Рисолати ҷавонони Ватан

Сиёсати давлатии ҷавонон аз рўзҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷўҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сиёсати давлатиро дар бахши ҷавонон, тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ меҳисобанд. Қабули чандин санадҳо доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, таъсис додани ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,                    расман эълон гардидани Рӯзи ҷавонон, эълон гардидани Соли ҷавонон, мунтазам роҳандозии фестивалҳои дӯстии ҷавонон, Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 май аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол муқаррар гардида, дар рӯйхати рӯзҳо ва ҳафтаҳои байналмилалии ин созмони бонуфуз ҷой дода шуд, аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати расидан ба чунин ҳадафҳои шоиста арзёбӣ мегардад. Воқеан, ҷавонон – ворисони асилу арзандаи миллат, нерўи бузурги  бунёдкориву ояндасози давлат,  қишри ҳассосу баландпарвози ҷомеа, созандагону имрўзу фардо, манбаи ғояҳои нав, идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи худ, ташаббускору қувваи пешбаранда ва сарвати миллӣ ба ҳисоб мераванд. Ин аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон такя намуда, онҳоро “умеди фардо, захираи тиллоӣ ва стратегии давлату миллат” ном мебаранд.

Имрўз ҷавонон бо шинохту дарки рисолати таърихии хеш, барои мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагӣ дар кишвар саҳм мегузоранд. Бо истифода аз шароиту орому осудаи кишвар пажўҳишгарони ҷавон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пардохта, мунтазам рисолаҳои номзадиву докторӣ дифоъ менамоянд.

Ҷавонони саодатманди кишвар имрўз пайрави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҳастанд ва ин пайравии хешро баръало дар фаъолияти мухталифи хеш собит менамоянд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор дода, ҷиҳати рушди ҳамаҷониба ва ба ин васила, саҳмгузории ҷавононро дар татбиқи барномаҳои мухталифи Ҳукумати кишварамон таъмин менамояд. Ҷавонон- донишҷӯён аз чунин таваҷҷӯҳ илҳоми тоза гирифта, беш аз пеш ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

Имрӯз ҷавонони мо бо андешаҳои созанда, тафаккури бунёдкорона дар раванди муҳорибаҳои иттилоотӣ, ки хусусияти муосири муборизаҳои сиёсии субъектони муносибатҳои байналмилалиро ташкил медиҳад, саҳми арзанда гузошта ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025» чораҳои заруриро меандешанд.

Додани вокунишҳои саривақтӣ ба масъалаҳои мубрами рўз саҳмгузорӣ менамоянд, ки ин ҳама ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандўстӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию  худогоҳии муҳассилин, тарғиби арзишҳои миллӣ ва дар маҷмўъ, баҳри сифатан беҳтар намудани кори тарбия роҳандозӣ мешаванд.

Ҳамин тариқ, мактабҳои олии кишвар рисолати хешро дар ҳамон вақт анҷом хоҳанд дод, ки ҷавононро дар руҳияи хуштаншиносӣ, ватандўстӣ ва ифтихори давлату давлатдорӣ тарбия намуда, онҳоро ба омўзиши илму маърифат, аз бар намудани касбу ҳунар, таҳкими ваҳдати миллӣ ҳидоят намоянд. Сониян, ин қишри созандаву бунёдкори ҷомеа  метавонад дар роҳи бунёди давлати навини тоҷикон такягоҳи устувор гардида, бо ин васила нуфузу иқтидори Тоҷикистонро боз ҳам боло бардорад.

Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор дода, ҷиҳати рушди ҳамаҷониба  ва ба ин васила, саҳмгузории ҷавононро дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишварамон таъмин менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like