НАҚШИ ҲАЁТБАХШИ ҶАВОНОН ДАР МУСТАҲКАМГАРДОНИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

     Истиқлолияти давлатӣ, ки дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун як ҳодисаи бунёдӣ арзёбӣ мегардад, барои ташаккули давлатдории миллӣ ва таҳкими ҳуввияти миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Нигоҳдории ин дастоварди таърихӣ масъулияти наслҳои имрӯзаро, ба хусус ҷавононро, афзун мегардонад. Таърихи тӯлонии халқи тоҷик аз лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсоз иборат буда, шикасти давлати Сомониён нишондиҳандаи талафоти давлатдории миллӣ буд. Аз ин рӯ, ба даст овардани истиқлолият баъд аз асрҳо мубориза барои ҳифзи забон, фарҳанг ва ҳуввияти миллӣ, имконияти беназиреро барои ташаккул ва рушди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд фароҳам овард.

Рушди минбаъдаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, ки аз рукнҳои асосии давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро талаб менамояд. Дар ин раванд, нақши ҷавонон ҳамчун омили калидии рушд ва меъмори ҷомеаи муосир бисёр муҳим мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ, ки 70 фоизи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, онҳо захираи стратегии инсонии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Таҳлили паёмҳо ва мулоқотҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар менамоянд. Ин таваҷҷӯҳ дар таҳкими нақши ҷомеа дар таълиму тарбияи ҷавонон, таблиғи ғояҳои асосии миллӣ, садоқат ба Ватан, нангу номуси миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон зоҳир мегардад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» низ ба нерӯ ва дониши ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, онҳоро омили асосии пешрафти кишвар медонад.

Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи созандаи Ватан ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ҷавонони кишвар дар рушди давлат, ободии Ватан, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва садоқат ба халқу давлати Тоҷикистон саҳми фаъолона мегузоранд.

Инчунин, дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ ба дӯши ҷавонон аст, ки бо пирӯзиҳои худ дар арсаи байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро парафшонӣ мекунанд. Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, зеро онҳо шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ, тадбирҳои мушаххас баҳри беҳбудии шароити зиндагии ҷавонон андешида шудаанд. Тақсими 140 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 52 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обӣ, ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оила, ки қисми асосии он ба оилаҳои ҷавон рост меояд, нишондиҳандаи таваҷҷӯҳи давлат мебошад. Дар маҷмӯъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматии худро беҳтар кардаанд, ки аксари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд. Ин иқдом ба таҳкими заминаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонон мусоидат мекунад.

Яке аз тадбирҳои муҳимтарини амалишуда дар замони соҳибистиқлолӣ ин оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим мебошад. Ин тадбир барои тандурустии аҳли ҷомеа ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ аҳамияти калон дорад. Дар ин давра 11 ҳазор иншооти нави варзишӣ бунёд гардид, ки асосан барои ҷавонон пешбинӣ шудаанд. Дар тайи солҳои 2011-2018 қариб 2200 иншооти соҳаи варзиш бунёд ва 1059 иншоот таъмиру таҷдид гардида, шумораи имсолаи он пешравии самти мазкурро нишон медиҳад.

Рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат шинохта шуда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад. Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда баёнгари самаранокии сармоягузорӣ ба соҳаи варзиш ва дастгирии ҷавонон мебошад. Дар Бозиҳои Олимпӣ – 2024 дастаи Тоҷикистон соҳиби се медал гардиданд, ки ин беҳтарин натиҷа аз рӯи шумораи ҷоизаҳо дар Олимпиадаҳо ба шумор меравад.

Ҷавонони мо, ҳамчун давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи давлат ба ҳисоб рафта, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат шинохта шудааст. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ 1 миллиону 48 ҳазор нафар ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардидаанд. Иштироки фаъолонаи ҷавонон дар сохтмони нерӯгоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, далели равшани саҳми онҳо дар бунёдкориву созандагӣ мебошад.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» то имрӯз 2 миллиону 60 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар, хусусан, наврасону ҷавонон иштирок карда, қариб 1000 нафар соҳиби шоҳҷоиза, ҷойҳои намунавӣ ва ҷоизаҳои пулӣ гардидаанд. Тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи ҷавонон дар меҳвари асосии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ҳар баромаду суханрониҳояшон доир ба ҷавонон изҳори назар менамоянд. Амалишавӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат боиси рушду пешрафт ва тараққии ҳамаи самтҳо гардида, ба беҳтар шудани кору фаъолият ва сатҳи зиндагии ҳар фарди соҳибхирад, баробари ҷавонон, мусоидат менамояд.

 

Шарипова Таҳмина Маликовна

муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамиятӣ

You might also like