштанд, ки 3 нафарашон соҳибунвон буданд. Имрӯз  теъдоди онҳо 288 нафарро ташкил медиҳад, ки 63 нафарашон соҳибунвон мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки аз ҳайати профессорону омўзгорони донишгоҳамон 32 нафар занону бонувон соҳиби унвони  Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, роҳбарии бештари сохторҳои раёсату  садорати факултетҳо ва кормандони таълимию  ёрирасонро занон ба зимма доранд.

Ба ин маънӣ, имрўз зани тоҷик на танҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ѓамхори ҳамешагии оила аст, ҳамзамон пеш аз ҳама шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаю бунёдгари давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократии мост.

Имрӯз сафи донишҷӯйдухтарони донишгоҳ аз 27 нафари оғози фаъолияти донишгоҳ ба  2805 нафар расидааст.  Ё худ, агар теъдоди аввалин хатмкунандагон аз ҳисоби донишҷӯдухтарон 17 нафарро ташкил медод, соли сипарӣ теъдоди донишҷӯйдухтароне, ки донишгоҳро хатм карданд, беш аз 500 нафарро ташкил медиҳад.

Дастовардҳои занону бонувони донишгоҳ аз эътибору дастгирии пайвастаи Сарвари давлат нисбати  занону бонувон ва  саъю талоши судманди Шумо дар марҳилаи имрўзаи соҳаи илму маориф бобати тайёр намудани мутахассисони соҳибтахассус арзёбӣ мегардад.  Боэътимод зикр медорам, ки  дастовардҳои беназире, ки мо ноил мегардем,  ба нерўи бузурги ақлонию зеҳнии Шумо – модарону хоҳарони азиз  ҳамбастагии қавӣ дорад.  Изҳори умеду боварӣ мекунам,  ки минбаъд низ бо меҳнати босуботу софдилона саҳми сазовори худро дар пешрафти самтҳои мухталифи фаъолияти боргоҳи маърифатамон гузошта меоед.

Занону модарони тоҷик бо покиву ҳамидагӣ, таҳаммулу хушрафториашон намунаи ибрати дигаронанд. Зиндагинома ва фаъолияти доманадори онҳо дар ҷабҳаҳои мухталифи халқ, саҳми назаррасу беназирашон дар рушду нумўи фарҳангу тамаддун, маърифату  заковати баландашон дар роҳи таълиму тарбияи наслҳо, дар руҳияи ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳуввияти миллӣ, намунаи олии ҳаёти солим ва пурифтихори дирўзу имрўз ва фардост. Дар симои Шумо – бонувони муҳтарами донишгоҳ ҳамаи ин хислату хусусиятҳои наҷибро дида, як ҷаҳон ифтихор мекунам. Аз он меболам, ки ҷомеаи меҳнатии моро чунин занони барўманду сарбаланд файзу нусрати тоза мебахшанд.

Дар ин лаҳзаҳои хотирмон бо камоли эҳтирому шодмонӣ ва як ҷаҳон ифтихор ҳар яки Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми модарону бонувони азизро сидқан табрику муборакбод намуда, бароятон тандурустиву саодати рӯзгор, бахту иқболи баланд ва дар корҳои таълиму тарбиявӣ ва илмиатон комёбиҳои бепоён таманно дорам.

 

You might also like