Кинаи Кабирӣ аз рушди ҷомеаи Тоҷикистон
Яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз рукнӽои ҷомеаи шаӽрвандии мо маӽсуб ёфта, нақши ҷавононро дар ташаккули ҷомеаи шаӽрвандӣ муайян менамояд. Моҳи майи соли 2021 мулоқоти Пешвои миллат доир гардид, ки дар он ҷанбаҳои асосии давлату ҳукумат доир ба дастгирии муҳокима гардид.
Дар марҳилаи минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо аз қабили стипендияҳои Президентӣ, Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон, Грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон», ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеҳову гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад. Аз ин бар меояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр тадбирҳои муҳим оид ба роҳандози намудани сиёсати ҷавонон оварда истодааст.
Вобаста ба суханҳои Кабирӣ барои он, ки ҳар як суханҳо ва мулоқотҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамааш маълумотҳои нодуруст мебошад, ки гуфтаҳои дуруғи Кабирӣ душмани халқ мебошад. Мақсади Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ бо ин маводи иғвоангез дар байни ҷавонону наврасон барангехтани кинаву адолати миллӣ мебошад. Вай доимо маълумотҳои иғвоангезонаро гуфта халқи тоҷикро ба роҳи каҷ мехоҳад барад. Лекин ҷавонони мо ҷавонони солҳои 1990 намуда он дар арсаи ҳиссии ватандўстӣ тарбия ёфтааст.
Тавре Сарвари давлат зикр намуданд: “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.
Кабирӣ фақат мехоҳад, ки ба мардуми тоҷик суханҳои дурўѓ ба фиттаовар гўяд, пас ба ў суол дода мешавад, ки аз ҷониби худи ў ё ин, ки аз ҷониби ҳизби таъсис додаи ў барои халқи тоҷик ва ҷавонони халқи тоҷик чӣ корҳо ба иҷро расонида шудааст. Ҳоло мо мебинем, ки аз ҷониби Ҳукумати ҶТ, якчанд мактабҳои олӣ сохта шуда истодааст, лекин аз ҷониби ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ ягон мактабҳои олӣ дар давраи фаъолияташ ҳамчун ҳизб сохта нашудааст. Аз ин бар меояд, ки Кабирӣ ҳамчун душмани халқ мақсади давлати моро ноором намуданро дорад ва намехоҳад, ки мо ҳамчун халқи тоҷик давлати соҳибистиқлоли худро бунёд накунем.
Хулосаи гуфтаҳои ман чунин мебошад, ки мардуми Тоҷикистон махсусан ҷавонону донишҷўён муқобили ТЭТ ҲНИ ва Кабирӣ мебошанд. Мо сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро дастгирӣ менамоем ва кўшиш мекунем, ки давлати мо обод бошад. Барои ободии миллат кўшиш намуда саҳми худро дар ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол меандешем.
Ахмедов Н.И. – н.и.ҳ., дотсент, мудири
кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика
ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ